ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАР – САРОҒОЗИ ҲАСТИИ БАШАР

МОДАР – САРОҒОЗИ ҲАСТИИ БАШАР

10 март 2023, Ҷумъа
1 107
0

 
Вақте ки вожаи муқаддаси “модар”-ро ба забон меорем, қабл аз ҳама, пеши назар симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи Замин ва сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва дар маҷмуъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад. Зеро, агар Хуршед бо анвори хеш ҷаҳонро файзу рӯшноӣ ва хуррамӣ бахшад, пас, меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан-модар нури зиндагии инсон, сарчашмаи саршори рӯзгор ва ободию осудагии ҳар хонавода маҳсуб меёбад. 
Калимаи “модар”, ки аз панҷ ҳарф иборат аст, ба назари ман, ифодагари панҷ унсури таҷассумгари шахсияти беҳамтои ӯ – Меҳр, Одамӣ, Дилсӯзӣ, Адолат ва Ростӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки вақте мо калимаи муқаддасу зебои “модар”-ро ба забон меорем, тамоми вуҷудамонро эҳсоси гарму фараҳбахше фаро мегирад, қалбамонро лабрез аз шодию сурур мегардонад.  
Дар фарҳанги мо мақоми модар он қадар баланд аст, ки бузургонамон биҳиштро зери пои модарон қарор додаанд. Ин сухани паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммадро (с) ҳама медонанд: “Биҳишт зери пои модарон аст” ва Низомии Ганҷавӣ онро ба беҳтарин перояи назм оростааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Ин сухани гаронқадр ҷои андеша ва тааммули амиқ дорад. Ҳамаи одамон медонанд, ки болотарин атои Худо ба инсон дар ҷаҳони охират неъмати биҳишт аст. Зери пои модарон қарор доштани ин неъмати воло чӣ маънӣ метавонад дошта бошад? Албатта, ин сухан ба хотири дарки маънии олии он дар пардаи маҷоз гуфта шудааст. Яъне, инсон он гоҳ метавонад ризои Худоро ба даст оварад ва соҳиби биҳишт шавад, ки дар пеши пои модар ба хидмат биистад ва ризои ӯро ба даст оварад, то ризои Худои хешро ҳосил кунаду растагор ва комёб шавад.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷои дигар абёти зерро дар таъкиди ин матлаб сурудааст:
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад. 
Хок шав зери пойи ӯ, ки биҳишт,
Дар қадамҳои модарон бошад.
Воқеан, модар мисли Замин танҳову яктост ва меҳру муҳаббат ва дасти раҳмату шафқати ӯ бар сари фарзанд сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳост. 
Шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ ин матлабро хушу гуворо ба қалам оростааст:
Ту монанди замин яктоӣ, модар,
Ту монанди замин танҳоӣ, модар.
Дар ин радиф, ҳақ ба ҷониби нависандаи маъруф Оноре де Балзак аст, ки модарро офарандаи зиндагӣ ва муҳаббати модарро нотакрор тавсиф кардааст. 
Ба андешаи ӯ: ”Модар нафарест, ки зиндагӣ меофарад ва онро дар набарди ҷовидонаи ҳаёту марг зинда нигоҳ медорад. Касе дар раванди зиндагӣ наметавонад муҳаббате амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хешро дарёбад”.
Аз домони модар зиндагӣ шуруъ гардида, бо дуои модар ривоҷу равнақ пайдо мекунад:
Аз ту модар ибтидо ёбад ҷаҳону зиндагӣ,
Бе ту набвад равнақе дар бӯстони зиндагӣ.
Заҳмату бедорхобиҳои шабонарӯзӣ, сабру таҳаммули бемисли модар танҳо ба худаш хос аст. Инсон дар канори модари дилбанду пурмеҳри ӯ ба камол мерасад ва нахустин мактаби машқу таълими мо оғӯши биҳиштии ӯст.  
Мирзо Абдулқодири Бедил, ки бо маъниофаринии хоси худ дар байни аҳли адаби мо ба унвони Абулмаонӣ, яъне “падари маънӣ” маъруф аст, “тифлию домони модар”-ро ба биҳишт ташбеҳ додааст:     
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем. 
Аз қадимулайём модарони мо дар гаҳвора зери болини кӯдак китоб мегузоштанд, ки ин амал беҳикмат нест. Ҳар модар орзу мекунад, ки тифлаш бенуқсу босавод ба камол расида, дар оянда соҳибмаърифату соҳибхирад гардад.  
Тамоми бузургони олам аз дасти дуои модар баракат ва кушоиши кор ёфтаанд ва маҳз аз ҳамин лиҳоз тамоми умр модаронро дар осору эҷодашон васф кардаанд.   
Боязиди Бастомӣ, яке аз шайхҳои маъруфи сӯфия, бузургии худро натиҷаи як қатра ашки модар медонист. 
Рассоми маъруфи итолиёӣ Микеланжело гуфтааст: “Як бӯсаи модар маро наққош кард”.  
Табиист, ки фарзанд аз рӯзи таваллуд то лаҳзаҳои охири зиндагӣ ба ёди модар аст, зеро ҳар шахс роҳи рости ҳаёт, покизагию назокат, одобу муомила, рафтору гуфтор, одамияту вафодорӣ ва некиву накукориро маҳз аз модар меомӯзад. Инсон пас аз сари модар низ, дар ҳар кореву ҷое, ки дарбимонад, “модар” мегӯяд, ӯро ҳамчун як инсони зинда ба имдоду ҳамдардӣ металабад, аз насиҳатҳои модар, ҳатто пас аз вафоташ кушоиш металабаду баҳра мебарад. Дар ин маврид фармудаи яке аз бузургони ҷаҳони андеша ба хотир мерасад, ки гуфтааст: “Модар, ҳатто пас аз марг ҳам, муқаддастарин мавҷуди зиндаи олам аст”. 
Меҳрубонии модар, домани гарми ӯ ва алоқаи шадиде, ки модар ба фарзандон дорад, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро шефтаву маҷзуб мекард. Ӯ дар “Маснавӣ” шафқату меҳрубонии модарро ба раҳмати худовандӣ ташбеҳ додааст. Ӯ таъкид месозад, ки худошиносиро бояд аз тифл омӯхт, бо он ки аз модар силӣ мехӯрад, боз ҳам ба домони модар паноҳ мебарад:
Гуфт: – «Чун тифле ба пеши волида
Вақти қаҳраш даст ҳам дар вай зада.
Худ надонад, ки ҷуз ӯ дайёр ҳаст,
Ҳам аз ӯ махмур, ҳам аз ӯст маст.    
Модараш гар силие бар вай занад,
Ҳам ба модар ояду бар вай танад.
Аз касе ёрӣ нахоҳад ғайри ӯ,
Ӯст ҷумла шарри ӯву хайри ӯ.
Куруши Кабир, ки аз нахустин шоҳаншоҳони бузург ва тамаддунофари башар маҳсуб мешавад, дар яке аз васиятномаҳои худ ба фарзандону наздиконаш амр кардааст, ки дар ҳама кор ва дар ҳама ҳолат нахуст фармонбардори модар бошанд. Ба раъйи ӯ амал намоянд ва ҳеҷ гоҳ аз фармудаи модар сар напечанд. Ин ривояти замони дур моро водор месозад, ки ба қадру манзалати модар расем ва ба гуфтаи нависандаи маъруфи рус Максим Горкий “сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар”-ро қадр кунем ва ӯро чун гавҳараки чашм гиромӣ дорем.
Шояд аз меҳру муҳаббати бепоёни модар аст, ки тамоми абармардони олам, шоҳон, шоирону фозилон ва олимону орифони машҳур дар ҳама давру замон бар қудуми мубораки модар сари таъзим фуруд овардаанд. Боз ҳам рӯ меорем ба “Модарнома”-и устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ки ҳамин ҳақиқатро бо санъати баланди шоирона баён кардааст:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, 
Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар. 
Лозим ба тазаккур аст, ки дар олами илму адаб эҷоди модарномаҳо ё худ ситоиши модарон ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар кадом дорои мавқеи муносиб ва рангу таровати ба худ хос мебошанд. Аз ҷумла, китоби “Модар”-и Алексей Максимович Горкий, модарномаҳои шоири шаҳири Эрон Эраҷ Мирзо, устодон Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Низом Қосим ва дигарон аз ҷумлаи беҳтарину мондагортарин осор дар ин замина маҳсуб мешаванд.  
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ низ, роҷеъ ба бузургдошти модарони азизамон пайваста ҳарф зада, ба мақому манзалати онҳо ҳамеша арҷ мегузоранд.   
Ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар таърихи тамаддуни башар шоир, нависанда ё файласуферо пайдо кардан маҳол аст, ки дар васфи зан ва иззату эҳтироми ӯ сухане нагуфта бошад, зеро зан-модар сарчашмаи ҷовидонии ҳаёт ва манбаи эҷод аст. Ниёгони соҳибхиради мо барои наслҳои инсоният доир ба эҳтирому бузургдошти зан-модар суханҳои пурҳикмат ва пурарзиш ба ёдгор мондаанд”.
Ҳамаи ин таъкидҳо барои онанд, ки ҳар бузургмардро модар ба олами ҳастӣ меорад, тифли ҷигарбанди худро ба камол мерасонад, барои ташаккули ҳамаҷонибаи ӯ тамоми ҳастиашро мебахшад ва маҳз ҳамин заҳматҳои модар аст, ки фарзандони бонангу номус номи модарони азизи хешро абадӣ мегардонанд.  
Дар миёни мардуми сайёра, хусусан дар байни мардуми Шарқ, мақоли “модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад” маъруф аст, ки онро бо ҳама забонҳо метавон шунид. 
Дар ин як ҷумлаи кӯтоҳ рисолати инсонии модар ва ҳадди тавоноии ӯ дар канори ҳам хеле пурра, фаҳмо ва расо зикр гардидаанд. Бузургии аҳамияти ин панд боз дар он аст, ки ин воқеиятро чи олим ва чи фарди одӣ комилан дарк ва эътироф мекунад. 
Инсонҳои соҳибмаърифат ва қадршинос сабру таҳаммул ва ранҷу заҳмати модаронро беназир ва ғайри қобили қиёс дарёфтаанд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Самараи асливу асосии ранҷу машаққати модарон дар тарбияи фарзандон ба мақому мартабаи воло даст ёфтани инсон маҳсуб шуда, ҳамин ранҷу машаққат боиси таҳким ва густариши мақому мартабаи модарон дар назди фарзандон ва ҷомеаи инсонӣ мегардад.   
Ривоят шудааст, ки шахсе назди ҳазрати Муҳаммад (с) омад ва гуфт: – Чӣ касе барои хушрафтории ман аз дигарон авлотар аст? Фармуд: – Модарат. Гуфт: – Сипас, чӣ касе? Фармуд: – Модарат. Гуфт: – Баъд аз ӯ чӣ касе? Фармуд: – Боз ҳам модарат. Пурсид: – Пас аз ӯ чӣ касе? Фармуд: – Баъд аз ӯ падарат.
Бар мабнои ҳамин арзиши олии инсонӣ зан-модар дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми воло ва шаъну эътибори шоистаи хеш бахурдор аст. Рӯзи 8-уми март ҳамасола дар саросари кишвари мо ҳамчун Рӯзи Модар бо хушию фараҳмандӣ таҷлил мегардад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҳамеша таъкид менамоянд. Аз ҷумла,  дар яке аз паёмҳо ба Маҷлиси Олии мамлакат гуфтаанд: “Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан - модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. 
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”. 
Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку басо самимию пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башар боис гардид, ки ӯро ҳамчун мавҷуди муҳтарамтарин ва муқаддастарин ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.  
Мо, фарзандон, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз, асосан, ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад.
Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Вале тамоми ҳамду сано, андарзу ситоиш дар васфи модар бо ҳама тобишҳои хеш кӯчактарин заҳматеро, ки модар барои фарзанд кашидааст, ба таври комил ифода карда наметавонанд, зеро бузургию шаҳомати зан-модар, пеш аз ҳама, бар мабнои рисолати ҳаётбахши ӯ устувор буда, ҳатто сухани бузургони олам дар тасвири мукаммали тамоми ҷузъиёти он оҷиз мемонад. Дар ин маврид Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ хеле хуб ишора кардааст: 
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд, 
Як байт ҳам наарзад, андар санои модар!
Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар?
Рисолати ҳаётбахш ва инсонофари зан-модар боиси муҳаббати аҳли башар нисбат ба ин мавҷуди маҳбуб гардида, вожаи арзишманду муқаддаси «модар» дар тамоми забонҳои мардуми олам оҳанги басе меҳрангез ва самимиву навозишкорона дорад ва бо эҳсоси баланд, меҳру садоқати бемисл ифода меёбад. Пайванди қавию гусастнопазир миёни модарону фарзандон ҳаётро фараҳбахш ва бардавому пойдор нигоҳ медорад.
Маънии ҳаёт ва файзу баракати рӯзгор, эъҷозу парвозҳо, эҷоду бунёдҳо, ҷасорату корномаҳои фарзандон ҳама аз меҳру муҳаббат ва ғамхориву ҳидоятҳои модар сарчашма мегиранд. Мафҳуми «зан» дар қомусу луғатномаҳо маънии «зиндагӣ», «тавлид», «намирандагӣ», «ҷовидонӣ», «абадият»-ро ифода карда, дар муқобили вожаи «мард» ба маънии «миро», «миранда» ё «маргпазир» қарор дорад. Аз ин рӯ, дарки амиқи мафҳуми «зан», пеш аз ҳама, дар қиёс бо маргу фано ва мирандагӣ имконпазир гардида, ҷавҳари воқеӣ ва фалсафии вожаи «зан»-ро, ки ба зистан, яъне ҳаёту зиндагӣ пайванди қавӣ ва ногусаста дорад, боз ҳам возеҳтар ифода мекунад. 
Дар фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба зан эҳтироми хоссаро қоил буданд ва дар иҷтимоъ зан дорои мақоми шоиста буд. 
Таҳқиқи асотири қадимтарини мардуми тоҷику форс нишон медиҳад, ки фарҳанги форсигӯён ба арсаи тамаддуни башарӣ бо занмеҳварӣ ворид гашта, дар муҳимтарин шакли устурасозии эрониён Модархудо Симурғ мавқеи меҳвариро соҳиб будааст. 
Симурғ ҳамчун маҷмуи андешаҳо ва мафкураву ҷаҳонфаҳмии сиёсиву фарҳангӣ ҳазорҳо сол пеш аз зуҳури Зардушт ва оини ӯ дар байни мардуми тоҷику форс ташаккул ва интишор ёфта, ифодагари рамзи азамату бузургӣ, некхоҳиву шафоат, асолату мададгорӣ ва мардумсолорӣ будааст.  
Мутобиқи маълумоти маъхазҳои таърихию адабӣ Модархудо Симурғ новобаста аз мансубияти динию мазҳабӣ ва мафкуравию ҷаҳонбинӣ ҳамеша наҷотбахши инсонҳо муаррифӣ шуда, дар лаҳзаҳои ҳассосу мушкилтарини ҳаёт барои наҷоти онон мешитобидааст. Яъне ҳифзи зиндагӣ ва наҷоти инсон аз тамоми офатҳои заминию осмонӣ рисолати азалию абадии Модархудо Симурғ ба шумор рафта, талош баҳри ҳаёт ва мубориза бо мамот меҳвари оини симурғиро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки тули асрҳои зиёд оини симурғӣ ба фарҳангу ҷаҳонфаҳмии мардумӣ табдил ёфта, аслу бунёди онро хирадгароӣ, меҳрварзию садоқат, накукорию тараҳҳум ва амсоли инҳо барин категорияҳои инсонсози маънавию ахлоқӣ ташкил додаанд.
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ симои Модархудо Симурғ на ба шакли қадимии тозардуштӣ, балки то андозае тағйирёфта инъикос гардидааст, зеро Зардушт барои рушди минбаъдаи оини хеш фарҳангу меъёрҳо ва мазҳаби пешиниён, аз ҷумла оину фарҳанги симурғиро мутобиқ ба талаботу ниёзҳои дини хеш тағйир дод. Аз ин рӯ, дар осори паҳлавӣ рисолату вазифаи худоёни пешин тағйир ёфта, дар қолабҳои фариштагон ҷой дода шудаанд. 
Дар ҳамин радиф, рисолату вазифаҳои Симурғ низ, ба сифати бонухудо тағйир ёфтанд. Новобаста аз ин таҳаввулот, дар фарҳанги миллӣ шумораи муайяни мушаххасоти бонухудо Симурғ, нерую шаҳомати он аз байн нарафт ва дар низоми давлатдории Ҳахоманишиёну Сосониён ба унвони Олиҳа (Нишони Эрони бостон) пойбарҷо монд.
Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи хеш «Шоҳнома» хислатҳои меҳрварзӣ, мададгорию некукорӣ ва хайрхоҳии Симурғро дар лаҳзаҳои парвариш намудани Золи Зар, наҷоти Рӯдоба ҳангоми зодани Рустам, мададгорӣ ба Рустам дар муҳорибаҳои шадид бо Исфандиёри Рӯинтан хеле моҳирона тасвир кардааст.
Вожаи «бону» ва шакли ҷамъи он «бонувон» маънои равшанӣ, беолоишӣ, покӣ ва шукӯҳу шаҳоматро дошта, бо вожаи санкскритии «bhanu» - равшанӣ, Хуршед, ки дар таркиби ибораи «bhanumati» - зани зебо ва шоиста ва авестоии «banu» ё «banav» дар шакли чандин вожаи мураккаб аз решаи «ba», яъне дурахшидан нисбат дорад.
Ба ин маънӣ вожаи «бону» ба муҳаббату самимият ва латофату малоҳати зан ва модар нисбат ба афроди башар робитаи ногусастанӣ дошта, ҳамзамон ҳангоми дар аввал ё охири исми занон омадан, маънии зани бузургзода ва арҷмандро ифода мекунад. Тибқи маълумоти катибаҳои сосонӣ ва адабиёти зардуштии форсии миёна вожаи «бону» ба лақаби баъзе модархудоҳои ҳиндию эронӣ ҳамроҳ шуда, номи ҳамсарони шоҳону дарбориёнро ифода мекардааст.
Ба ибораи дигар, бону зан-модарест покдоману ростин, некандешу некрой ва дар заминаи ҳамин хислатҳои ҳамида, яъне бо пиндору гуфтор ва рафтори нек насли инсонро ба дунё оварда, ба камол мерасонад. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накутарини инсониро ба воситаи шири поки худ ҷой медиҳад.
Таъкиди ин нукта низ ҷой дорад, ки дар урфи мардуми тоҷик зани соҳибхонаро “кадбону” мехонанд. Чунончи, аллома Деҳхудо дар “Луғатнома” овардааст: “Кадбону” бибӣ ва хотуну бузурги хонаро гӯянд. 
Дар осори бузургони ҷаҳон нақши зан-модари диловару қаҳрамон, соҳибиродаву рисолатшинос, ватандӯсту озодихоҳ ҷойгоҳи арзанда ва хосса дорад. Ҷасорату далерии занон онҳоро дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳ ва мақоми барҷаста карда будааст. Агар ба таъриху фарҳанги ориёӣ таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки дар даврони салтанати подшоҳони Элом, яъне дар замони тамаддуни бостон дар ҷануби ғарбии Эрон зансолорӣ роиҷ будааст ва занон ҳатто ба мисли худоён парастиш мешудаанд. 
Дар замони Ҳахоманишиён зан ҳуқуқи моликият ва ирс дошт ва дар артиш хизмат мекард. Ҳумо, Данёк ва Ортимис аз зумраи заноне будаанд, ки дар мақоми фармондеҳии сипоҳиён қарор дошта, гоҳе зимоми подшоҳиро бар даст гирифта будаанд. Дар замони Ҳахоманишӣ зане бо номи Понтео фармондеҳии горди ҷовидонро бар уҳда доштааст. Истотиро-духтари Дориюши севуми Ҳахоманишӣ фармондеҳи неруҳои ҷангӣ будааст. 
Аз миёни онҳо номвартарин бону Ортимис буд, ки дар муҳорибаҳои Хашоёршоҳ бо юнониҳо бевосита иштирок дошт. Ӯ нахустин занест, ки 2480 сол пеш фармони дарёсолории хешро аз сӯи Хашоёршоҳи Ҳахоманишӣ дарёфт кард ва фармондеҳии неруҳои дарёиро ба уҳда дошт. Вобаста ба ин падида, падари таърих Ҳеродот аз шуҷоату далерии занони эронитабор ёдовар шуда, аз забони Хашоёршоҳ таъкид мекунад, ки: «Эй кош, мардони эронӣ ба андозаи Ортимис шуҷоат медоштанд». 
Бад-ин мазмун шоир фармудааст:
Чу бону биёмад бад-он базмгоҳ,
Ҳама гирду атроф гаштӣ нигоҳ…
Агар ҳаст бону чунин некрой,
Намонад бадӣ дар дили мард пой.
Ба меҳр андар орад ҳаме ӯ сухан,
Бубин, дар шигифтанд ин анҷуман.
Дар таъриху тамаддуни миллати тоҷик занон дар мақоми шоҳ ва фармонраво низ будаанд. Масалан, дар замони салтанати Сосониён Бӯрондӯхт (духтари Хусрави Парвиз) зане буд, ки тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ пас аз ҳукмронии Ардашери Ширӯя ба сифати бисту панҷумин шоҳаншоҳи Сосонӣ бар тахт нишаст ва минбаъд дар беш аз даҳ кишвари осиёии имрӯза подшоҳӣ кард. Ҳамчунин, хоҳарбузурги ӯ Озармидухт низ қабл аз вай чанде маснади подшоҳии Эронро дар даст доштааст. Ҳамин гуна, Динаг-модари Ҳурмузи савум Парвиз дар Исфаҳон салтанат мекард. 
Шарқшиноси машҳур Артур Кристенсен ҳузури Озармидухт ва Бӯрондухт - ин ду бонуро дар маснади подшоҳии Сосонӣ ба пазириши онҳо аз сӯйи руҳониёну мубадони оини Маздясно марбут медонад. 
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувон мақоми бештарро пайдо намуданд, бахусус барои қадру манзалати занону духтарон тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Дар баробари садҳо тадбири дурандешона, зимни ироаи Паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон, 6 марти соли 2009, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҳамасола 8-уми март дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта шавад ва, ҳамзамон, Сарвари давлат иброз доштанд, ки на чун ҷашни маснуие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи тоҷик, бо асолат ва муҳтавои азалиаш таҷлил гардад. 
Роҳбари давлат афзуданд: «Рӯзи Модар эълон гардидани ин рӯз дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад ва ин рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан-модар аст.
Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рӯз рӯзи модар аст. Лекин мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории хоссаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш-офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст». 
Зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне Ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Чунонки аз таърихи куҳани мо - тоҷикон бармеояд, ҳанӯз дар аҳди бостон ҷашне бо номи «Спандормуз» вуҷуд дошта, рӯзи панҷуми моҳи Исфанд таҷлил мешудааст.
Фариштаи Спандормуз дар ҷаҳони маънавӣ посдори ишқу муҳаббат, фурӯтаниву бурдборӣ, садоқату фидокорӣ ва дар ҷаҳони моддӣ посбону пуштибони занони неку порсо будааст. Дар иртибот ба ин, мутафаккири бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ чунин ақида дорад: «Маънии моҳи Спандормуз хирад ва бурдборист ва он посбони замину пуштибони занони порсо ва шавҳардӯстдор мебошад».
Ниёгони мо дар ин рӯз ҷашни занонро таҷлил мекардаанд ва занонро гиромӣ медоштаанд. Ба ин сабаб, ин рӯзро Берунӣ дар ҷойи дигари китоби худ «Осор-ул-боқия» бо номи «муждагирон» ёд кардааст. Бояд гуфт, ки ҳамаи ҷашнҳои ориёӣ, аз ҷумла ҷашни Спандормуз сурудҳои хоссаи худро доштаанд. 
Ҷашни Спандормуз бо суруди «Дуруд бар зан!, дуруд бар мард, дуруд бар зиндагӣ!» оғоз мешуд, ки он дуои нек дар ҳаққи занон буд ва ба ин васила мардон ба модарону хоҳарон ва ҳамсарону духтарони худ рӯзи хуш ва рӯзии фаровон мехостанд.
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун марҳилаи сифатан нави давлатдории миллии тоҷикон барои занону духтарони тоҷик имконоти нав фароҳам овард. Зани тоҷик, гарчанде ки ба иллати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳолати яъсу навмедӣ гирифтор шуд, қалбшикаста нагардид ва ширкат дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва мадании кишварро ҳамчунон идома дод. 
Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Имом Муслими Нишопурӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Муҳаммад Мусои Хоразмӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абуисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Носири Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва садҳо фарзандони фарзона, нобиғаҳои бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парварда, онҳоро ба хизмати башарият тақдим намудааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз, низ бо иффату шараф идома мебахшад. 
Маҷмуан, нақши бонувон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи пурқудрату беинтиҳои занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, зимни суханрониҳои хеш онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд.
Ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир месозад ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ ҷиҳати мунтазам беҳтар гардондани вазъи занон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди оила ва сиёсати демографӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо, яъне баланд бардоштани нақши иҷтимоии бонувон ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд ва чунин сиёсат минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Натиҷаи ғамхориву дастгирии давлат ва Ҳукумат аст, ки ҳоло Тоҷикистон, бино ба эътирофи коршиносон, аз лиҳози шумораи намояндагони занону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.
Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басе арзишманд мегузорад. 
Бешак, дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодагону дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад. Сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - модар аст. Зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам ба сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, қалби гарм, латофату эҳсоси наҷиб ва наҷобату рафтори намунавӣ мебошад. 
Фарзонафарзандони модари тоҷик дар баробари намояндагони ақвоми Ҳинду Миср, Чину Юнон ва Рум дар саргаҳи ҳаёти маънавӣ, дар замоне, ки таърих ҷавҳари тамаддуни башариро бунёд мекард, бо неруи хираду заковат, фаросату ҷасорат, иродат ва фазилатҳои хуҷастаи инсонӣ корномаҳои бузургу бемисл нишон дода, дар ганҷинаи ҳикмати оламиён ва ҳофизаи таърихи аҳли башар нақши безавол ба ёдгор гузоштаанд, ки он чаманзори муҳташами тамаддуни инсониро то кунун сарсабзу шодоб нигоҳ медорад.

Иброҳим ПИРНАЗАРЗОДА,

номзади илмҳои сиёсӣ

Санаи нашр: 09.03.2023 №: 52-53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив