ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 9 ЁДГОРИИ «ЗАРАФШОН – ҚАРОҚУМ» БА ЮНЕСКО ШОМИЛ МЕШАВАД

9 ЁДГОРИИ «ЗАРАФШОН – ҚАРОҚУМ» БА ЮНЕСКО ШОМИЛ МЕШАВАД

28 июл 2023, Ҷумъа
49
0
 
– Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ва натиҷаҳои то имрӯз ба даст омада, 9 ёдгории таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” моҳи сентябри соли равон ба Рӯйхати асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мешавад, – хабар дод Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, зимни нишасти матбуотӣ.
Қарори ин лоиҳаи муҳим дар иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ тасдиқ мегардад.
Зикр гашт, ки дар самти ёдгориҳои таърихию фарҳангии долонҳои “Фарғона – Сирдарё” ва “Ҳулбук – Хутали қадим” корҳои номинатсионӣ идома доранд.
 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН
Фаъолияти мақомот васеътар мегардад
 
– Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми нав – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис дода мешавад. Ин мақомро муовини ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки ҳоло таъин нагардидааст, роҳбарӣ мекунад, – иброз дошт Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар нишасти матбуотӣ.
Ӯ афзуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ду шуъба: шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз ва шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис ёфт. Ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки фаъолияти мақомоти Ваколатдор боз ҳам васеътар гардад. 
– Бо мақсади шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти Ваколатдор дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Панҷакент, Бохтар, Хуҷанд, Исфара, Рашт ва Шуғнон чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронда шуданд, – гуфт Умед Бобозода. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
НАСБИ МАНОРА БАРОИ ПАХШИ РАҚАМӢ ДАР СУҒД ВА ВМКБ
 
Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки барои беҳтар гардидани пахши рақамии барномаҳо дар вилоятҳои Суғду Бадахшон 12  манора бо баландии аз 12 то 18 метр насб мешавад. 
Бино ба иттилои ӯ, дар доираи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ВМКБ корҳои васлгарӣ оғоз ёфтаанд. 
Тазаккур дода шуд, ки иҷрои марҳилаи чоруми Барномаи мазкур, ки насби 30 фиристандаи рақамиро дар назар дорад, то охири соли 2023 ба анҷом расида, имкон медиҳад, ки фарогирии аҳолӣ аз ин хидматрасонӣ ба 83 дарсад расад.
 
Л. РИЗОӢ
 
 
 
МД "ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА"
Аз таҳлили вазъи китобхонаҳо  то дубляжи сӣ филм
 
Карими Азиз, муовини директори Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина", дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ 50 гузоришу сюжет аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон – Ватани азизи ман", "Илм – фурӯғи маърифат" ва "Тоҷикон" – оинаи таърихи миллат" ба тамошобинон пешкаш шуд.
– Пахши маълумоти таҳлилӣ-танқидӣ оид ба шароити китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва таваҷҷуҳи мардум ба он ба беҳбудии хидматрасонии китобхона, таъмини онҳо бо асарҳои тозанашр ва рӯзномаву маҷаллаҳо гардид, – гуфт Карими Азиз. 
Инчунин, дар ин давра идораи таҳия ва дубляжи филмҳо 30 филми бадеии кишварҳои хориҷиро тарҷума ва дубляж кард. 
Барои баланд бардоштани малакаи касбӣ, роҳбарони Муассиса аз оғози сол бо ҷалби мутахассисони варзида барои кормандони техникӣ, аз ҷумла наворбардорон, курси кӯтоҳмуддати такмили маҳоратро созмон доданд. 
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА
 
 
 
ҶСК «ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ» 
Хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар гардид
– Дар нимсолаи аввали соли равон ба 152 ҳазору 67 нафар мусофир дар 484 хатсайр хизмат расондем, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 2 ҳазору 745 мусофир зиёд аст, – гуфт Самандар Қамишов, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” зимни нишасти матбуотӣ. 
 
Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки теъдоди батаъхирмонии парвозҳо  8 ададро ташкил медиҳад, 5 хатсайр аз номусоидии боду ҳаво, 2 парвоз бо сабаби дер мондани ҳавопаймо ва 1 хатсайр  бо омилҳои техникӣ ба қайд гирифта шуд. 
Кормандони Хадамоти бехатарии авиатсионӣ 116 нафарро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шуд.
Ҷиҳати сабзгардонии атрофи Фурудгоҳ 15750 дона гулу гулбуттаҳо ва  1219 ниҳоли дарахтони боровару сояафкан шинонданд. 
Суннати СОДИҚ
 
 
 
КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ» 
Пардохтҳои хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ 
Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар самти гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, нақша дорад, ки дар давраи муайяншуда  тамоми пардохтҳои хизматрасониро ба тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монад. 
Дар ин бора Раҷабалӣ Расулзода, муовини директори генералии корхона, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли  равон ба тасвиб расид, корхона ба нақша гирифтааст, ки пардохти нақдиро тариқи гузаштан ба системаи биллингӣ амалӣ намояд. 
– Корхона дар самти фаъолияти худ гузаштан ба системаи биллингиро муҳим мешуморад, зеро он чун махзани ягонаи иттилоотӣ тамоми муштариёни корхона, аз ҷумла аҳолӣ, ташкилоти тиҷоратӣ ва буҷетиро фаро мегирад ва дар навбати худ, ҳисобу китоби дақиқ пешниҳод карда, гузаштан ба системаи пардохтҳои ғайринақдиро осон менамояд, – изҳор дошт Р.  Расулзода.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
213 деҳаи навбунёди бебарқ
26-уми июли соли равон дар  филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Темур Табарзода, сардори филиал, изҳор дошт, ки ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 127 миллиону 452 ҳазору 192 сомонӣ расид, ки 85, 3 дарсади нақшаро ташкил медиҳад ва нисбат ба нимсолаи аввали соли пешин 35 миллиону 748 ҳазору 884 сомонӣ зиёд аст.
Ба иттилои  Темур Табарзода, айни замон дар минтақаи Кӯлоб 213 деҳаи навбунёди бебарқ мавҷуд аст. Аз ҷумла, ба шаҳри Кӯлоб 28, ва ноҳияҳои Восеъ 38, Данғара  4, Фархор 21, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 44, Ховалинг 11, Муъминобод  16, Темурмалик  7, Шамсиддин Шоҳин 22 ва Балҷувон 22  деҳа рост меояд.  
Аз 11 ҳазору 970 пояи фарсудаю корношоям  дар ин  сол 779-тои он бо пояҳои оҳану бетонӣ иваз гардид.  
Дар нимсолаи аввал шумораи санадҳои қоидавайронкунӣ 1 ҳазору 847-торо ташкил медиҳад. Маблағи умумии ҷарима 2 миллиону 879 ҳазору 165 сомониро дар бар мегирад, ки  то кунун 324 ҳазору 319 сомонии он рӯёнда шуд.
 
Суннати СОДИҚ
Санаи нашр: 28.07.2023 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив