ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ АЗ КОА ТОҶИКИСТОН.  МУҲАММАДӢ МУҚИМОВ АВВАЛИН ПРОФЕССОРИ ЖУРНАЛИСТИКА

ПАЁМ АЗ КОА ТОҶИКИСТОН.  МУҲАММАДӢ МУҚИМОВ АВВАЛИН ПРОФЕССОРИ ЖУРНАЛИСТИКА

30 июн 2023, Ҷумъа
10
1
Пас аз талошу баррасии зиёд ва ворид намудани ихтисоси рӯзноманигорӣ (рамзи 10.01.10) ба феҳристи ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо дар Тоҷикистон унвонҳои илмӣ дода мешаванд, бо фармоиши раиси КОА аз 21 июни соли 2023, №154, Муҳаммадӣ Муқимов соҳиби нахустин унвони илмии профессори ихтисоси журналистика гардид. 
 
Ҳарчанд рӯзноманигорӣ соҳаи илми филология аст, он қонуниятҳо ва тамоюлҳои инкишофи васоити ахбори умум ва зернизоми он – матбуот, телевизион, радио ва интернетро таҳқиқ менамояд, ки дар ин самт, аллакай, рисолаҳои бисёр ҳимоя гардиданд.
Доираи мавзуъ дар ихтисоси рӯзноманигорӣ васеъ буда, он эстетикаи эҷодиёти публитсистӣ, таҳқиқоти муқоисавии рӯзноманигорӣ, маҳорати рӯзноманигорон, танқиди адабӣ-бадеӣ, навъҳои ВАО, рӯзноманигории байналмилалӣ, дизайн, матни ВАО ва таҳлили дискурсии онро баррасӣ менамояд.
Илҳомҷон Ҳамидиён, устоди ДМТ зикр кард: «Доира ва самти таҳқиқ дар илмҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва рӯзноманигорӣ аз ҳамдигар пурра фарқкунанда ҳастанд. Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҳамҷавор дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил собит месозад, ки ихтисоси рӯзноманигорӣ дар аксарияти кишварҳо ба феҳристи ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо унвонҳои илмӣ дода мешаванд, ворид гардидааст».
Набудани ихтисоси мазкур дар феҳристи ихтисосҳои КОА боиси он мешуд, ки солҳои зиёд олимони ин соҳа унвони илмии дотсент ва профессориро гирифта наметавонистанд.
Абдулҳаким Розиқзода, раиси КОА, изҳор дошт: «Бо қарори раёсати Комиссияи олии аттестатсионӣ аз 23 феврали соли 2023, №03 ба феҳристи ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмӣ дода мешаванд, тағйироту иловаҳо ворид гардида, ихтисоси рӯзноманигорӣ (рамзи 10.01.10) ҳамчун ихтисоси нав ба он шомил карда шуд. Ин ибтикор самара дод ва Муҳаммадӣ Муқимов аз КОА-и миллӣ аввалин профессори журналистика гардид».
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.06.2023 №: 133-134-135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (1)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив