ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Музокироти роҳбарони  мақомоти сиёсати хориҷӣ

Музокироти роҳбарони  мақомоти сиёсати хориҷӣ

31 июл 2023, Душанбе
9
0
Тавассути видеоконфронс миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон С. Муҳриддин, Туркманистон Р. Мередов ва Ӯзбекистон Б. Саидов машварат баргузор гашт.
Дар рафти мулоқот масоили омодагӣ ва баргузории Нишасти президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки дар аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар Ашқобод баргузор мешавад, баррасӣ гариданд. Вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин, лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии нишастро арзёбӣ намуданд. 
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба мо хабар доданд, ки роҷеъ ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ низ, табодули афкор сурат гирифт.
 
 
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни  Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Арманистон
Дар доираи сафари кории ҳайати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ереван, байни Хадамоти иҷрои кишвари мо ва Хадамоти иҷрои маҷбурии Вазорати адлияи Арманистон дар соҳаи истеҳсолоти иҷро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. 
Ёддошти тафоҳумро сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Барно Саидвализода ва сардори Хадамоти иҷрои маҷбурии Вазорати адлияи Арманистон Арсен Мнасаканян имзо намуданд. Тавре Хадамот шарҳ медиҳад, дар доираи сафар мулоқоту музокирот байни роҳбарияти ҳар ду Хадамот баргузор  шуда, масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар самти иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор баррасӣ гардиданд.
 
 
РОҲИ ОҲАН
Интиқоли 3, 2 миллион тонна бор   ва 215, 2 ҳазор мусофир дар шаш моҳ
Нақши нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор назаррас буда, 70 дарсади интиқоли борҳо ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд. 
Бино бар иттилои  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дар шаш моҳи соли равон тавассути роҳи оҳан беш аз 3,2 миллион тонна бор ва 215,2 ҳазор мусофир интиқол дода шуд. Аз ҳаҷми умумии боркашонӣ 83,9 дарсад воридот, 16 дарсад содирот ва 4,2 дарсадро боркашонии дохилӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин, содирот 515,5 ҳазор тонна, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ 39 ҳазору 230 тонна, воридот 2690,7 ҳазор тонна ва боркашонии маҳаллӣ 137,3 ҳазор тоннаро ташкил намуд.
 
 
Ҳамоиш вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати такмили механизмҳои танзими мубориза ва пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 
Дар ҷаласа иброз шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб ин такмили механизмҳои танзими мубориза ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, ислоҳи рафтор ва содиркунандагони зӯроварӣ дар оила мебошад. Тақвияти фаъолияти ташкилоту муассисаҳое, ки дар сохтори Вазорат дар ин самт фаъолият мекунанд, таъкид гардид. 
 
 
Роҳбари барномаҳои рушди СММ дар Хатлон
Роҳбари барномаҳои рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вохӯрд. 
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи барномаву лоиҳаҳо миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Дафтари СММ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Масъалаи  таҳияи лоиҳаҳои нав дар  самти  бунёду навсозии роҳҳо ва корхонаҳои хурд, ки ҳазорҳо ҷойи нави кориро ба вуҷуд меорад, дар маркази муҳокимарониҳо қарор дошт. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд. 
 
 
Дар Хоруғ таҳкурсии пули мошингузар гузошта шуд
Дар доираи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар шаҳри Хоруғ бунёди калонтарин  пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд  бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои  нақлиёт  ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбони марказии шаҳр оғоз гардид. 
Дар ин хусус хабарнигори минтақавии «Ҷумҳурият» хабар медиҳад, ки айни ҳол сохтмончиён  ба сангчинӣ дар дохили қафасҳои симин оғоз намудаанд. Тибқи нақшаи сохтмонӣ, ин деворҳои  симтӯрдор бо баландии аз 9 то 12 метр  дар ду қабат сохта хоҳанд шуд ва дохили қабатҳои симтӯр аз   регу хок  пур мешавад, ки усули наву босифати бунёди пулҳои муосир маънидод мегардад. 
Санаи нашр: 31.07.2023 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив