ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 39 ОМӮЗГОР СОҲИБИ ХОНА ШУД.  ИБТИКОРИ ШОИСТАИ ДМТ

39 ОМӮЗГОР СОҲИБИ ХОНА ШУД.  ИБТИКОРИ ШОИСТАИ ДМТ

21 июн 2023, Чоршанбе
7
0
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ 39 омӯзгору корманди илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби манзили истиқоматии хидматӣ шуд. Хурсандии устодони Донишгоҳро интиҳо набуд, зеро баъд аз солҳои дарози таълиму тарбия ва хидмати содиқона дар соҳаи маориф ниҳоят дар пойтахти кишвар соҳиби манзил гардиданд.
Ифтитоҳи бино ва супурдани калиди хонаҳо бо иштироки Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири мамлакат, Муҳаммадтоир Саидзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Насиба Содиқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба илм, Абдулхолиқзода Лутфия, муовини вазири маориф ва илм, Иброҳим Мирзозода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шабнам Раҳимзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуд.
Зикр гардид, ки иқдоми мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид. Мутахассисони варзида, аз ҷумла ассистентон, муаллимони калон ва як зумра омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ шуданд ва ба орзуи деринаашон расиданд.
Бинои мазкур аз 4 ошёна иборат буда, мувофиқи хулосаи ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП” – “Оид ба санҷиши ҳолати техникии иншоот” ба талаботи меъёри сохтмон ҷавобгӯст. 
Матлубахон Сатториён изҳор дошт: “Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои муаззами миллат аст ва дастгирии омӯзгорон зери таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ ва супурдани ҳуҷраҳои он ба омӯзгорон ва кормандони ҷавони Донишгоҳ дастгирии навбатии Сардори давлат дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳои таҷлили 35-умин солгарди Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад”.
Қобилҷон Хушвахтзода иқдоми навбатиро маҳсули сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат ва дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба аҳли  маориф туҳфаи хотирмон номид.
Ҳамзамон, ба ин муносибат, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 25 фарзанди омӯзгорону кормандон туҳфаҳои ҷашнӣ тақдим гардид. 
Таъкид шуд, ки чунин тадбирҳо устодону кормандони маорифро водор менамоянд, то бо дасту дили гарм ва масъулияти дучанд баҳри шукуфоии бештари кишвари азизамон кору фаъолият баранд.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив