НАВИДИ ФАРҲАНГ
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ
Омӯзиши фарҳанг ва таърихи тоҷикон оғоз мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Россия қарор аст, то барномаҳои таълимӣ барои омӯзиши забон, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон таҳия шаванд.
Дар ин бора Николай Кропачев, ректори Донишгоҳи мазкур зимни бастани созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод.
Ёдовар бояд шуд, ки айни замон, дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург 64 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунад.
Тавре Ҷамшед Ҷӯразода, муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зикр намуд, ҳамкориҳои Федератсияи Россия ва Тоҷикистон хусусияти стратегӣ дошта, махсусан дар соҳаи маориф, фаъолона амалӣ мешаванд.
ТОҶИКИСТОН – ЮНЕСКО
Дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ шуд
Бахшида ба 30-солагии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар Вазорати фарҳанг суҳбати гирди миз доир шуд. Дар он олимону бостоншиносон, коршиносону мутахассисон ва шахсиятҳое, ки бевосита дар самти ЮНЕСКО фаъолият мекунанд, иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар мизи гирд масъалаҳои ҷойдошта, аз ҷумла вазъи кунунӣ, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ гардиданд.
«ТАНАФФУСИ КАЛОН»
3 хонандаи тоҷик ба саёҳати Россия роҳхат гирифт
Дар Маркази байналмилалии кӯдаконаи «Артек»-и Сочи натиҷаҳои Озмуни умумирусиягии «Танаффуси калон» ҷамъбаст шуд.
Дар он 900 хонанда аз 30 давлат иштирок кард. Тоҷикистонро 12 наврас аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Хуҷанд муаррифӣ намуда, се нафар ғолиб омад. Ғолибон ба роҳхати рамзии «Сайри орзуҳо» даст ёфта, имкон пайдо карданд, ки аз шаҳри Санкт-Петербург то Владивостокро тамошо кунанд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.07.2023 №: 151
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Шарҳҳо (0)