ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАФАРОБОД. МУҲОҶИРОНИ ЭКОЛОГӢ ИМТИЁЗ ДОРАНД

ЗАФАРОБОД. МУҲОҶИРОНИ ЭКОЛОГӢ ИМТИЁЗ ДОРАНД

20 июн 2023, Сешанбе
27
0
Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд барои муҳоҷирони экологии ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштичу Спитамен, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар диданд ва сокинони маҳаллӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо мешаванд. 
 
Тибқи иттилои раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода, бо ин мақсад, 415 гектар замин ҷудо шуда, ҳоло аз ҷониби комиссия аризаҳои сокинон мавриди омӯзиш қарор доранд.
Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия (10 июн), ки хабарнигори рӯзнома дар он ҳузур дошт, 7 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла Даврон Сатторов, Умедҷон Абдуллоев ва Наргиза Атоева, барои гирифтани замин муроҷиат карданд. Онҳо иброз доштанд, ки дар як хона ду-се оила ба сар бурда, барои бунёди хона эҳтиёҷ ба замин доранд. 
Ба гуфтаи раиси комиссияи тақсимоти замин, ҳамзамон, муовини якуми раиси ноҳия Некмурод Ҷумъазода, теъдоди муҳоҷирони экологӣ 1000 оиларо ташкил дода, ба онҳо аз ҳудуди шаҳраки Меҳнатобод ва деҳоти ба номи А.Ҷомӣ заминҳои наздиҳавлигӣ дода мешаванд.
– Комиссия аризаҳои сокинони маҳаллиро, ки барои гирифтани замин пешниҳод шуда буданд, мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуда истодааст, ки кадом шаҳрванд воқеан, эҳтиёҷманд аст. Пас аз баррасии пурраи ин масъала тақсимоти заминҳо шуруъ мегарданд, – гуфт Некмурод Ҷумъазода. 
 
М. МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.06.2023 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив