ГРЭППЛИНГ
Алиризо дар Чемпионати Осиё медали нуқра гирифт
Вазишгари тоҷик Алиризо Баҳромов (73кг) дар Чемпионати Осиё оид ба грэпплинг байни ҷавонон (Остона, Қазоқистон) мақоми дуюмро касб кард. Чемпионат бо ширкати зиёда аз 200 паҳлавон аз 20 давлати қора баргузор шуд.
Тибқи иттилои Сорбон Абдулҳаев, сармураббии тими мунтахаби наврасони кишвар, Алиризо то зӯрозмоии финалӣ бар варзишгарони Қазоқистон, Ҳиндустон ва Қирғизистон ғолиб омад. Дар набарди ҳалкунанда варзишгари мо аз паҳлавони мизбон шикаст хӯрд.
Бояд гуфт, ки Алиризо Баҳромов зери роҳбарии мураббии Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Абдулҳаев ва Сорбон Абдулҳаев тамрин мекунад.
НАВРАСОНИ ҶОПОН – ЧЕМПИОНИ ҚОРА
Дар бозии ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол (U17) Ҷопон ба дарвозаи Корея се голи беҷавоб зада, қаҳрамони қора гардид.
Бар пояи маълумоти soccerstand.com, тӯбҳоро Навата (дақ. 45+1, 66) ва Мичиваки (дақ.90+6) ба самар расонданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин чемпионат наврасони Тоҷикистон зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов натавонистанд аз гурӯҳ бароянд.
ВАРЗИШИ САБУК. ДУРАХШИ ИЛДАР АҲМАДИЕВ ДАР ҚАЗОҚИСТОН
Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар мусобиқаи 32-юми байналмилалӣ ба хотираи Гусман Косанов (Алмаато, Қазоқистон) соҳиби 2 медал (тилло ва биринҷӣ) гаштанд, – хабар медиҳад сомонаи sports.tj.
Нишони тиллоро Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 39 сантиметр ба даст овард.
Мақоми сеюмро Кристина Пронженко дар давидан бо монеаҳо (400 метр) гирифт.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 03.07.2023 №: 136
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)