ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ  БО CАФИРИ ИМА

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ  БО CАФИРИ ИМА

26 июл 2023, Чоршанбе
21
0
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин cафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ИМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
 
 
ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба мо хабар доданд, ки сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригулӣ Атахаллиев вохӯрд. 
Тавре ки дар хабар омадааст, ҷонибҳо ҳолат ва рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, саноат ва илму маориф баррасӣ намуда, аз раванди тавсеаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
 
 
ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ ҚАРЗӢ БА АНДОЗАИ 7,6 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Зимни ҷаласаи  ҳайати мушовараи Хадамоти иҷро сардори он Барно Саидвализода зикр намуд, ки дар ин давра фаъолияти иҷрочиён пурзӯр гардида, татбиқи чораҳои маҷбурӣ ва воқеӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.  
Аз Хадамот ба мо хабар доданд, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ба феҳристи ягонаи қарздорон 7303 шахси воқеӣ ва 234 шахси ҳуқуқӣ ворид гардид. Ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати тарк накардани қарздорон ҳудуди кишварро нисбат ба 2600 қарздор маҳдудият гузошта шуд. Дар натиҷа, 857 қарздор сарҳади мамлакатро натавонист убур созад ва маблағҳои қарзиро ба андозаи 7,6 млн сомонӣ пардохт намуд. 
 
 
АЗ ФУРӮШ БОЗ ДОШТАНИ МАҲСУЛОТИ БЕСИФАТ ВА ХАВФНОК
Аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 555577 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронда шуд ва маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ набуда аз муомилот бароварда шуд.
Аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба мо хабар доданд, ки тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ маҳсулоти барои истеъмол ҷавобгӯ набуда, аз қабили 28481,7 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5188,8 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1070,2 литр равғани рустанӣ, 15356 дона тухми паранда, 391 кг моҳӣ, 244 кг асал, 4522 кг маҳсулоти намак, 3364 кг меваи хушк, 105178 кг меваю сабзавот ва 3622 кг маҳсулоти полизиро, ки ҳамчун маҳсулоти бесифату хавфнок муайян гашт,  аз фурӯш гирифта, нобуд карданд. 
 
 
ОМОДАГӢ БА РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода дар робита ба ин масъала бо муовини раиси шаҳри Алмаато Арман Кирикбоев мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии истеҳсоли кишвари мо дар шаҳри Алмаато зоҳир карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст. 
 
 
ШИРКАТИ ИТОЛИЁӢ ОМОДА АСТ СОҲАҲОИ САНОАТИ КӮҲИИ КИШВАРРО САРМОЯГУЗОРӢ НАМОЯД
Ширкати итолиёии «BTT Impianti» тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар бахши истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд. 
Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мудири яке аз намояндагиҳои Ширкат баррасӣ гардид.
Аз  Кумита ба мо хабар доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ ва тиҷорат суҳбат намуданд. Ҷониби итолиёӣ ҳавасмандии худро барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои истихроҷи тилло, платина, палладий, мис ва нуқра иброз кард.
 
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив