ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ  БО МАРАТ ҲУСНУЛЛИН

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ  БО МАРАТ ҲУСНУЛЛИН

21 июн 2023, Чоршанбе
6
0
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуд. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки  ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия ва зарурати идомаи талошҳои тарафҳоро ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби сармояи мустақим дар раванди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва муҳоҷират мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
 
 
4898,6 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ 
Хароҷоти соҳаи суғурта ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2023 ба маблағи 4898,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, барои сохтмону навсозии биноҳои маъмурӣ ва таълимии соҳа 17,5 млн сомонӣ ҷудо шудааст. 
Дар ин хусус зимни муҳокимаи парлумонӣ дар мавзуи «Вазъи иҷрои Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021–2025», ки бо ташаббуси кумита  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баргузор шуд, хабар доданд. 
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад, ба ҳолати 1 январи соли 2023, дар ҷумҳурӣ 159 ҳазору 146 маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 32 ҳазору 382 нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд. 
 
 
МАСИРИ НАВ ДАР САМТИ ТАНЗИМИ ИДОРАИ ХАВФҲО 
Бо ибтикори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Вена Конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он дар қатори зиёда аз 200 намояндаи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва тарафҳои манфиатдори бозорҳои сармояи Осиё, Аврупо ва Африқои Шимолӣ намояндагони Тоҷикистон низ, ширкат доштанд. 
АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Конфронс барои мушаххас намудани масирҳои нав ва омӯзиши таҷрибаи беҳтарин дар самти танзими идораи хавфҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим, тақвияти иқтидори муассисаҳои молиявӣ ва идораи корпоративии иқлим зимни вокуниш ба тағйирёбии он имконияти васеъ фароҳам овард.
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ. ФОРУМ 150 СОҲИБКОРРО БА ҲАМ ОВАРД
Имкониятҳои иқтисодӣ ва фазои сармоягузории ҷумҳурӣ дар Форуми Тоҷикистону Корея муаррифӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Форум бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ созмон ёфт ва дар он беш аз 150 соҳибкори Тоҷикистону Корея иштирок намуд. Ба доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Корея фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиянок, аз ҷумла саноат, энергетика, бонкдорӣ ва сайёҳӣ, муаррифӣ шуданд.
 
 
 
ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН. МУЛОҚОТИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ
Дар шаҳри Гулистон мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сарҳад баргузор гардид. Ҳайати вилояти Суғдро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва вилояти Бодкандро намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон Абдукарим Алимбаев роҳбарӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҷонибҳо мушкилоти мавҷударо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуда, барои таъмини амнияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ тадбирҳои заруриро дар амал тадбиқ месозанд. 
 
 
ДДОТ.  ҚАБУЛИ БЕШ АЗ 1000 ДОНИШҶӮИ ЧИН
Мутобиқи Созишномаи ҳамкорӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати «Технологияи таълими Shangdon Daliangzao»-и Чин аз аввали соли нави таҳсил қабули довталабонро дар шакли таҳсили фосилавӣ ва ҳузурӣ дар зинаи магистратура оғоз менамоянд.
Аз Донишгоҳи омӯзгорӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки Созишнома  дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷҳои Чин таҳия шуда, раёсати Донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифтани ин хатмкунандагонро дар зинаи магистратура ба роҳ мемонад. 
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив