ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Президенти Федератсияи байналмилалии футбол ба Тоҷикистон омад

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол ба Тоҷикистон омад

02 май 2023, Сешанбе
22
0

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати баландмақоми Федератсияи футболи ҷаҳонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи  ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ФИФА Ҷанни Инфантино пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, Ҷанни Инфантино бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир карда, масъалаҳои рушди футбол дар мамлакатро баррасӣ менамоянд.
Президенти ФИФА, ҳамчунин, дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе иштирок хоҳад кард, ки зимни он маросими интихоби роҳбарияти CAFA барои давраи нави  чорсола  баргузор мегардад.


Ба НБО «Роғун» ҷоизаи махсус тақдим гардид 
Дар Кохи «Суруш» маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол -2022» таҳти унвони «Қуллаи шараф» баргузор гардид. Чорабиниро вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Озмуни «Бренди сол» бори чорум дар кишвар доир мегардад, ки дар он 110 бренди ватанӣ дар 15 номинатсия ва 32 зерноминатсия пешниҳод шуданд.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ки ҳадафи асосии Озмун ҷалби таваҷҷуҳи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагон ба моҳият ва нақши бренд дар тиҷорат, ҳавасманд намудани онҳо барои ба даст овардани тамғаи молӣ ва ҳифзи ҳуқуқии онҳо мебошад.
Ғолибони Озмунро ҳакамони мустақил иборат аз намояндагони вазорату идораҳо ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ намудаанд.
Ҷоизаи махсус – медали Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ба ҶСК «НБО Роғун» таҳти бренди “Роғун” тақдим шуд.


Раиси ВМКБ рӯзноманигоронро қадр кард
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар мулоқот бо рӯзноманигорони вилоят таъкид дошт, ки васоити ахбори омма аз озодии ҷустуҷӯ, дарёфт, таҳияву паҳн кардани иттилоот ва истифода аз ҳаққи озоди баёни андеша иборат аст, ки хушбахтона, дар кишвари мо комилан риоя мешавад.
Тибқи иттилоъ, раиси Вилоят аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик ёдрас шуд, ки гуфта буданд: «Танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад».
Ин таъкиди Сарвари давлат нишонаи он аст, ки Ҳукумати кишвар ба танқиди созандаи журналистон арҷ мегузорад ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта аз сухани журналист ҳамчун чашму гӯши ҷомеаи шаҳрвандӣ истиқбол мегирад.
Дар охир бархе аз рӯзноманигорони фаъол бо ифтихорномаи раиси Вилоят қадр шуданд.


Иҷрои 63 дарсади нақшаи даъват дар як моҳ
Аз якуми апрели соли 2023 дар мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ идома дошта, дар нахустин рӯзи даъват шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд. Гусели сарбозони оянда дар шаҳри Душанбе низ, аллакай пурра ба анҷом расида, чаҳор навоҳии пойтахт то охири моҳи апрел нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар дод, ки давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат аз анҷоми даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш дода, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба наздики 70 фоиз баробар мебошад.
Дар вилояти Хатлон бошад ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара гусели ҷавонписарони синни даъватиро пурра ба анҷом расонда, иҷрои нақша наздик ба 60 фоизро ташкил медиҳад.
Бо ҳамин тартиб, чорабинии гусели наваскарон дар вилояти Суғд 45 фоизро ташкил дода, дар давоми як моҳ дар тамоми ҷумҳурӣ иҷрои нақша ба 63 фоиз баробар гашт.

Санаи нашр: 02.05.2023 №: 91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив