ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ. МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО МАНУЭЛ МИКАЛЛЕР

БМТ. МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО МАНУЭЛ МИКАЛЛЕР

26 июл 2023, Чоршанбе
17
0
 
Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо сафири  фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва кумаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
Ҳоким Холиқзода ба Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар доираи амалӣ намудани лоиҳаҳои Ҳукумати ИМА дар самти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус низоми бонкии мамлакат, арзи сипос кард. 
Ҷаноби Мануэл Микаллер ба Ҳоким Холиқзода барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба фаро расидааст ва кӯшишҳои муштараки мо натиҷаҳои хуб ба бор оварда, дар ниҳояти кор, барои рушди низоми бонкӣ ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.   
Таъкид шуд, ки тайи солҳои охир нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ рушди назаррас дошта, муътадилии сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ нигоҳ дошта шудааст. 
Инчунин, ҳангоми вохӯрӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони хурду миёна,  хусусан бо бонувони соҳибкор, маълум гардид, ки дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ, гирифтани қарзҳо ҷиҳати рушди фаъолияташон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд. 
– Мо барои муҳокимаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои минбаъда дар самти масъалаҳои мавриди назари тарафҳо омода ҳастем. Дар маҷмуъ, вохӯриҳои мо муҳим ва саривақтӣ мебошанд, зеро дар асоси онҳо, тасмим гирифтаем, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома диҳем, – афзуд Мануэл Микаллер.
Ҳоким Холиқзода таъкид кард, ки бо мусоидати Сафорати ИМА  давоми чанд соли охир Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпуси волонтёрон оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ ҳамкорӣ намуд, ки дар натиҷа дар ин давра ду марҳилаи барномаи кумаки техникӣ аз рӯи Лоиҳаи “Баланд бардоштани тамомияти молиявӣ ва таҳкими суботи молиявӣ ва дастрасӣ дар Тоҷикистон” дар амал татбиқ гардид. Дар рафти татбиқи онҳо масъалаҳои таҳкими суботи молиявӣ, васеъ кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани муқаррароти стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва арзёбии сифати аудити дохилӣ ҳалли худро ёфта, бо иштироки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат зиёда аз 20 чорабинии таълимӣ гузаронда шуд.
Айни замон, кор дар самти татбиқи марҳилаи сеюми кумаки техникӣ, ки ба беҳтар кардани мониторинг, таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ равона шудааст, идома дорад, ки ба арзёбӣ ва андешидани чораҳои мушаххас оид ба коҳиш додани хавфҳо дар низоми молиявӣ мусоидат мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо Департаменти хазинадории ИМА ҳамкории зич дорад. Барои мисол, тасдиқи кумаки техникии Департаменти хазинадории ИМА дар соли 2021 барои рушди бахши суғурта тариқи гузарондани таҳлили бозори суғуртаи кишвар, таҳкими назорат аз болои ташкилотҳои суғурта, омода намудани ҳисобот барои низоми суғурта ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони Бонки миллии Тоҷикистон намунаи хуби ҳамкориҳои судманди тарафҳо ба шумор меравад.
Ҳоким Холиқзода изҳори умед намуд, ки ҳамкорӣ бо Сафорати ИМА дар самтҳои барои Бонки миллии Тоҷикистон муҳим ва зарур, аз қабили ҷалби кумаки техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати нигоҳ доштани субот дар бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ, беҳтар кардани заминаи сиёсати макропруденсиалӣ ва арзёбии хавфҳои низом, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо таҳдидҳои киберӣ,  рушди бозори коғазҳои қиматнок ва таҳкими назорати фаъолияти низоми пардохт, дар амал татбиқ намудани  бандҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, идома меёбад.
Ҳамчунин, Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳандозӣ ва рушди муносибатҳои байнибонкӣ бо бонкҳои ИМА таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.  
Бояд зикр кард, ки бо баргузор гардидани машваратҳои дуҷониба дар  тирамоҳи соли ҷорӣ, Сафорати ИМА  ҷиҳати ба рӯзномаи ҷаласаи машваратии мазкур ворид намудани масъалаи рушди муносибатҳои муросилотӣ байни низомҳои бонкии ИМА ва Тоҷикистон мусоидат мекунад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив