ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ НБО “СЕБЗОР”

ВМКБ.  БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ НБО “СЕБЗОР”

21 июн 2023, Чоршанбе
18
0
Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа Шофақир, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ, раиси ноҳия Аъзам Шомирзозода аз мавзеи бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор” дидан намуданд. Дар ҷараёни боздид гурӯҳи корӣ ба рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии толори мошинҳо аз наздик шинос гардид. 
Ба вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва ҳайати ҳамроҳ намояндагони Ширкати “Помирэнержи” иттилоъ доданд, ки дар ин қисмати иншооти муҳим корҳои заминӣ ба анҷом расонда шуда, бетонхобонӣ дар зербинои толори мошинҳо идома дорад. Мавсуф диққати мутасаддиёни сохтмони ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва Ширкати “Помирэнержи”-ро ба суръатбахшии корҳои бунёдӣ ва дар навбати аввал ба анҷоми босифати корҳо ҷалб намуд. Дастур дода шуд, ки корҳо мутобиқ ба меъёрҳои баланди сохтмонӣ ба роҳ монда, ба раванди корҳо мутахассисони беҳтарин ҷалб карда шаванд. 
Пас аз шиносоӣ бо вазъи корҳо дар толори мошинҳо гурӯҳи корӣ аз нуқтаи тақсими барқи зеристгоҳи 110-киловатта ва сарбанди Неругоҳ дидан намуд. Гурӯҳи кориро роҳбарияти Ширкати “Помирэнержи” бо тарзи тақсимоти неруи барқ, ки баъди анҷоми корҳои бунёдӣ дар Неругоҳ сурат мегирад, шинос карданд. Зикр гардид, ки дар ин нуқтаи идоракунӣ таҷҳизоти муосир насб мешавад, ки он барои аз байн бардоштани талафоти неруи барқ, пешгирии ҳолатҳои садамавӣ омили устувор мегардад. 
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо ҷиҳати фаро расидани мавсими гармо дар водӣ сатҳи оби рӯдхонаи Шохдара хеле баланд шудааст. Бо вуҷуди ин, корҳои бунёдӣ дар иншоот аз рӯи реҷаи муқарраршуда ва нақша идома доранд. Ба вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки айни замон дар бунёди иншоот қариб 200 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидааст, ки аксарияти онҳо сокинони ноҳия мебошанд. Иншоот имконият дорад, ки боз 100 нафарро ба кор қабул кунад. Далер Ҷумъа Шофақир ва аъзои гурӯҳи корӣ баҳри мутобиқ ба талаби замон пеш бурдани корҳои бунёдӣ тавсияҳои судманд дода, таъкид намуд, ки ширкатҳои сохтмонӣ якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҷалби бештари коргарон аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои гирду атроф чораҷӯӣ намоянд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 21.06.2023 №: 128
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив