“РОҲҲО БА ПАРИЖ”. КОНФРОНСИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ВЕНА
Бо ибтикори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва дастгирии Фонди ҷаҳонии муҳити зист (GEF) 6-7 июни соли 2023 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия Конфронси сатҳи баланд дар мавзуи “Роҳҳо ба Париж” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 намояндаи бонкҳои марказӣ/миллӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, танзимгарони молиявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва дигар тарафҳои манфиатдори бозорҳои сармояи Осиё, Аврупо ва Африқои Шимолӣ ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур дар доираи ҳамкорӣ бо БАТР намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок доштанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки баргузории Конфронс барои мушаххас намудани масирҳои нав ва омӯзиши таҷрибаи беҳтарин дар самти танзими идоракунии хавфҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим, тақвияти иқтидори муассисаҳои молиявӣ ва идоракунии корпоративии иқлим зимни вокуниш ба тағйирёбии он, банақшагирии гузариш ва вусъат додани амалиёти молиявии сабз имконияти васеъ фароҳам овард.
Чорабиниро мудири идорӣ, роҳбари Гурӯҳи ташкилотҳои молиявӣ дар БАТР Франсиз Малиҷе ифтитоҳ намуда, диққати ҳозиринро ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили дурнамои танзиму назорат дар пасманзари имконияту хатарҳои марбут ба иқлим, пешбурди ҳадафҳои Созишномаи Париж (Paris Agreement) тавассути ифшои маълумот оид ба иқлим ва рушди устувор ҷалб намуд.
Дар баробари ин, масъалаҳои таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ба иқлим, омода намудани нақшаҳои гузариш (transition plans) ва дастгирии гузариш ба иқтисоди сабз, идоракунии хавфҳо ва имкониятҳои ҷойдошта дар самти истифодаи навовариҳо ва технологияҳои иттилоотӣ, рушди бозори коғазҳои қиматноки сабз, суръатбахшии афзоиши иқтидори бозорҳои сармоягузорӣ ва қарзии сабз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва, инчунин, зарурати дастгирии молиявии масъалаҳои зикргардида аз ҷониби муассисаҳои молиявии пешқадам мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар идомаи чорабинии мазкур Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки “Арванд” дар озмуни солонаи БАТР оид ба рушди устувор ва ҳалли масъалаҳои муҳити зист ва иҷтимоӣ, афзоиши самарабахшии энергия ва муқовимат бо тағйирёбии иқлим сазовори ҷоизаи нуқра гардид.
Як нуқта боиси зикр аст, ки иштирок дар чорабинии мазкур бо назардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Созишномаи Париж оид ба иқлим дар таҳияи нақшаи гузариш ҷиҳати тобоварӣ ба хатарҳои марбут ба иқлим, омӯзиши таҷрибаи бонкҳои марказӣ ва муассисаҳои молиявӣ дар самти татбиқи стратегияҳои иқтисоди сабз, эҷоди тиҷорати устувори молиявии сабз, баҳогузорӣ ва идоракунии хавфҳои дигаргунии иқлим заминаи мусоид фароҳам овард ва Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ин масъалаҳо дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд чораандешӣ хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2023 №: 127
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)