ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин  бо Муҳаммад Саид Муҳаммад ал-Ариқӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин  бо Муҳаммад Саид Муҳаммад ал-Ариқӣ

01 август 2023, Сешанбе
8
0
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Остона) Муҳаммад Саид Муҳаммад ал-Ариқиро ба ҳузур пазируфт.
Дар ибтидо Ал-Ариқӣ даъватномаи расмии Президенти АМА Шайх Муҳаммад ибни Зоид оли Наҳёнро ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти 28-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28), ки дар шаҳри Дубай баргузор хоҳад шуд, супурд. Ҳамзамон, дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Вазорат ба «Ҷумҳурият» хабар доданд. 
 
 
 
Вохӯрии гурӯҳҳои кории  Комиссияи демаркатсионӣ
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаи гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба мо хабар доданд, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, аз рӯи натиҷаҳои он протоколи дахлдор ба имзо расид.
 
 
 
Истифодаи барномаи «Пардохти ҳушманд»  дар сохторҳои пойтахт
Аз имрӯз сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ барномаи «Пардохти ҳушманд» (Smart Pay)-ро  дар фаъолияти худ истифода мебаранд. Тавре аз МИҲД шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, дар ин хусус қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Қарори мазкур бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати амалишавии марҳилаи якуми барномаи “Пардохти ҳушманд” (Smart Pay) амалӣ мегардад.
 
 
 
Таҳкими маърифати ҳуқуқии  хизматчиёни ҳарбӣ
Масъулони Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ машварати корӣ доир намуданд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати мудофиа шарҳ додааст, мақсад аз чорабинӣ пешгирии сатҳи содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ, такмили ҷаҳонбинии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии афсарону сарбозон мебошад. 
 
Муҳаммадулло ТАБАРОВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив