ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТЗАЛ.  ҲУНАРНАМОИИ БОНУВОНИ ТОҶИКРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД, НА ХУРДАГИРӢ!

ФУТЗАЛ.  ҲУНАРНАМОИИ БОНУВОНИ ТОҶИКРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД, НА ХУРДАГИРӢ!

08 феврал 2023, Чоршанбе
51
0

 Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни бонувон, ки тимҳои миллии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Эрон ширкат доштанд, ба анҷом расид. Дастаи мунтахаби мо таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ бо ду бохт ва як пирӯзӣ зинаи сеюмро ишғол кард. Инчунин, ба мунтахаби мо ҷоизаи «Fair Play» (“Бозии одилона”) тақдим шуд. 

Дар чемпионат мунтахаби Эрон қаҳрамон гашт ва мизбонон мақоми дуюмро гирифтанд.
Футзалбозбонувони тоҷик дар ду вохӯрӣ аз тимҳои Ӯзбекистон (1:7) ва Эрон (0:16) шикаст хӯрда, мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 4:2 мағлуб намуданд.
Баъди бохт аз тими миллии Эрон бо натиҷаи бузург миёни ҳаводорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёд ба миён омад. Ҳунарнамоии футзалбозонро истеҳзо мекарданд. Ин дар ҳолест, ки мухлисон хуб медонистанд, ки дар Тоҷикистон ягон мусобиқа оид ба футзал байни бонувон вуҷуд надорад ва ҳайати тими миллиро футболбозбонувон ташкил медоданд. Ва ин ҳамагӣ дуюмин мусобиқаи футзал буд, ки онҳо ширкат доштанд. 
Ба андешаи Нодир Дӯсматов, коршиноси футзал, футбол ва футзал риштаҳои гуногуни варзишанд. Мутаассифона, ҳоло дар Тоҷикистон соле як-ду маротиба 10 рӯз пеш аз оғози мусобиқаҳо бонувоне, ки ба футболи калон машғуланд ба тими миллии футзал ҷалб гардида, тамрин дода мешаванд. Дар ин фосилаи кӯтоҳ омӯхтани нозукиҳои бозии футзал барои духтарон хеле душвор аст. Агар дилхоҳ ситоди мураббиёни маъруфро даъват намоем ҳам, барои такмили маҳорати хуб коре аз дасташон намеояд. Мо ин ҷузъиётҳоро ба инобат нагирифта, ҳангоми бохтҳои калон онҳоро маҳкум мекунем. Ин тавр набояд кард, баръакс қадами аввали онҳоро дастгирӣ намудан лозим, зеро аз хурдагирӣ суде ба даст нахоҳад омад. 
– Иқтидори дастаи занонаи футзали Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳамин қадар аст. Хушбахтона, бонувони мо сарфи назар аз ҳамаи мушкилоти мавҷуда, омодаанд шарафи кишварро ҳимоя намоянд. Бояд барояшон аҳсан хонд! Агар мо хоҳем, ки натиҷаи хуб ба даст орем, пас бояд кӯшиш кунем, ки барои онҳо ҳама шароитҳоро муҳайё созем. Аввал, ташкили лигаи футзали занона чун обу ҳаво зарур аст. Дуюм, соле чанд маротиба доир кардани тамринҳои дастаҷамъонаи тими миллӣ ва баргузор намудани бозиҳои байналмилалии рафиқона бо мунтахабҳои пурқувват, аз ҷумла Эрон ва Россия, муҳим мебошад. Дар сурати анҷом додани чунин корҳо пас аз 4-5 сол мо метавонем аз онҳо натиҷаи дилхоҳро интизор шавем, – мегӯяд Нодир Дӯсматов. 
Мадина Фозилова, капитани тими миллӣ низ ба танқидҳо вокуниш нишон дода, иброз дошт, ки барои рушди футбол ва футзали занона бояд маблағгузорӣ зиёд шавад. Мушкилиҳои мавҷуда бартараф гарданд. Шароити футзали бонувон дар кишвар бояд мисли шароити футзали мардона бошад. 
Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва рушди футзал миёни бонувон Федератсияи футболи Тоҷикистон иқдомоти муҳимро рӯи даст гирифтааст. Дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” Абдулло Соқиев, корманди Федератсияи футболи Тоҷикистон, иброз дошт, ки аз моҳи ноябри соли ҷорӣ то марти соли 2024 бори аввал дар кишвар миёни занону бонувон мусобиқоти футзал баргузор мегарданд. 
Ба андешаи ӯ, баргузор кардани чемпионату мусобиқоти гуногун оид ба футзал солҳои оянда ҳаводорони ин риштаи варзишро байни занону духтарон зиёд менамояд. Сипас, футзали занона давра ба давра рушд меёбад. 
Яке аз бахшҳои барномаи «Орзу – 2026» дар кишвар рушди футболи занона мебошад. Дар иртибот ба ин, Абдулло Соқиев иброз дошт, ки дар доираи ин стратегия рушди футзал миёни бонувон низ дар назар аст. 
Таҷрибаи ташкили Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон, чемпионатҳои Тоҷикистон байни духтарони 13,15 ва 17-сола нишон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ метавон футболро миёни бонувон оммавӣ кард. Ҳоло теъдоди бонувони футболбоз ва дастаҳои футболи занона торафт зиёд шуда истодааст. 
Абдулло Соқиев гуфт, ки ҳоло дар чемпионатҳои болозикр 60 даста аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат менамоянд. 
– Соли гузашта мо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 дастаи духтаронаи то 13-сола ташкил карда, миёни онҳо мусобиқа баргузор намудем. Гузашта аз ин, ҳар сол дар 10-12 шаҳру ноҳия фестивали футбол барои духтарони аз 6 то 12-сола доир мекунем, ки ба он беш аз 3000 нафар ҷалб мешавад, - гуфт Абдулло Соқиев. 
Умед мебандем, ки роҳбарияти ФФТ барои рушди футзали занона нақшаву барномаҳои муайянро рӯи даст гирифта, дар солҳои наздик ин риштаро миёни бонувон оммавӣ мегардонад. Ва мунтахаби футзали бонувон кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзанда муаррифӣ менамояд. 

Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”  

Санаи нашр: 08.02.2023 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив