ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУРӮШИ НЕРУИ БАРҚ БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 43 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИМА

ФУРӮШИ НЕРУИ БАРҚ БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 43 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИМА

26 июл 2023, Чоршанбе
23
0
Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 43 миллион доллар неруи барқ содирот кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 миллион доллар камтар аст. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш додааст. 
Тоҷикистон, дар асоси созишнома, ба Афғонистон (тамоми сол, вале дар ҳаҷми маҳдуд дар давраи тирамоҳу зимистон) ва ба Ӯзбекистон танҳо дар давраи баҳору тобистон барқ медиҳад. Бино ба маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввал дар Тоҷикистон ҳудуди 10,7 миллиард киловатт-соат неруи барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022-юм 3,3 дарсад бештар аст.
 
 
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ САРМОЯГУЗОРИВУ ТИҶОРАТ
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозоргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон Ҳусейн Салоҳварзӣ мулоқот кард. 
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сармоягузориву тиҷорат, ҷалби ширкатҳову сармоягузорони эронӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ва гуфтугӯҳои ҳайати тиҷоратии ду кишвар боиси афзоиши мубодилоти тиҷоратӣ хоҳад шуд.
 
 
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ “ДУШАНБЕ-ИНВЕСТ 2023” 
Моҳи сентябри соли равон бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-инвест 2023” баргузор мешавад.
Ҳадаф муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, роҳандозӣ ва тақвияти ҳамкориҳо байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин, фароҳамсозии имкониятҳо барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад.
 
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив