ВМКБ. ХОҶАГИҲОИ ЗАРАРДИДА СОҲИБИ ХОНАИ НАВ ШУДАНД
Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъазода ва раиси ноҳияи Роштқалъа Аъзам Шомирзозода калиди хонаҳои навбунёдро ба соҳибонашон – сокинони деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа, ки бар асари фуромадани тарма манзили истиқоматиашонро аз даст дода буданд, супурданд. Дар ин бора Саъдоншо Ҷанобилшоев, мудири бахши иттилоотии дастгоҳи раиси ВМКБ, хабар дод.
Тавре “Ҷумҳурият” хабар дода буд, моҳи марти соли 2022 бар асари фуромадани тарма дар деҳаи Шоди деҳоти ба номи Қурбоншо Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа, хонаҳои истиқоматии сокинони деҳа Зарриншо ва Ноёбшо Кабировҳо пурра хароб гардид. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи кӯчондани оилаҳои зарардида, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ дар мавзеъҳои бехатар сари вақт ҳал гардид. Аз ҷумла, ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Ширкати “Помир энерҷи” дастур дода шуд, ки дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳияи Роштқалъа ба зарардидагон дар сохтани хонаҳои истиқоматӣ кумак расонанд. Ҳамин тавр, моҳи марти соли 2022 сохтмони хонаҳои нав оғоз гардид. Дар нимаи моҳи июли соли ҷорӣ бунёди иншоот бо сифати баланд анҷом ёфт.
Масоҳати умумии ҳар бинои истиқоматӣ 182 мет-ри мукаабро ташкил медиҳад. Онҳо бо усули хонаҳои миллии бадахшӣ сохта шудаанд. Тавре яке аз сокинони деҳа, собиқадори меҳнат Давлатшо Ҷумъахонов иброз дошт, хонаҳои истиқоматии бунёдшуда барои зисту зиндагонӣ хеле қуллай ва дорои ҳамаи шароит мебошанд. Дар сохтмони хонаҳо 18 сохтмончӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.
Тавре Ноёбшо Кабиров, яке аз соҳибони хонаҳои нав, зикр намуд, онҳо аз дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле миннатдоранд. Номбурда, ҳамчунин, миннатдории хешро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъазода, Ширкати “Помир энерҷи” ва раиси ноҳияи Роштқалъа расонд.
С. Ҷанобилшоев зикр намуд, ки кор дар дигар хонаҳои зарардидаи ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Ишкошим ва шаҳри Хоруғ бомаром идома дорад. Ҳамаи хонаҳои аз офати табиӣ зарардида то Рӯзи Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.07.2023 №: 151
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)