АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
НАҚЛИЁТ. НИГАРОНИИ ВАЗИР АЗ АФЗОИШИ САДАМАҲО
Дар нимсолаи аввали соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 161 садама сабт гардида, 171 кас маҷруҳ шуд ва 101 нафар ба ҳалокат расид. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳо зиёд мебошанд.
Ин нуктаро вазири нақлиёт Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Садамаҳо, асосан, аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт, риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандаҳо ва истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми идораи нақлиёт рух додаанд.
Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра буда, масъулони Вазорат ҷиҳати беҳтар намудани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имконот мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ оид ба барқароркунӣ ва гузоштани аломатҳои роҳ сол ба сол аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ин аст, ки соли гузашта дар роҳҳо 2 ҳазору 335 ва соли равон 1800 аломат гузошта шудааст, – гуфт Азим Иброҳим.
Кароматулло АТО
ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 7,9 ДАРСАД АФЗУД
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли равон мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 18 миллиону 658,7 ҳазор сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 дарсад зиёд мебошад.
Ба гуфтаи вазири кишоварзӣ, татбиқи имтиёзҳои андозӣ ба соҳаи парандапарварӣ ба рушди он такони ҷиддӣ бахшид. Бо ҷорӣ гардидани имтиёзҳо шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 65-тои соли 2017 ба 222-то расид.
Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз моҳи феврали соли 2018 соҳаи парандапарварӣ аз пардохти андозҳо ба муҳлати шаш сол, инчунин, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардид.
Чуноне иттилоъ доданд, аз 222 корхонаи парандапарварӣ 100-то ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 108-то ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8-то ба истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда ва 6-то ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеъмолӣ машғул мебошанд.
Кароматулло АТО
СОДИРОТИ НЕРУИ БАРҚ 84,9 МИЛЛИОН КВТ/СОАТ КАМ ШУД
Соли равон дар мамлакат, бо назардошти неругоҳҳои хурд, беш аз 10,7 миллиард кВт/соат неруи барқ тавлид гашт, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 209,3 миллион кВт бештар мебошад. Ҷамъоварии маблағи неруи барқ 2 миллиарду 255,1 миллион сомониро ташкил дод, ки 434 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт:
– Содироти неруи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84,9 миллион кВт/соат кам буда, ба 973,7 миллион кВт/соат расид, ки, асосан, ба Афғонистон ва Ӯзбекистон фурӯхта шуд.
Нимсолаи якуми соли равон дар марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт, дар маҷмуъ, 550,6 ҳазор Гкал неруи гармӣ истеҳсол шуд, ки 18,5 дарсад кам мебошад. Сабаби камшавии ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе барвақт қатъ намудани фаъолияти марказҳо мебошад.
Дар ин давра Вазорат вобаста ба масъалаҳои рушд ва таҷдиди соҳаи энергетика ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сайёра мебошад, тадбирҳои судманд андешид, ки татбиқи онҳо муттасил идома дорад, – таъкид кард вазир.
Кароматулло АТО
АСКАР БОБОЕВ: “БУНЁД ВА НАВСОЗИИ 20 ИНШООТ ДАР НАҚША АСТ”
Аскар Бобоев, сардори филиали раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бунёд ва навсозии як қатор иншоот, аз ҷумла дар соҳаи маориф 13 иншоот, сектори ҳокимияти давлатӣ 3, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 1, соҳаи фарҳанг 1, тандурустӣ 1 ва коммуналӣ 1 иншоот пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи Аскар Бобоев, сохтмони 20 иншоот дар нақша аст, ки 6-тои он, аллакай, ба истифодабарӣ омода аст. Аз ҷумла, муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар як баст дар деҳоти Зиракии деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб, бинои иловагӣ барои 320 хонанда дар назди МТМУ № 28-и деҳаи Бобосафоли деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор, хатти интиқоли барқ дар деҳаҳои Роғиён ва Шамсиддин Сафарови деҳоти Шамсиддин Шоҳин, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Таги Ҷари ноҳияи Ховалинг ва сохтмони МТМУ № 20 барои 200 хонанда дар деҳаи Саталмуши ноҳияи Балҷувон.
– Ҳоло дар 10 иншоот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дар 3 иншоот аз ҳисоби буҷети вилоят корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд, – афзуд А. Бобоев.
Суннати СОДИҚ
М. ФАЙЗУЛЛОЗОДА: "ҲАДАФИ АСОСӢ ТАЪМИН ВА КАФОЛАТИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТ"
Барои вайрон кардани қоидаҳои карантини рустанӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 161 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода 121074 сомонӣ ҷарима ба буҷети давлатӣ ворид шуд.
Ин матлабро Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявии Кумита 26890 тонна нахи пахта, 7110 тонна ришта, 2151 тонна меваи хушк, 111,6 тонна чормағзи заминӣ, 44,2 тонна чормағзи юнонӣ, 798 метри мукааб чӯбу тахта, 722476 бех ниҳол, 32,2 тонна тамоку, 53,1 тонна писта, 237,4 тонна тухми юнучқа ва 953 тонна донаи зардолу, дар маҷмуъ, ба маблағи 688 603 сомонӣ маҳсулот безарар гардонда шуд.
Фаъолият дар самти фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ ба солимгардонии ҳолати фитосанитарии зироатҳои кишоварзӣ, сари вақт андешидани чораҳои карантинию фитосанитарӣ, муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонҳо, касалиҳо ва алафҳои худрӯй, инчунин, ҳимояи ҳудуди ҷумҳурӣ аз хатари воридот ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ равона гаштааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ТАРМИМУ НАВСОЗИИ РОҲҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД
Муродалӣ Хомӯшов, сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард”, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар минтақаи Кӯлоб нақшаи таъмири ҷории 351 километр, мумфаршсозии 3,63 ва сангфарш намудани 4,74 километр роҳ, тармими се пули мошингузар ба дарозии 194 метр ва чуқуричаҳои роҳ дар ҳаҷми 7296 метри мураббаъ дар 6 моҳи соли равон иҷро гардид. Инчунин, 271 аломат дар роҳҳо гузошта шуд.
– Барои тармиму нигоҳдории роҳҳо дар шаш моҳ 3 миллиону 462 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ворид гашт. Аз буҷети маҳаллӣ ба суратҳисоби муассисаи зертобеъ 664 ҳазору 620 сомонӣ ҷудо шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад, – афзуд Муродалӣ Хомӯшов.
Ба иттилои масъулон, ҳарчанд маблағгузорӣ дар нимаи аввали соли равон бештар гардида бошад ҳам, барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ кофӣ нест. Онҳо мақсад доранд, ки ҳамкориро бо намояндагони шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳо ва бо соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати рушди деҳот пурзӯр намуда, таъмиру барқарорсозӣ ва нигоҳдории пулу роҳҳои маҳаллиро дар доираи имкониятҳо ба роҳ монанд.
Суннати СОДИҚ
ДАТ. БОРИ АВВАЛ МУБОДИЛАИ ДОНИШҶӮЁН ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ БА РОҲ МОНДА ШУД
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бори аввал дар соҳаи кишоварзӣ мубодилаи донишҷӯёнро ба роҳ монд ва 5 донишҷӯ барои таҳсил ба Федератсияи Россия фиристода шуд, – гуфт ректори Донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ректор, дар асоси созишномаи байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск донишҷӯёни мо ду сол дар ҷумҳурӣ ва ду сол дар Иркутск ба таҳсил фаро гирифта мешаванду ҳам дипломи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Федератсияи Россияро мегиранд.
Таъкид шуд, ки Донишгоҳ ҳоло бо 112 донишгоҳу донишкадаи 14 давлати дунё ва 26 барномаи ташкилоти хориҷӣ дар самти таълим, илм, такмили касб ва коромӯзии омӯзгорон, таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва дигар самтҳои таҳсил ҳамкории зич ба роҳ мондааст.
Донишгоҳ ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандаҳои буҷет бо идораҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо, хоҷагиҳои алоҳидаи фермерӣ, ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои истеҳсолӣ ҳамкорӣ менамояд. Ҳамзамон, ҳар сол бо ташаббуси Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар пойгоҳи Донишгоҳ ярмарка-тақсимоти хатмкунандаҳо гузаронда мешавад, ки ба ин восита, донишҷӯён соҳиби ҷойй кор мегарданд.
Кароматулло АТО
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)