ХОНАИ БАЧАГОНИ КАНГУРТ. ХОТИРАҲО АЗ 100 СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ
Сад сол муқаддам дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, ки 60-70 хоҷагӣ дошту бо зироаткорию деҳқонӣ ном бароварда буд, пойдевори бинои хонаи бачагон гузошта шуд. Дар он панҷоҳ бачаи ятиму бесаробонмонда ба тарбия фаро гирифта шуд. Онҳо аз минтақаву ноҳияҳои Ховалинг, Сари Хосор, Балҷувону Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Даштиҷум ҷамъ оварда шуда буданд.
Имсол ин муассиса садсолагии таъсисёбиашро ҷашн хоҳад гирифт. Дар ин муддат онро шахсиятҳои маъруфе ба мисли академикҳо Талбак Назаров, Юсуфшо Ёқубов, оҳангсозон Миратулло Атоев, Фаттоҳ Одинаев, Хайрулло Абдуллоев, олимон Сайфиддин Раҳимов, Раҳмон Тағай, Эмомиддин Насриддин, генералҳо Ҳотамшо Одинаев, Шерхон Салимзода, Зариф Гурез, шоира Ҳадиса Қурбонова ва коргардону ҳунарманди театру синамо Турахон Аҳмадхонов хатм намудаанд.
Тули ин солҳо сарварии муассисаро омӯзгорони сарсупурдаи касби худ чун Одина Салим, Муҳаммад Очилов, Раҷаб Мисоқов, Нафасшоев, Кенҷа Собиров, Талбак Саидов, Қаҳҳоров, Ҷӯрабек Файзуллоев ба зимма доштанд.
Мураббиёни мушфиқ Воҳид Бобоев, Раҳмон Файзалиев, Ғолиб Бобоев, Хатича Иғболова дар ёду хотираи шогирдон абадӣ хоҳанд монд. Агар Ҷ. Файзуллоев ба хонаи бачагон 24 сол роҳбарӣ карда бошад, пас Воҳид Бобоев 52 соли расо сармураббии ин макони маърифат буд.
Соли 2015 бинои Хонаи бачагон пурра навсозӣ шуд. Дар ифтитоҳи он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд.
Имрӯз ба Хонаи бачагон инсони бомаърифат Фаррух Саидализода роҳбарӣ мекунад. Ӯ бо ҳамроҳии ҳамкасбонаш дар тарбияи 120 наврас саҳмгузор аст.
Аълочии маорифи ҷумҳурӣ Ф. Саидализода писари деҳқонзодаи номии вилоят Саидалӣ Қувватов аст. Ҳамон Қувватове, ки 11 сол ба хоҷагии дар замони хеш маъруфи «Муъминобод - 3»-и ноҳияи Муъминобод ва 6 сол ба хоҷагии «Кангурт» роҳбарӣ кардааст. Мардуми ин диёр хоксорӣ, ташкилотчигӣ, кордонӣ, сахтгирӣ ва ҳалолкории амаки Саидалиро ба некӣ ёд меоранд. Ҳоло корномаи неки падарро Фаррух барин пайвандонаш идома медиҳанд.
Хонаи бачагони Кангурт дар назди Муассисаи таҳсилоти миё-наи умумии № 8 фаъолият дошта, соли гузашта 12 шогирди он дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ баранда шуд. Аз панҷ иштирокчии даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду нафараш ба даври вилоятӣ роҳ ёфта, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Лоиқ ба зикр аст, ки ба тарбиятгирандагон Мирзоалӣ Комил, Абдулло Каримов, Рамазон Раҳимзода, Абдулло Сабзаев, оилаҳои Салимовҳо, Шарифовҳо, Қурбоновҳо барин саховатпешагон ёрии моддӣ мерасонанд.
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор