ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ОЗАРБОЙҶОН

САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ОЗАРБОЙҶОН

23 май 2024, Панҷшанбе
19
0
 
22-юми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, фарҳанг, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила, директори Агентии содирот, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардорони хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, иҷро ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
 
22-юми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос муовини якуми Сарвазири Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, роҳрав бо қолини сабз густурда шуд ва аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.
Иштироки Пешвои миллат дар маросими гулчанбаргузорӣ 
22-юми май дар доираи сафари давлатӣ дар Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба арзи эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар оромгоҳи Роҳбари миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.


Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив