ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШ  ОИД БА РАФЪИ БЕШАҲРВАНДӢ

ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШ  ОИД БА РАФЪИ БЕШАҲРВАНДӢ

06 июн 2023, Сешанбе
19
0


Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  бо ташаббуси Раёсати минтақавии давлатҳои Осиё ва уқёнуси Ороми Комиссари олии СММ дар мавзуи рафъи бешаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор гардид. 
Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки дар он намояндагони Тоҷикистон доир ба иҷрои уҳдадориҳои аз байн бурдани бешаҳрвандӣ, қабули санадҳои мансуб ба ин самт қабулгардида  ибрози андеша намуданд.


НАМОЯНДАГОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО  ДАР ТОҶИКИСТОН
Масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақа, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин, ҳамкории ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар самти муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир бо намояндаи вижаи он ҳаллу фасл гардиданд. 
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки дар ин самт муовини вазир Фарҳод Салим бо ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба муқовимат алайҳи терроризм Илкка Салми ва намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала зимни вохӯрӣ табодули афкор намуданд.


БОЗДИДИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БҶ АЗ НБО «РОҒУН»
Дар доираи сафари худ ба ҷумҳурии мо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Антонелла Бассани аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуд, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни боздид оид ба ҷараёни корҳо ва ҳашамати ин лоиҳаи муҳими иншооти гидроэнергетикии дорои аҳамияти стратегию иқтисодӣ суҳбату мулоқот сурат гирифт. 


ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БО БАХШИ ХУСУСӢ
Дар меҳмонҳонаи «Hayatt Regency» бо ташаббуси Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон (AmCham) вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода  бо намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва ташкилоти низоми бонкӣ баргузор гардид.
Аз Вазорат ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки дар ҳамоиш масъалаи татбиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои рақамикунонии самти муносибатҳои меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


ТАҲКИМИ БЕХАТАРӢ  АЗ СӮХТОР
Вазорати корҳои дохилӣ таҳти унвони «Таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар мавсими ҷамъоварии ғалладонаю хошоки дурушти чорво ва риояи ҳамоҳангсозии воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми сар задани он» машварати саҳроӣ гузаронд. 
Аз Вазорат хабар доданд, ки зимни машварат, ки дар мавзеи Баҳористони ноҳияи Восеъ сурат гирифт, доир ба таъмини бехатарӣ аз  сӯхтор дар давраи ғунучини ҳосил табодули афкор намуданд.


ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ГУРЕЗАҲО
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии гурезаҳо (20 июн) дар мавзуи «Ҷойгоҳи ҳуқуқи гурезаҳо дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин хабар додааст.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ масъалаи гурезаҳо ва паноҳандагӣ басо мубрам арзёбӣ шуда, омилҳои ба даст овардани он бо ҷангҳои ҷаҳонию минтақавӣ, низоъҳои дохилӣ, таҳдиду таъқиб ба ҳаёт рабт дорад. 


«ҲУНАР ОМӮЗ…».  ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Дар  шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» сурат гирифт. 
Мақсад аз баргузории он рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардондани онҳо, дастгирию ҳавасмандсозии ҳунармандон буда, барои бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.


ОМОДАГӢ БА ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН
Ин масъала зимни машварати васеи назди раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ баррасӣ гашт.
Раҳмони Гулзор, хабарнигори минтақавии мо, иттилоъ дод, ки дар робита ба масъалаи мазкур ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони идораҳои марбута супориш шуд, ки аз норасоиҳои пеш сабақ гирифта, дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва идораю муассисаҳои вилоят санҷиш гузаронанд.

Санаи нашр: 06.06.2023 №: 118
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив