«ҲИСОРИ ШОДМОН». РАДИОИ МАҲАЛЛӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД

21 октябр 2026, Чоршанбе
15


Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, муовинони раиси шаҳр ва собиқадорони соҳаи фарҳанг радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият оғоз намуд.
Дар маросими ифтитоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти радио оғоз бахшида шуд. Зикр гардид, ки ин иқдом дар самти рушди фазои иттилоотӣ, инъикоси дастовардҳои шаҳр ва боз ҳам наздик намудани воситаҳои ахбори омма ба мардум қадами муҳим ба шумор меравад.
Сипас, меҳмонон дар доираи сафари корӣ аз рафти татбиқи лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳалаи дуюм» аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Турдибобои деҳоти Дурбат дидан намуданд. Муассисаи мазкур барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, бунёди чунин иншооти соҳаи маориф барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот мусоидат менамояд.
Дар идомаи боздид раиси шаҳри Ҳисор ба деҳоти Шарора ташриф оварда, бо рафти корҳои асфалтпӯшкунии роҳ шинос гардид. Таҷдиду навсозии роҳҳо яке аз самтҳои муҳими корҳои ободониву созандагӣ буда, ба беҳтар шудани шароити ҳаракати нақлиёт ва зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Татбиқи чунин иқдомҳо дар баробари рушди инфрасохтори иттилоотӣ, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ ва ободонии роҳҳо ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор заминаи мусоид фароҳам меорад.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 20.10.2026 №: 203