ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Чорабинии канорӣ дар доираи  Форуми сиёсии сатҳи баланд

Чорабинии канорӣ дар доираи  Форуми сиёсии сатҳи баланд

19 июл 2023, Чоршанбе
20
0
Дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони худ чорабинии канорӣ баргузор намуд, ки дар он ташаббуси кишвари мо оид ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ муҳокима гардид.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар бораи таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар робита ба ин ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст, маълумот дод. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Вазорат хабар доданд. 
 
 
Мулоқоти сафир бо президенти Шурои олимпии Осиё
Вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Президенти Шурои олимпии Осиё Шайх Талол Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ доир гардид.
Зимни дидор сафир паёми табрикии Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Президенти Шурои олимпии Осиё ҷиҳати интихоб шудан ба ин мансаб супурд. Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ атрофи масоили таҳкими равобит дар соҳаи варзиш ва ҳаракати олимпӣ байни Шуро ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
 
 
Муаррифии имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар доираҳои соҳибкории Чехия
«Ҳаҷми умумии сармоягузории Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он беш аз 80 миллион сармояи мустақим мебошад», – зикр шуд дар Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия, ки дар Душанбе доир гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Чехия оид ба фазои сармоягузории Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд, маълумот дод.
 
 
Машғулияти роҳбарони ниҳодҳои журналистӣ 
Дар шаҳри Тзинхуаи музофоти Чжетзяни Чин машғулияти роҳбарони ниҳодҳои журналистии давлатҳои ҳавзаи ташаббуси «Як камарбанд ва як роҳ» баргузор гардида истодааст, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 
Машғулият бо мақсади баланд бардоштани зарфияти ниҳодҳои журналистии давлатҳои ҳавза ва савияи дониши кормандони соҳа доир мегардад. Иштирокчиён имкон пайдо менамоянд, ки бо равандҳои нави соҳа шинос шуда, дар соҳаҳои гуногун табодули таҷриба намоянд.
 
 
Мактаби маҳорати педагогӣ
Дар Душанбе бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрӣ дар самти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даври омӯзишии «Менеҷменти роҳбарӣ» ба роҳ монда шуд. 
Тавре ба мо аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд, барои шунавандагон олимону мутахассисон ва коршиносони варзидаи соҳаи маориф ва менеҷменти молиявӣ машғулияти омӯзишӣ мегузаронанд.
 
 
Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо соҳибкорони Корея
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода узви комиссияи Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ Гон Чон Хун ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Ҷовиди Аштӣ, хабарнигори минтақавии мо, хабар медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ, ҷалби сармоя барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва азхудкунии заминҳо, инчунин, ҷалби қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ намуданд. 
 
 
Конфронс оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ
Дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот (омӯзиши таҷрибаи ВМКБ)» Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар додааст.
Дар Конфронс масъалаҳои афзалиятҳои соҳаи сайёҳӣ дар вилоят, обҳои шифобахш ҳамчун омили рушди он, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул, саҳми маконҳои таърихиву фарҳангӣ дар муаррифии вилоят, рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва шикор, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди соҳа ва роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ баррасӣ мешаванд.
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив