ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус

Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус

26 июл 2023, Чоршанбе
14
0
Дар шаҳри Минск сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории ин кишвар Игор Брило, ки ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мебошад, мулоқот намуд. 
Ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ ва атрофи масъалаҳои дар ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии зикршуда мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст. 
 
 
Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак беҳтар мегарданд
Дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки таваҷҷуҳи ҳозирон ба чораҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла Файзобод,  Рашт ва Шамсиддин Шоҳин, ҷалб шуд. 
 
 
 
Иҷрои барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ
Дар Вазорати маориф ва илм доир ба рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025  ҷаласа  доир гардид.
Аз Вазорат хабар доданд, ки дар ҷаласа масъалаҳои сохтмони муассисаҳои томактабӣ, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, кӯдакистонҳои мавсимӣ ва оилавӣ, таҳкими заминаи моддӣ–техникӣ, таъмир ва азнавсозии майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакон,  баргардондан ва барқарор намудани муассисаҳои таълимии томактабие, ки фаъолияташонро бо сабабҳои гуногун қатъ кардаанд ва ғайримақсад истифода мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
 
2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин
Имсол  дар Тоҷикистон 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин таҷлил мешавад. Дар робита ба ин ҷашн, Вазорати фарҳанг баргузории чорабиниҳои гуногунро ба нақша гирифтааст, – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, то охири моҳи июли соли равон озмун оид ба таҳия ва пешниҳоди рамзи 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин гузаронда мешавад. Инчунин, давоми сол албоми бозёфтҳо ва раванди корҳои ҳафриёти Тахти Сангин чоп хоҳад шуд. Ҳамзамон, шаҳристон аз назари илмӣ, таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ омӯхта мешавад.
 
 
Ғолибони озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ муайян шуданд 
Дар шаҳри Душанбе Озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ баргузор гардид.  Аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба мо хабар доданд, ки дар равияи гуманитарӣ-табиӣ 57 хонанда иштирок намуда, 30 кас сазовори медали тилло ва 4 нафари дигар бо медали нуқра сарфароз шуд.  
Дар равияи табиӣ-риёзӣ 18 нафар бо медали тилло ва як кас бо медали нуқра, дар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ба 10 нафар медали тилло ва ба 2 иштирокдор медали нуқра доданд. Дар категорияи универсалӣ бошад, 2 нафар сазовори медали тилло ва 1 хонанда соҳиби медали нуқра гашт.
 
Санаи нашр: 25.07.2023 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив