ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "ҲУНАР ОМӮЗ".  ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛ - ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ПОЙТАХТ

"ҲУНАР ОМӮЗ".  ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛ - ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ПОЙТАХТ

19 июн 2023, Душанбе
27
0
Дар Боғи «Ирам»-и пойтахт дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 оид ба гузарондани чорабиниҳои вобаста 
ба пешбурди ҳунарҳои мардумӣ Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз» баргузор гардид.
Фестивали мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи Фестивал муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Гулнора Ҳасанзода аз намоиши ҳунармандони тоҷик, ки намудҳои гуногуни маҳсулоти ресандагӣ, оҳангарию чӯбтарошӣ, бофандагӣ ва амсоли инҳоро ба маъраз гузоштанд, дидан намуданд.
 Нахуст, Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, изҳор дошт, ки дар саросари ҷумҳурӣ теъдоди ҳунармандони чирадаст сол ба сол зиёд шуда, маҳз саъю талоши онҳоро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабинию озмунҳо барои таҳким бахшидан ба кори ҳунармандӣ дар кишвар роҳандозӣ менамояд. Фестивал - озмуни «Ҳунар омӯз» аз ҷумлаи онҳост. Ҳадаф аз баргузории он рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстии мардум, ҳамчунин, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардондани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ ва тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида дар кишвар ва ҷаҳон мебошад. 
 Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ изҳор намуд, ки кишвари мо ҳамчун кишвари мутамаддини ҷаҳонӣ дорои фарҳангу анъанаҳои қадима буда, дар замони муосир ҳифзу нигоҳдошти он хеле муҳим ва зарур мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ, аз ҷумла соҳаи ҳунармандӣ, беш аз пеш меафзояд.
 Гуфта шуд, ки Фестивал – озмун аз 7 номинатсия – кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ, ҳамчунин, гаҷкорӣ, ойинабандӣ, кундалнигорӣ, заргарӣ, мисгарию оҳангарӣ, ороиш аз санг, кулолгарию читгарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ, попурӣ, намадмолӣ ва қолинбофӣ иборат буда, дар он ҳунармандон молу маҳсулоти худро дар се давр пешниҳод карданд.
 Моҳи майи соли 2023  даври якуми Фестивал дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюми он дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 278 нафар ҳунарманд бо пешниҳоди маҳсули дастранҷи худ иштирок намуд. Ба даври ниҳоӣ 96 нафар ҳунарманд аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифта, ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ карданд.
 Аз рӯи ҳар як номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муайян гардида, бо мукофотҳои пулӣ, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 сарфароз шуданд. Ба ғолибони ҷойҳои якум, масалан, аз рӯйи номинатсияи гаҷкорӣ ба ҳунарманд аз шаҳри Хоруғ Дастёр Ҳасанбеков ва аз рӯйи номинатсияи кандакорӣ ба ҳунарманд аз шаҳри Ваҳдат Мавлуда Асоева ҷоизаи «Ҳунарманди сол»  супурда шуд. 
Ҷамъбасти Фестивал – озмун бо барномаи фарҳангии ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ хотима ёфт. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.06.2023 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив