ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН. БАРДОШТ АЗ ҶАРАЁНИ КУРСИ САЙЁРИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

ИСТАРАВШАН. БАРДОШТ АЗ ҶАРАЁНИ КУРСИ САЙЁРИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

13 июл 2023, Панҷшанбе
20
0
  
Тавре аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд: «Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё, моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем». 
Дар ин росто, дар шаҳри Истаравшан курси сайёри таҷрибаомӯзӣ барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Дарвоз, Спитамен, Файзобод, Шаҳринав ва Муъминобод аз рӯйи барномаи “Таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар рафти он шунавандагон бо таҷрибаи пешқадами сектори истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии муваффақи Истаравшан шинос шуда, донишу малакаи худро такмил доданд. 
Ҳамчунин, дар рафти курси таҷрибаомӯзӣ иштирокчиён аз маконҳои таърихӣ, муассисаву ташкилот, корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Истаравшан дидан намуданд. Тавре директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Фаридун Исматуллозода зикр намуд: «Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба шумор рафта, расидан ба он фаъолнокӣ ва муттаҳидиро талаб менамояд. Бахусус, саҳми ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар ташаккули захираи озуқавории кишвар ва дар ин росто расидан ба амнияти озуқаворӣ бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Дар шароити кунунӣ, ки ба як қатор омилҳои амниятиву сиёсӣ вобаста аст, ҳар кишварро зарур аст барои таъмини амнияти озуқавории аҳолии худ тамоми имконоту иқтидори заруриро ба ин самт равона созад». 
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни суханронии хеш дар маросими ҷамъбасти чорабинӣ иброз дошт, ки аҳли заҳмати шаҳр тули солҳои соҳибистиқлолӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ талош намуда, дар ин самт ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. «Айни ҳол Истаравшан яке аз минтақаҳои пешсафи иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди он корхонаву коргоҳҳои зиёде, ки вазифаашон коркарди маҳсулот ва таъмини бозори озуқаворӣ бо маводи истеъмолӣ мебошад, фаъолият менамоянд. Меҳнаткашони шаҳр минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дастгирӣ намуда, дар пайи иҷрои ҳадафҳои он собитқадамона талош меварзанд», – гуфт А. Маъмурзода.
 
Саъдулло  МАХКАМОВ
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив