“ТОҶИКИСТОН ЯГОНА – БАДАХШОН НИГИНИ ОН”
Бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти ҳамин унвон дар Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар Конференсия, ҳамчунин, муовини якуми раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатзода, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, мудири шуъбаи Иттифоқи нависандагон Абдуллои Раҳнамо, аҳли зиёи вилоят ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.
Конференсияро муовини якуми раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода ифтитоҳ намуда, табрикоти раиси вилоятро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба саҳми ҳозирин расонд.
Дар оғози Конференсия бо ёдоварӣ аз воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта иброз гардид, ки дар он рӯзҳои вазнину тақдирсоз маҳз корнамоиву шуҷоати фарзанди фарзонаи миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу субот дар ҷумҳурӣ пойдор гардида, миллат боз ҳам сарҷамъ шуд ва ба сӯи зиндагии шоиста қадамҳои устувор гузошт. Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён доир ба аҳамияти таърихии ваҳдати миллӣ, нақши сулҳи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, саҳм ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза, рушду пешрафт ва нумӯи он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ибрози назар намуд. Зикр гардид, ки дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд намуда, дар ин росто, Бадахшон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи он симои худро куллан тағйир дод.
Дар ҷараёни ҳамоиш сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ Зубайдулло Давлатзода, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, мудири шуъбаи иттифоқи нависандагон Абдуллои Раҳнамо, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Комилбек Амид Ёрбек ва директори осорхонаи вилоятӣ Хушомади Алидод доир ба мавзуи Конференсия табодули назар карда, бо камоли хушнудӣ зикр намуданд, ки тули таърих аз ин сарзамин фарзандони фарзона, мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Мирсаид Миршакар, Худоназар Мамадназаров, Меҳрубон Назаров, Ширин Бунёд ва даҳҳо нафар номбардорони миллат, баромадаанд ва мардуми сарбаланди Бадахшон имрӯз ҳам дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми босазо мегузоранд, ба обод сохтани сарзамин ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва омӯзиши илму дониш машғул буда, шукр аз оромиву ободии Ватан мекунанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)