ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ПАЙҒОМИ ДӮСТӢ”. КИТОБИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКЕНТ ЧОП ШУД

“ПАЙҒОМИ ДӮСТӢ”. КИТОБИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКЕНТ ЧОП ШУД

23 июн 2023, Ҷумъа
84
0
 
Дар шаҳри Тошкент китоби сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода таҳти унвони “Пайғоми дӯстӣ” ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расид. Китобро нашриёти “Илм-зиё-заковат” бо теъдоди 1000 нусха интишор кард. Таркиби онро очеркҳои таърихиву адабӣ фаро гирифта, бештар дар бораи равобити адабии халқҳои тоҷику ӯзбек нақл мекунад. 
 
Тавре академик Абдуҷаббор Раҳмонзода нигоштааст: “Мардуми тоҷик бо ӯзбекҳо муносибати хуб барқарор карда, дар бисёр набардҳои сангини таърих паҳлуи ҳам истода, алайҳи ишғолгарону истилогарон мубориза бурдаанд ва аз хеш шуҷоату мардонагӣ нишон дода, марзу буми худро аз душманон ҳифз намудаанд. Ҳунармандону меъморонаш дар ҳамкорӣ шаҳру шаҳристон, кӯшку қалъа, мадрасаву масҷид, ҳисору манора, роҳу пул ва гулгашту хиёбонҳо сохтаанд”.
Дар идомаи китоб хонанда метавонад доир ба дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои адабии миёни устод Садриддин Айнӣ ва Ғафур Ғулом, Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов, Зулфия, Саттор Турсуну Эркин Аъзам, инчунин, нақши бузургу адибони ду халқ дар тараннуми дӯстиву рафоқат маълумоти зиёд дастрас намояд.
Дар китоб оид ба саҳми Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ дар рушди шашмақомхонӣ низ, андешаҳои ҷолиб баён шудаанд. Ӯ бо танбӯр ва садои мондагор мақомҳои “Рост”, “Ироқ”, “Гулёр”, “Орази Гулёр”, “Бебокча”, “Ушшоқ”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Уфори ушшоқ”, “Бозаргонӣ” ва амсоли онро бо садои дилкаш сароидааст.
Ҳамкории миёни мактабҳои мусиқии Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Тошкент, Хоразм, Ҳӯқанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва нақши онҳо дар рушди Шашмақом алоҳида тазаккур ёфтааст.
– Тоҷикону ӯзбекон ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо муштараканд. Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳо аз  тоҷикону ӯзбекон  зиндагӣ мекунанд,  ки  гувоҳи  пайвандҳои  хешутабории  тоҷику  ӯзбек  мебошанд, – навиштааст Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Муҳаррири масъули китоб доктори илмҳои филология Олимҷон Давлатов мебошад.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.06.2023 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив