МУЪМИНОБОД. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Муъминобод давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 1069 нафар корҷӯён муроҷиат намуданд ва тибқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, ба самтҳои муайяншуда сафарбар гаштанд. Аз шумораи зикргардида 293 нафарро занон ташкил медиҳанд.
– Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 220 нафар ба касбомузӣ дар курсҳои кӯтоҳмудати дӯзандагӣ, бофандагӣ, боғпарварӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуд, ки 91,6 дарсади нақшаи солонаро дар бар мегирад, – иттилоъ дод Абдуқаюм Исуфов, сардори шуъба дар суҳбат ба хабарнигори рӮзнома.
Номбурда афзуд, ки дар давраи ҳисоботи 568 сокини бешуғлро ба ҷойи кори доимию мавсимӣ сафарбар намудем, ки 139 нафар занон мебошанд. Ба гуфтаи масъулон, дар нимсолаи соли равон тибқи дастурамал ва шартнома байни мақомоти шуғл ва корфармо, 70 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ пайвастанд, ки 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи дуюми соли 2023 аз тарафи идораву муассисаҳои ноҳия, ҳамагӣ 131 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид.
Суннати СОДИҚ,“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)