ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

24 июл 2023, Душанбе
18
0
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқоти ҳайатҳои ду мамлакат баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар он самтҳои гуногуни ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, бо мақсади иҷрои супоришҳои сарварони давлатҳо, ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, тиҷорат, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар самту соҳаҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
 
 
 
Муаррифии барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо 
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо  Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 муаррифӣ шуд. 
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар чорабинӣ, нахуст,  ба иштирокчиён рӯнамои муфассали Барнома пешниҳод  шуд, ки дар доираи он самтҳои нави умедбахши ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, рушди «иқтисоди сабз» ва рақамӣ, расондани кумаки техникӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти экологӣ, баррасӣ шуданд. 
 
 
 
Истеҳсоли беш аз 1,7 миллион либоси мактабӣ
Корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони инфиродии мамлакат имсол ба маблағи 46 миллиону 253 ҳазор сомонӣ либоси мактабӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 22,7 дарсад коҳиш ёфтааст. 
Дар ҷумҳурӣ сатҳи таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ  ба 10,9 дарсад баробар гардид. Тибқи гуфтаи Абдурауф Пӯлодов,  сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, коҳиш ёфтани истеҳсоли либоси мактабӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба талабот рабт дорад. Ба либосҳои мактабӣ хонандагони синфҳои якум ва болоӣ бештар ниёз доранду аксари онҳо вобаста ба вазъи иҷтимоӣ як либосро зарфи ду сол истифода менамоянд. Нархи либоси мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ 220-240 сомонист. Ин дар ҳолест, ки аз хориҷи мамлакат, асосан аз Ӯзбекистон, либоси мактабии  воридшаванда 180 сомонӣ қимат дорад.  
 
 
 
Беш аз 35 қуттии оҳанӣ барои партовҳои пластикӣ
Бо иқдом ва ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби шуъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қуттиҳои оҳании тӯрӣ сохта шуда, дар шафати шоҳроҳ, боғ ва нуқтаҳои сераҳолӣ насб мешаванд. 
Аз  Кумита  ба  мо хабар доданд, ки ҳоло дар шоҳроҳҳои Душанбе – Кӯлоб, Душанбе – Хуҷанд  беш аз 35 қуттии оҳании тӯрӣ гузошта шудааст. 
Дар оянда насби даҳҳо чунин қуттиҳо баҳри ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ дар назар дошта шуда, беш аз 140 қуттӣ дар маконҳои  серодами вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе давра ба давра насб хоҳанд гардид.
СУҒД
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12,1 миллиард сомонӣ расид  
Саноатчиёни вилояти Суғд дар шашмоҳаи аввали соли равон  ба маблағи 12,1 миллиард  сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки бо истифодаи индекси нархҳо суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 дарсад буда, ҳиссаи он дар ҷумҳурӣ 58,5 дарсадро ташкил дод. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят суръати мусбати рушд таъмин шуда, аз он дар 10 шаҳру ноҳия суръати рушд аз 120 дарсад ҳам зиёд мебошад. 
Айни замон дар соҳаи саноати вилоят 1011 корхона фаъолият менамояд, ки аз он 37-тоаш хусусияти хизматрасонӣ дорад.
Санаи нашр: 24.07.2023 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив