«СОМОН ЭЙР» ПАРВОЗҲОРО БА УРУМЧӢ БАРҚАРОР НАМУДА, ТЕЪДОДИ ОНРО БА НОВОСИБИРСК МЕАФЗОЯД
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 8 феврали соли равон дар масири Душанбе – Урумчӣ – Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе бо истифода аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 парвозҳоро роҳандозӣ намуд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 12:00, аз Урумчӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст ва муддати парвоз дую ним соатро дар бар мегирад. Шуруъ аз нимаи аввали моҳи март парвоз аз Душанбе ба Урумчӣ ҳафтае ду маротиба сурат хоҳад гирифт. Ба мусофироне, ки аз Душанбе ба Урумчӣ ва аз Урумчӣ ба Душанбе сафар менамоянд, бо худ доштани маълумотномаи гузаштани PCR – тест бо натиҷаи манфӣ, ба забони англисӣ ва рамзи QR тавсия дода мешавад.
Бояд зикр қард, ки “Сомон Эйр” аз 5 феврали соли равон парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе низ, ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе анҷом медиҳад ва вақти парвоз аз Душанбе 18:00, аз Новосибирск 00:50 (шаби панҷшанбе), рӯзҳои якшанбе парвоз аз фурудгоҳи Душанбе соати 12:00 ва баргашт соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Парвоз 3 соат тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 анҷом дода мешавад.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.02.2023 №: 34
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)