ГУМРУК. САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИВУ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Бонувони мақомоти гумруки Тоҷикистон, дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, дар татбиқи сиёсати давлатии дастгирии занон, таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳми назаррас мегузоранд. Дар Хадамоти гумрук, бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар хизмати давлатӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ, як силсила чорабиниҳои омӯзишӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ амалӣ мешаванд.
Ин тадбирҳо дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо ва ҷалби фаъолонаи бонувон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат роҳандозӣ мегарданд.
Хадамоти гумрук бо Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар чорабиниҳои гуногуни баргузорнамудаи Кумита иштирок мекунад.
Барои иштироки фаъол ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон як қатор бонувони мақомоти мазкур бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадр гардидаанд. Ба гуфтаи масъулин, чунин қадрдониҳо ба баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳавасмандии занон барои иштироки фаъол дар хизмати давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд.
Яке аз самтҳои муҳими корҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти гумрук такмили омодагии хизматӣ мебошад. Дар ин замина, барои бонувон машғулиятҳои амалӣ оид ба истифодаи силоҳ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ гузаронда мешаванд. Дар рафти машғулиятҳо кормандон бо талаботи бехатарӣ, қоидаҳои муомила ва истифодаи силоҳ шинос шуда, малакаҳои амалии худро такмил медиҳанд. Ҳамзамон, дар байни кормандони ҷавони мақомоти гумрук вохӯриҳо ва машғулиятҳои тарбиявӣ баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар чунин чорабиниҳо бонувони мақомоти гумрук низ фаъолона иштирок намуда, бо ҷавонон суҳбатҳои тарбиявӣ анҷом медиҳанд.
Бо мақсади баланд бардоштани нақши занон ҳамчун ҳомии арзишҳои оилавӣ ва муаррифгари фарҳангу суннатҳои миллӣ дар байни бонувони мақомоти мазкур озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор мегардад.
Дар рафти озмун иштирокчиён маҳорати кадбонугӣ, пухтупаз, тарзи ороиши дастархон ва риояи суннатҳои миллиро ба намоиш мегузоранд.
Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ба масъалаи либоси миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, бонувон бо намунаҳои либоси миллӣ ва аҳамияти риояи фарҳанги либоспӯшӣ шинос мешаванд.
Дар маҷмуъ, тадбирҳои дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозишуда ба татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи фарҳангу суннатҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ равона шудаанд.
Бояд гуфт, ки бонувони мақомоти гумрук бо меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва пешбурди хизмати давлатӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
