ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ҚУДРАТ РАСИДАНИ «ТОЛИБОН» ВА САРНАВИШТИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН

БА ҚУДРАТ РАСИДАНИ «ТОЛИБОН» ВА САРНАВИШТИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН

17 апрел 2023, Душанбе
296
0


Дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тулонӣ, муштаракоти фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва расму суннатҳои ягона дорад, 15 августи соли 2021 қудрати сиёсӣ дар натиҷаи як муомилаи бозигарони асосии минтақа  ва иттиҳоди бесобиқаи қавмӣ ба ҷунбиши террористии “Толибон” дода шуд. Ин вазъият наметавонад боиси нигаронии тоҷикони ин кишвар ва мо тоҷикистониён нашавад. Ин нигаронӣ чанд далел дорад.
Аввал, дар ҳамсоягии Тоҷикистон як низоми исломӣ, бо идеологияи бисёр тундрав бунёд шудааст. "Толибон" як тафсири радикалиро аз мактаби фиқҳии Девбанд қабул ва онро бо суннатҳои қабилавии худ омехта карданд, ки дар дунёи ислом назир  надорад. Афғонистони "Толибон"  метавонад ба  такягоҳи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз тамоми дунё ва ба маркази нави қудрати исломи тундгаро бо ҳама хавфу хатарҳояш барои низоми дунявии Тоҷикистон табдил ёбад. Дар байни бисёре аз коршиносон, аз ҷумла коршиносони тоҷик, ин ақида вуҷуд дорад, ки "Толибон" як ҷунбиши афғонӣ мебошад ва ҳадафашон эҳёи ҳамон Аморати исломии "Толибон" аст ва ба кишварҳои ҳамсоя ҳеҷ таҳдиде надоранд, яъне дар ҷиҳоди ба истилоҳ глобалӣ ширкат намекунанд ва ғайра. Гарчанде коршиносони дигар бо далелҳои қотеъ ин ақидаро рад кардаанд ва таҳдидҳои мавҷударо аз нишонии "Толибон" ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, ташхис намудаанд. Гувоҳи ин, ки "Толибон" як ҷунбиши радикалие аст, ки бо тасарруфи Афғонистон қаноат намекунад, суханронии чанде қабли раҳбари "Толибон" Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунд дар назди уламои дин дар Кобул мебошад, ки роҳи "Толибон"-ро ҷиҳоди ҷаҳонӣ муайян намуд. Ӯ бо сароҳат баён кардааст: “Ҷиҳоди ҷангҷӯёнаш танҳо дар қаламрави Афғонистон хотима нахоҳад ёфт ва истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо марҳалаи аввали ҷиҳоди муваффақи "Толибон" аст”. Ба гуфтаи вай, дар оянда "Толибон" ва уламои афғон муваззафанд, ки тамоми ҷаҳонро ба сӯи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд.
Дувум, раҳбарони "Толибон" бо вуҷуди он ки аз “исломи ноб” бо тафсири худашон ҳарф мезананд ва қоидаҳои сахтеро ҳам ҷорӣ намудаанд ва занонро, мутобиқ ба он тафсире, ки аз шариат доранд, аз тамоми ҳуқуқҳояшон маҳрум намудаанд, боз ҳам низоми "Толибон" як низоми паштунмеҳвар аст. "Толибон", ки то ҳол аз тарафи ҳеҷ давлате расман эътироф нашудааст, дар як кишвари касирулмиллат, ки паштунҳо яке аз ақаллиятҳои қавмӣ мебошанд, қудратро инҳисор намудаанд ва ба даъвати ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи ташкили ҳукумати инклюзивӣ, ҷалби ақаллиятҳои дигари сокини кишвар ба идораи давлат мувофиқа намекунанд.
Ин дар шароитест, ки олимони мардумшинос, ки нақшаи қавмии Афғонистонро таҳия намудаанд, ба мавҷудияти 55-57 гурӯҳи этникӣ таъкид мекунанд, ки бо 33 забон гуфтугӯ менамоянд. Ба ин далел аст, ки Афғонистонро баъзе мутахассисон музеи қавмҳо, забонҳо, мазҳабҳо, расму суннатҳои гуногун меноманд. 
Аз миёни ин ҳама қавмҳо тоҷикон ва паштунҳо сернуфустарин қавмҳо дар ин кишвар мебошанд. Дар Афғонистон ҳеҷ гоҳ саршумории пурраи нуфус (барӯйхатгирии аҳолӣ) гузаронда нашудааст ва таносуби дақиқи байни қавмҳо маълум нест, аммо дар маълумотномаҳои банашррасида паштунҳо аксарияти аҳолӣ пиндошта мешаванд ва ин назарияи «аксарияти қавмӣ», қавми “давлатсоз” то имрӯз дар байни нухбагони паштун устувор аст ва бар пояи ҳамин назария паштунҳо  роҳбарии давлатро дар Афғонистон ҳаққи инкорнопазири паштунҳо медонанд.  Аммо воқеият ин аст, ки мувофиқи  маълумотҳои мавҷуд, имрӯз ҳеҷ қавме аксарияти аҳолии мамлакат, яъне беш аз нисфи онро ташкил намекунад ва Афғонистонро коршиносон “кишвари ақаллиятҳои қавмӣ” ҳам меноманд.
Ҷомеаи паштунҳо, асосан, бо расму суннатҳои қабилавии худ зиндагонӣ менамоянд. Маҷмуаи қонун ва анъанаҳои қабилавӣ дарбаргирандаи идеология, ҳуқуқи анъанавӣ ва қонун барои паштунҳост ва онҳо ҳатто аҳкоми исломро то ҳадде қабул мекунанд, ки ба қонунҳои қабилавии онҳо мухолиф набошанд.
Ба ғайр аз он, олимон ташаккули паштунҳоро ба сифати ҳалқи ягона ба асрҳои XI – XII мансуб дониста, ватани аслии онҳоро доманакӯҳҳои Сулаймон дар марзҳои шарқии имрӯзаи Афғонистону Покистон медонанд. Паҳншавии онҳо ба минтақаи Афғонистони имрӯза ва ё Хуросони дирӯза ба асрҳои XV – XVI рост меояд. Сайёҳон ва дипломатҳои аврупоӣ ба мисли М. Элфинстон ва А. Бёрнс менависанд, ки ҳатто дар аввали асри XIX тоҷикон аксарияти аҳолии шаҳрҳои шарқ ва ҷануби Афғонистонро ташкил медоданд.
Ташаккули давлати мутамарказ, ки имрӯз бо номи Афғонистон ёд мешавад, соли 1747 дар шаҳри Қандаҳор оғоз шуда, беш аз 150 сол давом кард ва дар охири қарни XIX, дар давраи аморати Абдураҳмонхон (1880-1901) ба охир расид. Дар ҳамин давра минтақаҳои васеи марказ, шимол, шимолу ғарб ва шимолу шарқи Афғонистон, ки сокинони он  ҳама ғайрипаштун буданд, забт ва  ба давлати Дуррониҳо ҳамроҳ карда шуд. Бо ин минтақаҳо амирони Афғонистон кӯшиш карданд, аҳолии паштунро аз ҷануб ва шарқи Афғонистон ба шимол муҳоҷир намуда, бо ин роҳ ҳузури онҳоро дар ин ҷойҳо таъмин ва таносуби қавмиро ба манфиати афғонҳо тағйир диҳанд. Ба ибораи дигар, сиёсати афғонсозии ин сарзамин аз ҳамон солҳо оғоз гардида, то имрӯз давом дорад.
Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX ҳудуди 100 ҳазор хонаводаи паштун аз ҷануб ва шарқи Афғонистон ба шимол муҳоҷир карда шуданд. Бо ин роҳ амирон мехостанд дар шимол такягоҳи иҷтимоӣ дошта бошанд. Ин дар ҳоле буд, ки ба қавли муаррихон дар ин минтақаҳо заминҳои бесоҳиб набуданд ва ноқилин заминҳои мардуми маҳаллӣ, яъне тоҷикону ӯзбекҳоро тасарруф менамуданд. 
Дар давраи подшоҳии Амонуллохон (1919-1929) “Низомномаи ноқилин” қабул шуд, ки мувофиқи он ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шимол уҳдадор шуданд ҳазорон нафар аз ноқилинро пазируфта, онҳоро бо заминҳои обӣ таъмин намоянд. Давлат ба ноқилин имтиёзҳои дигари зиёдро пешбинӣ намуд, аз ҷумла барои 12 сол аз пардохти андоз озод шуданд. Аз ҳамон давра дар минтақаи васеи шимол, аз Ҳирот то Бадахшон минтақаҳои паштуннишин, ба истилоҳ “анклавҳо” ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз, мутаассифона ин “анклавҳои” паштуннишин хоса дар вилоятҳои шимолӣ: Форёб, Сари Пул, Ҷувзҷон, Бағлон ва Кундуз ба пойгоҳҳои аслии "Толибон" ва террористон мубаддал шудаанд.
Амонуллохон соли 1923 барои аввалин бор дар Афғонистон Низомномаи асосии давлати олии Афғонистонро таҳия ва қабул кард, ки  мувофиқи он ҳамаи халқҳо сарфи назар аз қавм, нажод,  дину мазҳаб дар назди қонун баробар ва озод эълон шуданд, ғуломдорӣ барҳам, бартарии маликҳо ва хонҳои афғониро, ки нафақахӯри хазинаи подшоҳӣ буданд, бекор намуд. 
Аммо аз тарафи дигар, ҳангоме ки дар натиҷаи татбиқи  ислоҳоти Амонуллохон мавҷи норозигиҳо ва қиёмҳои мардумӣ сар заданд ва қиёми  деҳқонони тоҷики кӯҳистон бо роҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ пирӯз шуд ва 14 январи соли 1929 аввалин бор дар таърихи беш аз 180-солаи давлати Афғонистон Кобулро ба тасарруфи худ дароварда, подшоҳи Афғонистон эълон шуд, ақвоми паштун ӯро фақат ба далели тоҷик буданаш, қабул накарданд. 
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин шӯриш ҳеҷ омили қавмӣ надошт ва тоҷикони дастаҳои Ҳабибулло бо кумаки қабилаҳои паштун тавонистанд Амонуллохонро сарнагун намоянд. Аммо баъзе аз раҳбарони паштун, бахусус Муҳаммад Нодирхон, паштунҳоро бо таблиғоти васеи зиддитоҷикӣ, ки гӯё саркардаи онҳо як «тоҷики пойлуч» ва «бенасаб» бо номи Бачаи Сақав (онҳо Ҳабибуллоҳро таҳқиромез Бачаи Сақав, яъне бачаи обкаш  ва ҳукуматашро Сақавӣ номиданд), тахти подшоҳии афғонҳоро ба даст гирифтааст, ба муқобили ҳукумати Ҳабибуллоҳ таҳрик намуданд. Ниҳоят баъд аз 9 моҳ бо ёрии, ба қавли Мирғулом Муҳаммади Ғубор, «лашкари ҳашарӣ», иборат аз паштунҳои қавми вазирии он тарафи «хатти Дюранд» ҳукумати Ҳабибуллоҳро сарнагун ва минтақаҳои тоҷикнишини шимоли Кобул ғорат ва мардуми он қатли ом шуданд. Муҳаммади Ғубор менависад, ки “Муҳаммад Гулхони Муманд, ки дар ихтиёраш қувваҳои 25 ҳазорнафарии  ҳашарӣ ва як фирқаи (дивизия)-и аскарии муназзам дошт, дар Кописо ва Парвон даст ба чунон амалиёте зад, ки  дар як кишвари фатҳшудаи хориҷӣ ҳам  маҷоз нест”.  Ба қавли профессори донишгоҳи Кобул Расул Раҳин, мумандиҳо ҳазорон асири  тоҷики Кописо ва Парвонро, ки аз хонаҳояшон ҷамъ карда буданд ба номи «қавми шоҳ Ҳабибуллои Калаконӣ»  ба зиндонҳои Кобул фиристода, дороиҳои онҳоро барои лашкариён мубоҳ эълон карданд. Гузашта аз ин, давлат барои ҳар сари буридаи тоҷик  як ҳазор афғонӣ инъом эълон кард. Табиист, ки лашкариёни қавмӣ тоҷикро дигар асир намекарданд, зеро сари буридаи ӯ  фоидаи зиёд меовард.
Таҷрибаи сарнагун намудани амирон, куштору кӯркуниҳо дар дохили хонаводаи салтанатӣ зиёд будааст ва ба ин чандон аҳамият намедиҳанд. Аммо дар ин ҷо тафовут дар ин аст, ки подшоҳи Афғонистон аз тарафи тоҷик сарнагун шудааст ва тахти подшоҳиро тоҷик тасарруф намуда буд. Ин ҳодиса таассуби қавмиро  зиёд кард. Аз ҳамин давра буд, ки назарияҳои бунёди давлати якқавмӣ ва якзабонӣ пешниҳод шуданд. Соли 1936 фармони Муҳаммад Зоҳиршоҳ дар бораи рушди забони пашту қабул шуд. Гарчанде дар фармони подшоҳ дар бораи маҳдуд кардани забони форсии кобулӣ (он вақт ҳамин тавр ёд мешуд) сухан намерафт, аммо кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд, ки забони форсӣ-тоҷикӣ аз доираи ҳуҷҷатгузорӣ, дафтардорӣ ва маориф берун карда шавад. Аммо маълум шуд, ки ин кор номумкин аст, зеро донандагони забони пашту ниҳоят кам буданд ва соли 1964 дар Қонуни асосии кишвар ду забон - забони пашту ва дарӣ забони расмии давлатӣ эътироф гардиданд. 
Сиёсати афғонсозии кишвар, албатта бо ин хатм нашуд ва он   идома дорад. Аммо бо ҳама кӯшишҳо, доираҳои қавмгарои Афғонистон натавонистанд тоҷиконро, ки қадимтарин мардуми бумии ин минтақа мебошанд, аз зиндагии сиёсӣ ва иқтисодӣ ва фарҳангу маънавиёт ба ҳошия биронанд. Зеро тоҷикон, эҷодгарони аслии тамаддуни дурахшони минтақа, низоми пешрафтаи кишоварзӣ, молдорӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ ва шаҳрдорӣ, низоми давлатдорӣ, асосгузорони улуми гуногун ва фарҳанги беназир мебошанд. Забони дарӣ, форсӣ, тоҷикӣ ва ё ҳар номе, ки мегузоранд садҳо сол забони ҳоким ва забони илму адаб ва дафтардорӣ дар ин сарзамин будааст, гарчанде тоҷикони Афғонистон, ба мисли тоҷикони Осиёи Миёна баъд аз фурӯпошии давлати Сомониён ба истиснои зуҳури кӯтоҳмуддати давлатҳои тоҷикӣ, монанди “Давлати Ғуриҳо” ва “Давлати куртҳои Ҳирот”дар асрҳои XIII-XIV, дар тули 1100 сол онҳо аз роҳбарии низоми сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҳошия ронда шуда, аз қудрати давлатӣ ва сиёсӣ маҳрум буданд. 
Бо вуҷуди ин,  таърихи чанд даҳаи Афғонистон нишон дод, ки тоҷикон на танҳо дар рушди фарҳангу забон, илм, эҷоди ашъори баланд, дабирию мирзоӣ Афғонистонро ба дунё муаррифӣ намудаанд, балки бо намоиши нубуғи сиёсӣ ва низомии худ озодӣ ва истиқлоли кишварро ҳифз карданд.
Бо ҳама тасаввурҳо дар бораи “ғайрати афғонӣ”, ки Афғонистонро гӯиё ба “қабристони империяҳо” табдил додаанд ва ба ҳеҷ таҷовузкоре сари таслим хам намекунанд ва ғайра ин тоҷикон ҳамеша сангардорони муборизаҳои зидди аҷнабиён будаанд. Таърихи Афғонистон шоҳиди фидокорӣ ва қаҳрамониҳои беназири тоҷикон дар муборизаҳои муштараки ақвоми сокини кишвар барои озодӣ ва истиқлоли ин кишвар мебошад. Дар ҷангҳои байни Англия ва Афғонистон минтақаҳои тоҷикнишини ин мамлакат марказҳои асосии муқовимати зиддианглисӣ гардида буданд. Соли 1880 амири ояндаи Афғонистон Абдурраҳмонхон аз Самарқанд бо роҳи Ҳисору Кӯлоб аз дарёи Панҷ гузашта, вориди Бадахшони Афғонистон гардид. Ҳазорон нафар мардуми ин минтақа барои ҷиҳод ба муқобили «душманони дин»-англисҳо  дар атрофи ӯ ҷамъ шуданд. Гузашта аз ин, мардум тамоми хароҷоти артишро ба уҳда гирифтанд. Бояд гуфт, ки то ба Чорикор расидани артиши Абдураҳмон дар сафҳои он беш аз 100 ҳазор довталаб шомил гардид, ки аксари онҳо тоҷикон буданд. 20 июли соли 1880 дар шаҳри Чорикор, ки мардумаш саросар тоҷик буданд ва ҳастанд, сардор Абдураҳмонхон подшоҳи Афғонистон эълон шуд ва ин мардум омода буданд, ки то охир бо таҷовузгарони англис мубориза кунанд. Аммо Абдураҳмонхон бо англисҳо муомила карда вориди музокира шуд ва шартҳои сулҳи онҳоро қабул кард, ки мувофиқи он сиёсати хориҷии давлат пурра ба ихтиёри англисҳо гузашт. Қобили зикр аст, ки таҷрибаи муомила ва хиёнату ватанфурӯшии амирону ҳокимони Хуросон дар баробари хориҷиҳо кам нест.
Тоҷикон дар ҷанги сеюми Англия ва Афғонистон низ корнамоиҳои зиёд нишон дода, дар дастёбӣ ба истиқлоли сиёсии мамлакат саҳми бузург гузоштаанд. Яке аз муборизони роҳи озодӣ ва истиқлоли Афғонистон ва ҳамсафи наздики шоҳ Амонулло Муҳаммад Валихони Дарвозӣ буд. 
Ӯ дар вазифаҳои вазири дифоъ, сафири сайёр ва вазири хориҷаи Афғонистон кор карда, дар муаррифии истиқлоли Афғонистон дар сатҳи ҷаҳонӣ хидматҳои пурарзиш намудааст. Генерал Муҳаммад Валихони Дарвозӣ ду бор бо В. И. Ленин дар Кремл мулоқот намудааст ва аввалин шартномаи дӯстии Русияи шуравӣ бо Афғонистонро дар 28 феврали соли 1921  имзо намуда буд. Русия аввалин давлати хориҷӣ буд, ки истиқлоли Афғонистонро ба расмият шинохт ва В.Ленин зимни мулоқот бо  Муҳаммад Валихони Дарвозӣ дар бораи ӯ гуфта буд: «Афғонистон инчунин шахсиятҳои фаҳим ва кордон дорад, ки тавонистанд истиқлоли худро аз Британияи Кабир ҳосил намоянд». 
Дар ҷараёни сафари хориҷии Амонуллохон аз моҳи декабри соли 1927 то моҳи июли соли 1928 ба як қатор кишварҳои Осиё ва Аврупо Муҳаммад Валихон вакили салтанат (иҷрокунандаи вазифаи шоҳ) буд, ки аз обрӯ, эътибор ва эътимоди Амонуллохон нисбат ба Шоҳ Муҳаммад Валихон дарак медиҳад.
Нақши тоҷикон дар мубориза бо неруҳои низомии шуравӣ барои озодии кишвар дар солҳои 1979-1989 ба ҳамагон маълум аст. Аҳмадшоҳ Масъуд, Исмоилхон, Забеҳулло, Ато Муҳаммади Нур, Басири Холид, Абдулҳақ Ҳақҷӯ  ва даҳҳо фармондеҳи дигари тоҷиктабор бо дастаҳои низомии зери итоати худ дар ҳифзи озодӣ ва истиқлоли Афғонистон бузургтарин саҳмро гузоштанд.
Аҳмадшоҳи Масъудро дӯсту душман бузургтарин стратеги ҷангӣ ва фармондеҳи шуҷоъ хонда, ӯро бо Абумуслими Хуросонӣ, Кутузов ва дигар лашкаркашони машҳури дунё қиёс мекунанд. Баъд аз ташкили давлат дар конфронси Бонн, Аҳмадшоҳи Масъуди тоҷик ягона фармондеҳе аст, ки ба ӯ унвони Қаҳрамони миллии Афғонистон дода шудааст. 
Тоҷикон дар даврони муқовимати солҳои 1996-2001 ҳастаи асосии мубориза бо "Толибон" ва терроризми байналмилалиро ташкил мекарданд. Аҳмадшоҳ Масъуд дар зарфи 5 сол бо неруи пурқуввати "Толибон", довталабони хориҷӣ ва, ҳатто қисмҳои муназзами артиши Покистон, террористони байналмилалӣ аз даҳҳо кишвари дунё муқовимат кард. Агар муқовимати тоҷикон ба раҳбарии устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд намебуд, бидуни шак Афғонистон дар ҳамон солҳои 90-уми асри XX пурра ба зери ҳукумати  "Толибон" ва гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ мегузашт ва пайомадҳои он имрӯз ғайри қобили тасаввур мебуданд.
Шурои ҷиҳодии танзимҳои Афғонистон дар Равалпиндии Покистон дар апрели соли 1992 қарор намуд, то баъд аз ҳукмронии думоҳаи Сибғатулло Муҷаддадӣ зимоми ҳукумати интиқолиро дар Афғонистон раҳбари ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба уҳда бигирад. Ин нишонаи пуштибонии васеи тамоми қавмҳои Афғонистон аз профессор Раббонӣ, эътирофи қудрати сиёсӣ ва низомии тоҷикон ва саҳми онҳо дар муборизаи озодихоҳонаи мардуми Афғонистон буд. 
Ҳамаи ин намунаҳо аз нақши тоҷикони Афғонистон дар таърихи ин кишвар ба он хотир оварда мешаванд, ки мутаассифона, баъзе  намояндагони гурӯҳҳои қавмгарои паштун ҳоло ҳам тоҷиконро ба ҳайси мардумони бумии ин кишвар шинохтан намехоҳанд  ва шиори “Афғонистон - барои афғонҳо (паштунҳо)-ро пеш кашида, қудрати сиёсиро ҳаққи инҳисории худ медонанд. Ҳатто, яке аз раҳбарони ҷунбиши “Толибон” дар соли 1998 вақте Мазори Шарифро ишғол карданд, гуфта буд: “Афғонистон барои афғонҳост ва тоҷикон бираванд ба Тоҷикистон, ӯзбекҳо ба Ӯзбекистон ва ҳазораҳо ба Эрон”.
Дар соли 1992 ҳам баъзе доираҳои сиёсӣ ва қавмгарои паштун ба сари қудрат омадани профессор Бурҳониддин Раббониро қабул накарданд ва барои сарнагунии ӯ ҷангҳои хунинро ба роҳ андохтанд. Нокомӣ дар сарнагунии давлати Раббонӣ боиси зуҳури  ҷунбиши «Толибон» гардид, ки дар соли 1996  ҳукумати Раббониро маҷбур сохт, то аз Кобул ақибнишинӣ намояд. 
Намояндагони ин гурӯҳҳо устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъудро «Сақавии дувум» хонданд (Сақавии аввал Ҳабибулоҳи Калакониро меномиданд). Зеро  баъд аз  Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бори дувум дар таърихи Афғонистон як тоҷик зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Паштунгароёни мутаассиб  китоберо бо номи “Довоме Сақавӣ” (“Сақавии дувум”) ба нашр расонданд, ки муаллифаш номи мустаори Самсури Афғон навишта шуда буд.  Дар он китоб манифестеро ё тарҳеро бо мақсади паштунсозии Афғонистон ҷой кардаанд, ки аз 13 банд иборат аст. Ҳоло ин гурӯҳи паштунгаро дар байни қавмҳои ғайрипаштун бо номи самсуриҳо ва манифесташон бо номи “Манифести фашистҳои Афғонистон” шуҳрат дорад. Дар ин ҷо фақат ба таври кӯтоҳ аз чанд моддаи ин манифест ёд мекунем.
Ин  манифести 13 моддаӣ ба "Толибон", ки он вақт Кобулро ишғол карда буданд, супурда шуд ва "Толибон" агар пурра Афғонистонро ишғол мекарданд, бояд онро амалӣ менамуданд. Дар моддаи дувум гуфта мешуд, ки танҳо мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби расмӣ бояд бошад,  расмӣ кардани мазҳаби шиа дар паҳлуи ҳанафӣ ихтилофро ба вуҷуд меорад. 
Дар моддаи севум гуфта мешавад, ки дар баробари ваҳдати динӣ бояд “афғон” ва “афғоният” барои мардуми Афғонистон  алфози муносиб бошанд. Ва афғоният ва афғон (паштун будан)  бояд дар руҳу равони мардум ва зеҳну  фикри мардум тазриқ ва таблиғ шавад... паштунҳо ду баробар бештар аз ақвоми дигар мебошанд???... Зарурати рушд ва ҳамагонӣ сохтани забони паштуро ҳамчун  унсури асосии ваҳдати миллӣ таъкид мекунад ва моддаи чорум паштуро  омили бузург ва асосӣ дар сохтани “миллати афғон” шумурдааст.
Дар моддаи 5 омадааст:  “Барои ин ки дар шимоли кишвар умедҳо аз стратежии дарозмуддати русҳо ва кишварҳои тозаинтихобшуда барои абад ба нокомӣ рӯ ба рӯ шавад, шумори зиёде аз  паштунҳои ҷануб, шарқ  ва ҷанубу ғарби кишвар ба таври ҷамъӣ ва инфиродӣ ба шимоли Афғонистон мунтақил ва маскангузин шуда, барояшон замин тавзеъ шавад... нафъи он барои паштунҳо ин аст, ки паштунҳо монанди камарбанде давродаври кишвар бояд  мусаллат бошанд ва таносуби қавмӣ дар шимоли кишвар низ (ба таври ҷабрӣ) риоят ва монанди деворе дар баробари русҳо бошад”.
Моддаи 6. “Дар шимоли шаҳри Кобул даште афтода ба номи Дашти Чимтала. Ба хотири амнияти доимии шаҳри Кобул ин минтақа бояд барои мардумони паштуни ҷануб, шарқ ва ҷанубу ғарб ба номи сарпаноҳ тавзеъ шавад ва бо хонаводаҳошон дар ин манотиқ ҷобаҷо шаванд ва ҳимоят шаванд ба номи хонаводаҳои шаҳидон. Суди он барои паштунҳо ин аст, ки аввал онҳо соҳиби замину зиндагӣ  мешаванд ва аз сӯйи дигар монанди камарбанде бар атрофи Кобул мусаллат мешаванд, то касе дигар сар баланд накунад”.
Дар моддаҳои 7-8 тавсия шудааст, ки тақсими заминҳоро дар атрофи майдони ҳавоии Хоҷа Равош то майдони ҳавоии Багром ва заминҳои давлатии аз шимоли Кобул то Соланг ба таври ҷамъӣ ба ақвоми паштун анҷом шавад. Дар ин минтақаҳо барои ҳифзи тавозун ва надодани имкони бағоват алайҳи ҳокимияти паштунҳо аз миён бурда мешавад.  Ба фикри Самсур  “бо ин роҳ ҳам минтақаҳо обод мешаванд ва  ҳам амният ба Кобул бозмегардад ва аз такрори юриши Сақовиҳо ба Кобул ҷилавгирӣ мешавад. Зеро тайи сад соли охир ду бор ёғиёни шимолӣ  аз ҳамин масирҳо ба Кобул омада, қудратро аз паштунҳо гирифтаанд ва Кобулро табоҳ кардаанд”.
Дар банди 9 пешниҳод шудааст, ки сокинони Панҷшер пурра ба вилоятҳои ҷануб, шарқ ва ҷунубу ғарб кӯчонида шаванд ва Панҷшер пурра аз ин мардум тахлия гардад. Ба панҷшериҳо дар он манотиқ ба андозаи заминашон дар зери салтаи паштунҳо замин дода шавад. 
Самсур ин корро барои он гуфт  таъкид кардааст, ки  “бегонагон андешаи саркаширо ба муқобили паштунҳо дар панҷшериҳо тазриқ кардаанд”. Ба ҳамин шакл нисбат ба марзҳои Эрон ҳам  пешниҳодҳое кардааст. 
Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳукумати Ҳ. Карзай ва А. Ғанӣ кӯшишҳое барои амалӣ намудани ин, махсусан дар атрофи Кобул, рӯи даст гирифта шуд.
Чуноне маълум аст, баъд аз конфронси Бонн нухбагони сиёсии паштун барномаи  тадриҷан маҳдуд кардани мавқеи намояндагони ақвоми дигарро  зери шиори мубориза бо “ҷангсолорон” рӯи даст гирифтанд. Пеш аз ҳама, мардум дар манотиқи ғайрипаштун халъи силоҳ шуданд.
Дар ҷараёни таҳия ва қабули Қонуни асосии Афғонистон тавонистанд муқарраротеро дохил намоянд, ки манфиати онҳоро дар дарозмуддат ҳифз мекард. Аз ҷумла, новобаста ба мухолифати гурӯҳҳои ғайрипаштун, низоми сиёсии Афғонистон низомӣ раёсатӣ эътироф гардида, ба президенти кишвар салоҳиятҳои бисёр васеъ дода шуд, суруди миллӣ танҳо ба забони пашту қабул шуд, истифодаи истилоҳоти расмӣ танҳо ба забони пашту ҳифз шуд; барои кӯчиён, ки ҳама паштунанд 10 ҷой дар Шурои намояндагон (палатаи поёнии парламент) ҷудо карда шуд.
Дар моддаи шонздаҳуми Қонуни асосӣ чунин ишора гардидааст: «пашту ва дарӣ забонҳои расмии давлатӣ мебошанд. Дар минтақаҳое, ки аксари мардум ба яке аз забонҳои ӯзбекӣ, туркманӣ, пашаӣ, нуристонӣ, балучӣ ва ё  помирӣ суҳбат мекунанд, он забон, илова бар пашту ва дарӣ, ба ҳайси забони сеюми расмӣ мебошад…» Дар Қонуни асосии Афғонистон зикр намудани забонҳои помирӣ ва дар минтақаи сукунаташон ба ҳайси забони сеюми давлатӣ донистани он аз дӯстдории паштугароён ба забони ин мардум нест, балки мехоҳанд тоҷиконро, забони форсӣ ё дарӣ-тоҷикиро пора-пора созанд.
Гузашта аз он, Идораи эҳсоияи (омори) Афғонистон дар варақаи дарёфти шиносномаҳои электронӣ дар банди “сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ” забонҳои форсии Эрон ва тоҷикии Тоҷикистонро ҳамчун забони хориҷӣ илова намуд. Ин иқдом  вокунишҳои тундеро дар миёни мардум  ба вуҷуд овард ва Идораи эҳсоия маҷбур шуд, забонҳои форсию тоҷикиро  аз бахши “забонҳои хориҷӣ”-и  варақаи дарёфти шиносномаҳои электронӣ берун созад.
Инчунин, дар моддаи 4 Қонуни асосӣ қайд шудааст: “Ба ҳар фард аз афроди миллати Афғонистон дар тазкираи тобеият  (шиноснома) калимаи афғон итлоқ мешавад”. Яъне, ҳувияти ҳама сокинон хоҳ тоҷик аст, хоҳ ӯзбеку ҳазора ва ғайра афғон навишта мешавад.
Ҳангоми қабули қонуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон “Дар бораи сабти аҳволи нуфус” дар парлумон ин масъала ҳал шуда буд ва дар шиносномаҳо дар сутуни миллат “Афғонистон” бояд навишта мешуд, на “афғон”. Раиси ҷумҳури Афғонистон А. Ғанӣ ин қонунро имзо намуд. Аммо дар зери фишори баъзе гурӯҳҳои қавмгаро ӯ баъд аз чанд муддат  ин қонунро баргардонд ва як комиссияи муштарак аз ду маҷлиси Шурои миллӣ сари ин санад баҳс намуда,  қарор кард, ки мисли пештара дар тазкираҳо дар сутуни “миллат” калимаи “афғон” ба ҳама сокинони Афғонистон навишта шавад. 
Иқдоми дигари А. Ғанӣ, тақсими қавми тоҷик ба хурдтаборҳои сохтагӣ ва ғайриилмӣ ва ҷудосозии онҳо аз баданаи аслӣ ва бузурги тоҷик аст. Ҳадафи аслии ин иқдомро тоҷикони ин кишвар “аксариятсозӣ барои паштунҳо”, “тақсими ақвоми дигар, ба вижа тоҷикон ба ақвоми кӯчак ва маҳрум сохтани онҳо аз ҳувияти бузурги тоҷикиашон” хонданд.  Мутахассисон ба ин назаранд, ки агар  бо айни меъёрҳо паштузабонҳоро шиносоӣ ва номгузорӣ кунем беш аз сад қавм дар он вуҷуд дорад, ки дорои хусусиёти таърихӣ, забонию фарҳангӣ ва, ҳатто, нажоди мутафовит  аз ҳам собит мешаванд. Аммо паштун ба маънои гӯяндагони забони пашту ҳисоб шуда,  талош мегардад, то  зери ин ном  маҷмуаи бузургеро гирд оварда, аксариятсозӣ кунанд. Аммо баръакс, тоҷикон ва форсизабононро тақсим ва боз ҳам ба содот, помирӣ,  мунҷонӣ, санглечӣ,  ишкошимӣ, рӯшонӣ, вахонӣ, шуғнонӣ,  сакоӣ,  яфталӣ ва ғайра тақсим карда, ҳувияти тоҷикиашонро инкор мекунанд. Аз рӯи чунин тақсимбандӣ устод Раббонӣ тоҷик нест,  ӯ яфталӣ аст.
Ҳамин сиёсати афғонмеҳвар ва ё паштунмеҳвари роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ихтилофҳои қавмӣ шиддати бештар бахшид, интихоботҳои президентиро  ҷанҷолбарангез ва пуртақаллуб сохт ва ба ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ то ҷое ранги қавмӣ дод ва ба мубориза бо мухолифони давлат таъсири амиқ гузошт. То ҷойе, ки то охир як таърифи ягона аз "Толиб" ба вуҷуд наомад. Агар гурӯҳҳои сиёсии қавмҳои ғайрипаштун, "Толибон"-ро террорист донанд, собиқ президенти он кишвар Ҳомид Карзай онҳоро бародар ва президенти фирорӣ Ашраф Ғанӣ - мухолифони сиёсӣ мехонд. Ҳамин омил сабаб шуд, ки рӯз ба рӯз нуфузи “Толибон” афзоиш ёфт. 
Нуқтаи баландтарин ва нангини ин қавмбозию қавмгароиҳо ба "Толибон", яъне ба як созмони эътирофшудаи террористӣ супоридани Афғонистон буд. Рӯзномаи “Ҷумҳурии Исломӣ” нашрияи Теҳрон, гузориши изҳороти Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури фирории собиқи Афғонистонро дар суҳбат бо як гурӯҳ аз паштунҳо дар Абу-Дабӣ дар бораи аъмоли хиёнаткоронааш дар таслими Афғонистон ба “Толибон” мунташир кардааст.
Ба гузориши “Спутник”, бо нақли қавл аз ин рӯзнома, Ғанӣ, аз ҷумла чунин мегӯяд: “ Ман он чиро, ки ба шумо мегӯям, таърих ва фарзандони мо ва шумо онро бо хатти заррин менависанд... кореро, ки ба сарманзили мақсуд расонидам, на Амонуллохон тавонист, на Довудхон ва на доктор Наҷиб ин аст, ки  тамоми сарзаминро оқилона ва моҳирона аз Помир то Турғундӣ ва аз Исломқалъа то Турхам, аз Нуристон то Кобулу Қандаҳор ва Ғазнию Бомиёну Урузгон ба моликҳои аслиашон супоридам (ба паштунҳо – Қ. И.). Ин ҳам на бо дастҳои холӣ, балки бо қули урдуҳо (корпуси низомӣ) ва салоҳу муҳимот. Ин кор сода набуд”. Ӯ илова намудааст, ки “бо чанд ҳамфикри дигар... ба ин натиҷа расидем, ки аз шарри Шимол, Рашиди Дӯстум, тоҷик ва ӯзбеку ҳазора халос шавем. Барои ин фақат як роҳ буд, он ҳам ҳузури қотеъю фотеҳи "Толибон"-у бас”.
Ба назар мерасад "Толибон", ки як гурӯҳи на танҳо террористӣ, балки гурӯҳи қавмӣ мебошанд, кӯшиш мекунанд барномаи паштунсозии кишварро ба охир расонанд.  Як ҳукумати умдатан паштунӣ аз як гурӯҳи хос ташкил намуда, намояндагони ақвоми дигарро аз қудрат маҳрум сохтанд, тамоми навиштаҳо, ҳатто дар хурдтарин нуқтаи савдо ба пашту иваз шудааст, дар идороти давлатӣ, ки роҳбарон ва маъмурини баландрутба паштунҳо мебошанд, кӯшиш мешавад коргузорӣ ба забони пашту сурат гирад.
Аз ҳама хатарноктар таҳдиду фишорҳои "Толибон" ба тоҷикон, бо баҳонаи ҳамкорӣ бо низоми гузашта мебошад. Бо баъзе маълумотҳо ҳамин ҳоло дар зиндонҳои "Толибон" аз 26 то 30 ҳазор тоҷик зиндонӣ шудааст.
Бо ҳама даъвату фишорҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи ташкили ҳукумати инклюзивӣ "Толибон" ҷавоби рад додаанд. Вазъият ба дараҷае расидааст, ки ҳатто баъзе аз шахсиятҳои фарҳангии паштунтабор, ки бо қавмпарастӣ шуҳрат ёфтаанд,  ин амали "Толибон"-ро маҳкум мекунанд. Ба таври мисол дар шабакаҳои иҷтимоӣ мактуби саркушодаи  Абдул Борӣ Ҷаҳонӣ сиёсатмадор, шоир ва нависандаи маъруфи забон ва адабиёти пашту, ки дар миёни паштунҳо ҳаводорону ҷонибдорони зиёд дорад, ба нашр расидааст. Дар ин мактуб бо муроҷиат ба сарони  "Толибон" Ҷаҳонӣ менависад: ” Бо зӯр ба даст овардани қудрат имконпазир аст, аммо таърих собит кардааст, ки қудратро бо зӯр нигоҳ доштан ғайриимкон аст. Бояд ба шумо ишора намоям, ки на паштунҳо ва на ягон қавми дигари Афғонистон ҳақ надоранд, ки қудратро инҳисор кунанд ва қавмҳои дигарро, ки мисли паштунҳо садҳо ва ҳатто ҳазорон сол пеш дар ин сарзамин ба сар мебаранд, аз қудрат маҳрум созанд ва ба ҳошия биронад. 
Қудрат дар низоми кунунии шумо на танҳо дар дасти паштунҳо, балки бахусус дар дасти "Толибон"-и ҷанубу ғарбӣ ё ба истилоҳ “Қандаҳори бузург” аст. Шумо бо ин амал тамоми қавмҳои Афғонистон, аз ҷумла тоҷикону ҳазораҳо, ӯзбакҳо, туркманҳо ва дигар қавмҳои хурдтар ва ҳатто паштунҳои ғайриқандаҳориро аз худ нороҳат намуда, ҳамаро нисбат ба паштунҳо, бахусус сокинони ҷанубу ғарби кишвар ноумед кардед”. 
Ба назар мерасад, ки "Толибон" нақша доранд сиёсати кӯч додани паштунҳоро ба шимоли кишвар ва атрофи пойтахт-шаҳри Кобул вусъат бахшанд ва ҳамон нақшаи  Самсури Афғонро дар бораи аксариятсозии паштунӣ дар шимол мавриди татбиқ қарор диҳанд. Барои мавриди иҷро даровардани он барнома сохтмони канали Қӯштеппа ба дарозии 285 км, аз дарёи Ому, ки дар назар аст беш аз 700 ҳазор га заминҳо обёрӣ шаванд, метавонад ҳамчун баҳонаи муносибе истифода шавад.
Бо ҳама кӯшишҳои гурӯҳҳои қавмгаро нигоҳ накарда,  таърих собит месозад, ки дигар имкони тоҷиконро ба ҳошия рондан дар ин кишвар вуҷуд надорад. Ин сиёсатро, чуноне дар боло ёдовар шудем, на ҳама паштунҳо дастгирӣ мекунанд. Зеро бидуни ҳузури фаъоли тоҷикони Афғонистон ҳеҷ ҳукумате дар ин кишвар пойдор намемонад, ҳеҷ мушкили таърихии ин кишвар бе иштироки онҳо ҳал нашудааст. Тоҷикон дар меҳвари тамоми таҳаввулоти ин сарзамин қарор доштаанд. Ин сиёсат фақат метавонад муноқишаи бисёрсоларо ташдид бахшида, ба он бештар ранги қавмӣ диҳад, ки паёмадаш на танҳо барои худи ин кишвар, балки барои кишварҳои ҳамсоя ҳам ногувор хоҳад буд.

Қосимшо ИСКАНДАРОВ, доктори илмҳои таърих

Санаи нашр: 17.04.2023 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив