ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИР БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИР БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

04 август 2023, Ҷумъа
12
0
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Турсунзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва иҷрои корҳои созандагиву ободкорӣ  шинос шуд. 
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки гурӯҳи корӣ бо вазъи нашъунамои пахта, ангур, шолӣ ва тарбуз шинос гардид. Ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, истифодаи босамари замин ва саҳмгузорӣ барои расидан ба амнияти озуқаворӣ аз ҷониби муовини Сарвазир ба роҳбарону масъулони соҳа супоришҳои мушаххас дода шуданд.
 
 
 
НАСБИ ДУ СТАНСИЯИ НАВ ДАР МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО 
Дар доираи  чорабиниҳо бахшида ба соли 2025 эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ ду стансияи инноватсионии муосир – Campbell Science CR1000X ва Campbell Science CR6-ро, ки барои омӯзиши пиряхҳои ҷумҳурӣ аҳамияти хос доранд, дастрас намуд. 
Аз Марказ ба мо иттилоъ доданд, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини стансияҳои нав дақиқ омӯхтани нишондиҳандаҳои асосии пиряхҳо ва гирифтани маълумоти боз ҳам муфассал доир ба ҳолати ҳозира, инчунин, пешгӯӣ намудани ҳолати ояндаи онҳо ва дар умум, таҳқиқи захираҳои оби ҷумҳурӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мебошад.
 
 
 
«МОНИТОРИНГИ ТАЪСИРИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР БА МУҲИТИ ЗИСТ»
Таҳти ҳамин унвон маҳфили навбатии экожурналистон баргузор гашт.
Тавре ба мо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд,  дар бахши аввали маҳфил  сардори Маркази назорати таҳлилию ташхисии Кумита Саидисмон Судурзода оид ба натиҷаҳои “Мониторинги таъсири фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба муҳити зист” ба таври муфассал маълумот дод. Пас аз шарҳи пурраю ҳаматарафаи мавзуъ суолу ҷавоб сурат гирифт ва мутахассисони соҳа ба пурсишҳои сершумори журналистон ҷавобҳои мушаххас доданд.
 
 
 
ҶАЛБИ ЗАНОНУ ҶАВОНДУХТАРОНИ ХОНАШИН БА КАСБОМӮЗӢ 
Бо мақсади ҷалби бештари занону ҷавондухтарони хонашин ба касбомӯзӣ ва зиёд намудани теъдоди бонувон дар корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ аз ҷониби масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо занони хонашин вохӯрӣ доир гардид. 
Дар он аз ҷалби занон ба касбу ҳунар ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ дар корхонаи дӯзандагии "Гулдаст", ки дорои шароити хуби меҳнатӣ мебошад, сухан рафт. Корхона бо технологияҳои навин муҷаҳҳаз гардида, то 200 нафар бонувонро ба кор қабул менамояд.



 
АЗ ҶАРИМАҲОИ БДА ТЕЛЕФОН ХАБАР ХОҲАД ДОД 
Хизматрасонии «Шаҳри бехатар» ба соҳибони мошинҳо кумак мекунад ва аз  ҷаримаҳои ҳисобшуда тавассути SMS огоҳ менамояд, то ба мушкилоти сари вақт напардохтан дучор нашаванд. 
Истифодабаранда SMS–дархостро бо матни «СТАТУС» ба рақами 0008 мефиристад. Агар дар махзани маълумоти БДА иттилоъ дар бораи ҷаримаҳои ҳисобшуда мавҷуд бошад, соҳиби мошин паёми ҷавобиро бо нишон додани миқдори ҷарима ва намуди қоидавайронкунӣ қабул менамояд. Ҳангоми набудани маълумот ба рақами истифодабарандаи хизматрасонӣ SMS бо матни «Аз рӯи мошини шумо ҷарима ошкор нашудааст» меояд.
Санаи нашр: 04.08.2023 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив