АФЗОИШИ ШУМОРАИ СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар нимаи аввали соли 2023 қариб 15,7 ҳазор нафар ба тиҷорат оғоз кард.
Илова бар ин, дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3,4 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шуд.
То 1 июли соли 2023 дар кишвар, дар маҷмуъ, 670,4 ҳазор нафар ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном гардид.
ШИНОСОИИ АҲМАДЗОДА БО СОХТМОНИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат дар шаҳри Хуҷанд бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ идома дорад. Дар ин бора хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар додааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони ҶДММ «Комбинати равғанбарорӣ», корхонаи бандубасти меваи ҶДММ «Доро инвест», корхонаи истеҳсоли шиша, инчунин, фаъолияти ҶДММ «Файзи ҷаҳон» шинос гардид.
Раиси вилоят барои татбиқи лоиҳаҳо ва воридсозии таҷҳизоти баландсифат тавсияҳо дода, корхонаҳои навро ҷиҳати таъмини сокинон бо ҷойҳои кор ва зиёд намудани номгӯи маҳсулоти ватанӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар нимсолаи аввал 162 корхонаву коргоҳи нав бо 1146 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд.
БА МАБЛАҒИ 8,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ КАМБУДИҲО ОШКОР ШУД
Тибқи нақшаи корӣ, дар шашмоҳаи аввали соли равон шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати сарраёсати молия дар вилояти Хатлон дар 209 ташкилоту муассисаи буҷетӣ таҳлилҳои интихобӣ гузаронда, ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ камбудиҳоро ошкор намуд.
Ин нукта зимни нишасти матбуотии сарраёсати молия дар вилояти Хатлон гуфта шуд. Аз маблағҳои ошкоргардида 7,5 миллион сомонии онро зарари молиявӣ ташкил менамояд. Аз маблағи умумии ошкоршуда 6,9 миллион сомонӣ барқарор шуд, ки аз ин 884,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 6 миллион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо рост меояд ва 78,1 дарсади маблағҳои ошкоршударо дар бар мегирад.
Аз тарафи раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби маблағҳои барзиёди буҷетҳои маҳаллӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ва маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар маҷмуъ, 9,7 миллион сомонӣ равона шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)