ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

03 июл 2023, Душанбе
33
0
НАВРАСОНИ ТОҶИК БАРАНДАИ КИНОФЕСТИВАЛ ДАР ЛИТВА
13 навраси тоҷик бо таҳияи филми седақиқаи  «Баланд чун  зарофа» ғолиби Кинофестивали байналмилалии донишҷӯён “Ažuolynas” дар Литва гардид. 
Мавзуи Кинофестивали имсола хомӯшӣ буд. Бачаҳо ин мафҳумро ба таври худ шарҳ доданд. Филми мазкур бе муколама буда, дар бораи майли муошират надоштани образҳои филм бо қаҳрамони асосӣ, ки бо қади баланди худ аз онҳо фарқ дошт, нақл мекунад.  Ӯ мехост бо ҳамсолони худ дӯстӣ кунад, вале ба девори "хомӯшӣ" бархӯрда, ноумед мешавад. 
 
 
“УСТУРАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУНАРИ ТОҶИК”. КИТОБЕ АЗ РӮЗГОР ВА КОРНОМАИ ЗАУР ДАХТЕ
Дар бораи рӯзгор ва корномаи Заур Дахте, филмбардори шинохта ва аксбардори эрониасли Тоҷикистон, китоби Суҳроби Зиё, журналисти номвар, бо номи “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” чоп шуд. Он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва, ҳамчунин, хатти форсӣ ба табъ расид.
Китоб аз маҷмуи хотироту ёддоштҳои чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистону Эрон, ки ба шахсияти мунири Заур Дахте иртибот доранд, фароҳам омада, барои доираи васеи хонандагон ва журналистону адибон пешниҳод мешавад.
Дар ин маҷмуа шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ, Фарзонаи Хуҷандӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, овозхон ва оҳангсози маъруф Далер Назар, муҳаққиқи синамо Саъдулло Раҳимов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, пажӯҳишгари кино Саноат Азизова ва даҳҳо адибон, ҳунармандону коргардонҳои маъруф матлаб навиштаанд.
Ёдовар бояд шавем, ки Заур Дахте муаллиф ва коргардони филмҳои машҳури замони шуравӣ ва истиқлол аст. Аз ҷумла, наворбардори асосии филми беҳамтои «Рустам ва Суҳроб» буд.
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.07.2023 №: 136
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив