Мардуми сарбаланди Бадахшон дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвари маҳбубамон саҳми назаррас доранд
Мардуми сарбаланди Бадахшон дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвари маҳбубамон саҳми назаррас доранд
(Аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва
фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, 28-уми июни соли 2025)
Муҳтарам фаъолон ва намояндагони мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон!
Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хонаи обод ва саодати рӯзгор орзу намуда, дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки барои миллати тоҷик дар қатори дигар арзишҳои миллӣ неъмати бебаҳо ва муҳимтарин омили ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, ба ҳамаи шумо барору комёбӣ мехоҳам.
Басо хурсандиовар аст, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳру ноҳияҳои он мунтазам рушд ёфта, шароити зиндагии аҳолӣ нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардидааст. Дар робита ба амалисозии корҳои неку созанда, саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти кишвар ва барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат бори дигар ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати мамлакат масъалаи тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, бо ин мақсад дар замони истиқлол ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят 2620 гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҷудо намудааст.
Бинобар ин, барои самаранок истифода намудани тамоми захираву имкониятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд бо дарки масъулияти баланд муносибат намоянд.
Ҳамзамон, зарур аст, ки ҳангоми таҳия ва қабули барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда бояд ба масъалаҳои таъсиси ҷойҳои кории нав, саноатикунонии босуръат ва истеҳсоли молҳои дорои арзиши баланди иловашуда таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардад.
Масъалаҳои баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, сифати таълиму тарбия, тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ бояд таҳти назорати доимӣ қарор дода шаванд.
Шумо хуб медонед, ки асоси рушду тараққиёт ва шарти муҳимтарини заҳмати ободгаронаи мардуми кишвар оромиву субот, риояи қонунияту тартибот, яъне таъмин будани волоияти қонун дар ҷомеа мебошад.
Рӯйдоду таҳаввулоти пурпечутоби ҷаҳони имрӯза, бахусус ҷангу нооромиҳои шадид, гуреза шудани миллионҳо нафар одамони бегуноҳ, хароб гардидани садҳо шаҳри ободу таърихӣ ва осори фарҳанги ҷаҳонӣ бори дигар дастоварди ниҳоят пурарзиш ва неъмати бебаҳо будани истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро собит месозанд.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд бо ҳисси баланди худогоҳиву ватандӯстӣ истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо, асоси суботу оромӣ ва пешрафту ободонии кишварамон муқаддас шуморад ва онро ҳифз намояд.
Ҳадафи аслии ҳар яки мову шумо ободу зебо сохтани Ватани азизамон, беҳтар кардани шароити зиндагии халқамон ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи давлати соҳибистиқлоламон мебошад, ки ба ин васила мо тавонем барои наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар шароити хуби кору зиндагиро таъмин намоем ва ба онҳо як мулки пешрафтаро ба мерос гузорем. Вобаста ба ин, як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям: ғамхориҳое, ки давлат ва Ҳукумат барои наслҳои наврас ва муҳайё кардани шароиту имкониятҳои замонавӣ барои онҳо анҷом дода истодааст, танҳо дар сурате натиҷаву самараи нек медиҳанд, ки падару модарон, аҳли зиё, фаъолон ва умуман тамоми ҷомеа ба масъалаи таълиму тарбия ҳамчун асоси ояндаи обод эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.
Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои неку созанда зарур аст, ки ҳар як роҳбар ва корманди масъули сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хидматчиёни давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва махсусан, ҷавонон софдилонаву садоқатмандона фаъолият намоянд.
Он рӯз дур нест, ки мо бо дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷик, аз ҷумла сокинони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кишвари худро ба як давлати пешрафтаву мутамаддин, дорои шабакаҳои замонавии энергетикӣ, инфрасохтори пешрафтаи нақлиётиву сайёҳӣ ва сатҳи баланди хидматрасонӣ табдил медиҳем.
Бо ифтихор изҳор менамоям, ки мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, тақвияти сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ содиқона саъю талош менамоянд.
Инчунин, онҳо дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва умуман рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвари маҳбубамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли худ саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Эътимоди комил дорам, ки мардуми ватандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оянда низ барои пешрафти давлати соҳибистиқлол ва ободии Ватани аҷдодии худ талоши бештар мекунанд ва обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.
Орзуманди он ҳастам, ки Ҷашни муқаддаси Истиқлол имсолу солиёни дигар ба сарзамини биҳиштосои мо пешрафту шукуфоии рӯзафзун ва ободкориву созандагиҳои нав оваранд.
Ба кулли мардуми вилоят саломатӣ, иқболи нек ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.
Ҳамеша хонаободу сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!
Санаи нашр: 24.08.2026 №: 165
