РОҒУН. ОБОДКОРИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД
Шуъбаи фарҳанги шаҳри Роғун ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хуб мебинад. Тавре мудири шуъба Олимҷон Ҷалилзода иброз намуд, бахшида ба ин ду санаи таърихӣ нақшаю чорабиниҳои фарҳангӣ бомаром амалӣ мешаванд.
Рӯзҳои шанбею якшанбе аҳли адаб ва дастаи ҳунармандон ба се ҷамоати шаҳраку деҳот рафта, бо мардум вохӯриҳои судманд гузаронданд. Дар мавзуъҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон – дар оинаи таърих», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Сулҳу ваҳдат мароми мост» маърузаҳои пурманфиат ва барои ҷомеаи имрӯзи мо муҳимро ба мардум расонданд. Суруду таронаҳо Модар – Ватан, Тоҷикистон, сулҳу дӯстиро тараннум карданд. Ба хотири пуршукӯҳтару зеботар ҷашн гирифтани Истиқлоли давлатӣ мардуми ин шаҳри нурофар ҳар рӯзи шанбе ба ҳашар баромада, кӯчаю хиёбонҳоро тоза кардаву ба тартиб медароранд.
Ҳамчунин, барои бузургдошти сана ва ҷашнҳои таърихӣ боғи истироҳатию фарҳангии шаҳр доимо таъмиру тармим аст. Одамони дорои касбу кори гуногун ба ин боғи истироҳатӣ омада, бо бозиҳои варзишии волейбол, шоҳмоту шашка машғул мешаванд, китобу рӯзнома, маҷалла мехонанд. Ҳар шоми шанбе ба хотири болидаруҳии истироҳаткунандагон барномаи консертии ҳунармандон пешкаш мегардад.
Тибқи нақша, шоирону нависандагони диёр бо мардум вохӯриҳо гузаронда, китобҳову асарҳои навиштаашонро ба мухлисони адабиёт тақдим мекунанд.
Ҳокими САФАР, шаҳри Роғун
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)