ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФЕҲРИСТИ "ВАҲДАТИ МИЛЛӢ" ЧОП ШУД

ФЕҲРИСТИ "ВАҲДАТИ МИЛЛӢ" ЧОП ШУД

30 июн 2023, Ҷумъа
27
0
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» баргузор шуда, ҳамзамон, аввалин феҳристи «Ваҳдати миллӣ» рӯнамоӣ гардид.
 
Ҷумъахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ, изҳор дошт: «Бо гузашти бештар аз ду даҳсола шоирону нависандагон, донишмандону таърихшиносон доир ба сабабу омилҳо, натиҷаву паёмад ва паҳлуҳои гуногунҷанбаи ваҳдати тоҷикон китобу мақола, суҳбату гузориш ва садҳо достону шеъру қиссаҳо эҷод намуданд. Дар ин маврид зарурати дар як маҷмуа ҷамъ овардани онҳо, яъне ташкили феҳристи адабиёт оид ба ваҳдати миллӣ, пеш омад, то ин ки пажӯҳишгарон дар  ҷустуҷӯи  маводи зарурӣ мушкил надошта бошанд».
Фароҳамсози ин маҷмуаи илмиву сарчашмашиносӣ, китобдори номвар Шариф Комилзода иттилоъ дод, ки ҳадафи таҳияи феҳристи «Ваҳдати миллӣ» шинос намудани аҳли ҷомеа ва муаррифию тавсияи адабиёти баргузида оид ба масоили ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ мебошад.
Дар феҳристи «Ваҳдати миллӣ» 3831 маводи чопии солҳои 1991 – 2022 нашргардида ҷо шуда, он аз 622 саҳифа иборат аст.
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият" 
Санаи нашр: 30.06.2023 №: 133-134-135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив