Р А Ш Т. ОЗМУН ҶАМБАСТ ГАРДИД, АММО...
Ҳамасола дар мамлакат бо мақсади дарёфт ва ошкор намудани истеъдодҳои нав байни кормандони педагогӣ, кашфи омӯзгорони навовар, эҷодкор, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи омӯзгорони эҷодкор, баланд бардоштани нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа таҳти васояти Вазорати маориф ва илм озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” доир мешавад.
Дар иртибот ба ин, чанде қабл дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳраки Ғарм даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол” баргузор гардид.
Неъматҷон Наботов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ки дар ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол” ҳайати ҳакамон мақоми аввалро ба омӯзгори фанни химияи МТМУ № 29 Дилшод Абдуллоев, ҷойи дуюмро ба муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ № 8 Мунира Раҳматова ва ҷои сеюмро ба омӯзгори фанни забони англисии МТМУ № 1 Шоира Мавлонова ва омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №13 Фазолат Қодирова сазовор донистанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Неъматҷон Наботов, зимни баргузории озмун баъзе камбудиҳо ҷой доштанд. Аз ҷумла, аз 113 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамагӣ 42 муассиса дархост пешниҳод намуд. Умуман, аз шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёна 48 муассисаи таълимӣ дар озмун иштироки омӯзгорони худро таъмин накард.
Зикр гардид, ки омӯзгорони МТМУ №№ 11, 12, 23, 33, 37, 45, 50, 53, 55, 67 ва 90 дар даври ноҳиявии озмун иштирок надоштанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ даври мактабии озмун тибқи талаботи низомнома гузаронда нашудааст.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)