ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД. ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО

ТОҶИКИСТОН ВА БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД. ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО

08 феврал 2023, Чоршанбе
36
0

– Мо аҳамияти тарҳи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро хуб дарк менамоем ва боиси ифтихор медонем, ки дар татбиқи ин пружа иштирок дорем. Зеро барои ҳамаи доираҳои огоҳ маълум аст, ки ин Неругоҳи бузург афзалияти фаромарзӣ дошта, дар баробари Тоҷикистон кишварҳои ниёзманди минтақаро низ, бо «энергияи сабз» таъмин намуда, дар самти идораи самараноки захираҳои обӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба муҳити зист мусоидат хоҳад кард. 

Ин матлабро Мансур Мухтар, ноиби президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт, баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон баён дошт. Ӯ дар изҳороти муфассали худ натиҷаҳои ин мулоқотро, ки 6 феврал дар Қасри миллат доир шуд, фарогиру судманд арзёбӣ карда, изҳори бовар намуд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд такони нав мебахшанд.
– Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин кишварҳои пасошуравиест, ки билфосила ҳамкориҳои худро бо Бонки исломии рушд ба роҳ монда, то имрӯз ҳар ду ҷониб ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Ин ниҳоди молиявӣ аз оғози ҳамкориҳо то кунун як қатор лоиҳаҳоро ба маблағи умумии зиёда аз 620 миллион доллари амрикоӣ амалӣ намудааст. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Бонк тасмим гирифтааст, соли ҷорӣ ҳаҷми ёриҳои худ ба Тоҷикистонро ба таври назаррас тавсеа бахшад. Дар ин робита, қарор аст, барои татбиқи чаҳор лоиҳа, аз ҷумла идомаи сохтмони НБО «Роғун», 250 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда шавад. 
Суҳбати бисёр пурмуҳтаво бо Ҷаноби Президент ба ман неруи нав бахшид ва ҳавасмандии худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштам. Бори дигар чунин бардошт ҳосил намудам, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ҳадафҳои бузургеро пайгирӣ менамоянд, ки онҳо ба манфиати минтақа ва ҷаҳон аст. Чун иқдомоти ин шахсияти барҷаста дархӯри манофеи башарист, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бо ҳамовозии тамом дастгирӣ мешаванд. Тавре медонем, дар заминаи пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қатънома қабул намуд, ки як намунаи барҷастаи талошҳои Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба обу иқлим аст, – изҳор дошт Мансур Мухтар.

Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 08.02.2023 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив