ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШУРОИ БАЙНИДАВЛАТӢ ОИД БА СИЁСАТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ

ШУРОИ БАЙНИДАВЛАТӢ ОИД БА СИЁСАТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ

19 июн 2023, Душанбе
20
0
Дар шаҳри Санкт–Петербург ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва Ситод оид ба тафтишоти муштараки вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории кишварҳои ИДМ баргузор гардид. 
Тавре аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додаанд, дар ҷаласаҳои мазкур масъалаҳои вобаста ба чорабиниҳои асосие, ки дар доираи ИДМ баргузор мешаванд, баррасӣ гардиданд.
 
 
 
«ФАЪОЛИЯТИ ТАФТИШОТӢ: АЗ НАЗАРИЯ ТО АМАЛ»
Таҳти ҳамин унвон дар шаҳри Минск  Конфронси байналмилалии илмиву амалӣ доир гашт. Аз  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, ки дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. 
Иштирокдорон роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавиро дар самти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, нақши Конфронсро дар баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ назаррас арзёбӣ намуданд.
 
 
 
ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШ БАРОИ СУДЯҲО
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GmbH GIZ) дар Тоҷикистон бо ҷалби судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва тобеи ҷумҳурӣ тренинги омӯзиш баргузор намуд. 
Ба мо хабар доданд, ки тренинг ба мавзуи «Методикаи оғоз намудан, омодасозӣ ва муҳокимаи судӣ ва таҳияи ҳалномаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар мурофиаи даъвогӣ» бахшида шуда, онро судяҳои Суди Олӣ М. Пӯлодӣ ва Ш. Аланазарзода гузаронданд.
 
 
 
ВАЗЪИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НУРОБОД
Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Нуробод бо вазъи корҳои кишоварзӣ шинос шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст. 
Дар ҷараёни шиносоӣ доир ба рафти нашъунамо ва парвариши зироат, фаъолияти муътадили иншооти обрасон ва дигар масъалаҳо маълумоти муфассал дода шуд. Вазир аз масъулон иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Сарвари давлатро доир ба истифодаи самараноки замину об, хусусан кишту парвариши картошка талаб намуд.
 
 
 
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ
Дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ба Тоҷикистон байни ҳукуматҳои ду давлат Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ низ, ба имзо расид. 
Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки ҳадафи аз он ба роҳ мондан ва густариши  ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ ва, ба ин васила, тақвият додани маҷмуи бештари муносибатҳои ҳамкории ду мамлакат, аз ҷумла дар самти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мебошад.
 
 
 
ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ ТОПОГРАФӢ
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳи кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.  
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба мо хабар доданд, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, протоколи дахлдор ба имзо расид. 
 
 
 
«КОРВОНИ САЛОМАТӢ» ДАР «БОМИ ҶАҲОН»
Ҳаракати «Корвони саломатӣ», ки ба дастрасии бештари хадамоти тиббӣ ба аҳолии кишвар нигаронда шудааст, ба шаҳри Хоруғ расид. 
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба мо хабар доданд, ки дар  шуъбаи қабули беморхонаи вилоятӣ маризонро табибони ботаҷрибаи ҷумҳурӣ муоина карданд. Ташхис ва муолиҷаи беморон, аз ҷумла баъзе намуди ҷарроҳиҳои мураккаб, ба таври ройгон сурат гирифтанд.
Санаи нашр: 13.06.2023 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив