ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҚТЕ СИТОРА МЕАФТАД...

ВАҚТЕ СИТОРА МЕАФТАД...

08 феврал 2023, Чоршанбе
50
0

Қалби боз як ҳунарманди маҳбуби дилҳо аз тапидан боз монд. Ин дафъа теғи аҷал риштаи ҳаёти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холовро бурид. Имрӯз ӯ озими сафаре гаштааст, ки роҳаш то хонаи охират аст. Бо он ки дорад аз дидаҳо ба қалбҳо маскан мегузинад, хотираи некаш ба ҳеҷ ваҷҳе аз оинаи ёдҳо зудуда нахоҳад шуд. Мисли оне ки роҳи дарозеро аз талу теппаҳои Кангурт то ба саҳнаҳои машҳури ҷаҳон тай кардааст, аз саҳнаи ҳунар ба ҷаҳони абадият роҳ дорад. 
22 декабри соли 1957, ҳине ки чашм ба олами ҳастӣ кушуд, барои хонавода як ҷаҳон шодиву сурур оварду кошонаро пурнур сохт. Чилахони беқарор паси боду боронҳо тохта, бо садои найи шубонону «Ман доғ»-и хирманкӯбон ба воя расид. Аз олами рангу бӯй дида, сеҳри наво ӯро бештар ба худ ҷалб карда буд. Овозаш мисли ҷуссаи қавиаш рӯз ба рӯз неру гирифта, ширадор мешуд. Вале кӯҳистониён овозхониро барои як бачамард шуғли ҷиддие намешумуранд. Ин ба Чилахони наврас низ, бетаъсир намонд. Бо он ки оҳангу навоҳои мардумӣ дар қалбаш ҷӯш мезаданд, пайи касби дигаре рафт. Он замон низ машғул шудан ба илмҳои дақиқ хеле қадр мешуд. Шомили  факултаи физикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) гашт. 
Дар баробари таҳсил мудом дар маҳфилу шабнишиниҳо овозхонӣ мекард ва узви фаъ-оли ансамбли «Наврӯз»-и Донишгоҳ буд. Ахиран муҳаббат ба ҳунару мусиқӣ баъди хатми Донишгоҳ ӯро ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон овард.
Соли 1986 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон Ансамбли фолклориву этнографии «Ганҷина» таъсис ёфт. Роҳбарии онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Зафар Нозимов ба уҳда дошт. Чилахон Холов бо дарёфти баҳои баланди ҳайати доварон ва бар асоси озмун ба ин дастаи овозадори ҳунарӣ шомил гашт. Чилахон Холовро бадеҳаи  «Бозубандамро бидеҳ»-аш, ки тариқи радиои ҷумҳуриявӣ шунавонда шуд, бо оммаи васеи дӯстдорони ҳунар шинос намуд.  
Чандин сол дар Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Телевизиони «Сафина» фаъолият намуда, ба Ансамбли фолклориву этнографии «Ганҷина» ва Ансамбли давлатии «Фалак» роҳбарӣ намудааст. 
Дар оғози фаъолияти эҷодиаш ба таронаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар дошт. «Кадудона», «Фалак», «Қошуқтарош», «Хамида мӯи сиёҳ» барин сурудҳояш дар қалби садҳо нафар мухлисони эҷодаш ба таври абадӣ ҷо гирифтанд. 
Минбаъд ба ашъори шуарои пешину муосир  муроҷиат  намуд ва дар ҳавои оҳангҳои хеш – «Тарки соғар», «Рӯи ту», «Муборак бошад», «Ёди Ватан», «Шаби борон», «Сад умед», «Бачагӣ», «Омад хазон», «Саломат мекунам» барин сурудҳо эҷод кард, ки писанди умум афтоданд. 
Яке аз дилдодагони ашъори ноби Ҳоҷӣ Ҳусайни  Кангуртӣ буд. Ғазалҳои ошиқонаву орифонаи ӯро касе чун Чилахон Холов бо эҳсосоти ширин насурудааст. 
Фарҳанг ва ҳунари миллии моро дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Бо дастаи ҳунарии «Ганҷина» ба Россия, Фаронса, Ҳолланд, Ҳиндустон, Ироқ ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.
Ҳаво низ мисли замин ва об хотираи хешро дорад. Ҳавои сарзамину хотироти мо низ, навои худро дорад. Садои Чилахон Холов бо ин наво ва ҳаво ҳамоҳанг хоҳад монд. 

«ҶУМҲУРИЯТ»   

Санаи нашр: 08.02.2023 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив