МУКОЛАМАИ СИЁСИЮ АМНИЯТӢ
Дар шаҳри Остона ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҷумҳурии мо низ, ширкат доштанд.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки зимни ҷаласа роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.
МУАРРИФИИ ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРКИЯ
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи TOBB ETU таҳти унвони «Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим» ҳамоиш баргузор намуд.
Дар он сафири Тоҷикистон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Туркия, устодони риштаи энергетикаи Донишгоҳ, инчунин, масъулони Идораи давлатии кор дар соҳаи об (DSI), сухан ронданд.
ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ
Муқовимат ба коррупсия дар сиёсати давлатии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ буда, баҳри пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.
Ин матлаб зимни вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони марказҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ироа шуд.
МУЛОҚОТИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БО РОБЕРТО ЛОНГО
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода бо директори Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Аврупо ва Осиёи Миёна Дина Салеҳ ва директори Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Роберто Лонго мулоқот кард. Ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳа табодули афкор намуданд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот роҷеъ ба лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ» изҳори назар шуд. Лоиҳа барои солҳои 2023 – 2030 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардида, маблағи умумии он 100 миллион долларро ташкил медиҳад.
ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ
Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид ва дар он ҳайати 30-нафараи соҳибкорону сармоягузорони ин мамлакат ширкат намуд.
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шарҳ доданд, ки ҳадаф аз баргузории Форум ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони Корея ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни сармоягузорию иқтисодӣ мебошад.
ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО ОИД БА БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ
Муовини директори ниҳоди СММ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва тавонмандбахшии занон “СММ-Занон” Элиза Фернандес Саенс бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо қарор дорад.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, вохӯрии роҳбарияти он бо Э. Ф. Саенс сурат гирифт. Дар рафти мулоқот рушди робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва “СММ-Занон” ва баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои бонувон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДӢ
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар Форуми иқтисодии байналмилалии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» шарҳ медиҳад, ки Россия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, даҳ соли охир дар сохтори гардиши савдои хориҷии мамлакат дар ҷойи аввал қарор дорад. Соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ байни давлатҳо 1 миллиарду 674 миллион долларро ташкил дод. Ин тамоюл дар 5 моҳи соли 2023 идома ёфта, гардиши савдои дуҷониба 16 дарсад рушд намуд.
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЗАРБОЙҶОН ДАР СОҲАИ САНОАТ
Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, алюминий ва нафт дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо вазири иқтисоди Озарбойҷон Микаил Ҷабаров дар Боку баррасӣ гардид.
Ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо самтҳои мушаххаси амалӣ гардондани тавофуқҳои ҳосилгардидаро муайян карданд.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)