ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

08 август 2023, Сешанбе
26
0
ЭЪТИБОРИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ МЕАФЗОЯД
Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз шумораи ҳайати профессорону омӯзгорон 32 нафар аз курси такмили ихтисос гузашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 15 нафар зиёд аст. Шумораи нашри мақолаҳои илмии омӯзгорон низ, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст. 
Рисолаҳои илмии худро дар ин шаш моҳ 10 нафар омӯзгору унвонҷӯ дифоъ кард. 10 нафари дигар таълифи рисолаи илмиро ба анҷом расонд. Инчунин, 3 нафар омӯзгор дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт. 
Дар Донишгоҳ 3 омӯзгор аз кишварҳои хориҷӣ фаъолияти пурсамар дорад. Ба ҷуз ин, 12 омӯзгор дар хориҷи кишвар такмили ихтисос намуд. 
Мавриди зикри махсус мебошад, ки 586 шаҳрванди хориҷӣ дар ин Донишгоҳ таҳсил менамояд. Инчунин, 10 нафар шаҳрванди хориҷӣ чун шунавандаи забони тоҷикӣ дар назди кафедраҳо ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Ин муассисаи таълимӣ бо 59 донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад.
Ба пурсиши хабарнигорон ректори Донишгоҳ посух дод, ки муассисаи таҳсилоти олии касбии мазкур нисбат ба солҳои қаблӣ ба дастовардҳои зиёди илмиву таълимӣ ноил гардидааст. 
 
Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
Роҳандозии ихтисосҳои нав дар ДБССТ
Яке аз дастовардҳои муҳими Донишгоҳ дар ин давра ба роҳ мондани табодули академикии 26 нафар донишҷӯ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ва Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазон мебошад. Рӯзҳои наздик ба Донишгоҳи Ситии Малайзия низ, донишҷӯёни тоҷик барои омӯзиши забон ва илми сайёҳӣ сафарбар мешаванд. 
Ин нуктаро Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ иброз дошт.  
Ҳамчунин, илова гардид, ки 35 донишҷӯи Донишгоҳ дар чорумин Олимпиадаи байналмилалии умумироссиягӣ иштирок намуда, нуҳ нафар сазовори ҷойҳои намоён гашт.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ иқтидори илмии Донишгоҳ рӯ ба афзоиш буда, шумораи докторони илм 5 ва номзадони илм 8 нафар зиёд шуд.
Инчунин, Убайдулло Асрорзода,  зикр кард, ки ҷиҳати ноилгардӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат бо дархости раёсати Донишгоҳ ва хулосаи мусбати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтисосҳои нави рӯзноманигории байналмилалӣ, равияҳои табиӣ, риёзӣ ва омӯзгорӣ  иҷозатнома гирифтанд. 
 
Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
ММТ ОМИЛҲОИ КАМ ШУДАНИ ДОВТАЛАБОНРО НОМБАР НАМУД
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои кам шудани довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳоро номбар намуд.
Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки ду омил: 1) Кам шудани теъдоди хатмкунандагони синфи 11; 2) Зиёд гардидани нақшаи қабули донишҷӯён аз тарафи муассисаҳо, боиси иҷро нагардидани нақшаи қабули донишгоҳу донишкадаҳо гардид.
Гуфта шуд, ки шумораи хамткунандагони синфи 11 соли равон 105 ҳазору 839 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022-юм 13 ҳазору 853 нафар камтар аст. Аз ин шумора, дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳамагӣ 68 ҳазору 675 нафар (64,89 %) барои иштирок дар ИМД-2023 худро номнавис кардаанд.
Тибқи омори соли 2022, аз шумораи умумии хатмкардагони синфи 11 61,41 дарсад дар ИМД ширкат дошт.
 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
ДАНҒАРА
Саноатикунонӣ вусъат меёбад
3  август дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара нишасти матбуотӣ доир гардид. Садриддин Сайдализода, муовини раиси ноҳия, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон нақшаи буҷет 100 дарсад иҷро гашта, 111 миллион сомонӣ ба хазина ворид гардид.
Дар ноҳия музди миёнаи меҳнат ба 1930 сомонӣ баробар буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешин 159 сомонӣ афзудааст. Қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад, рухсатпулии омӯзгорон пурра пардохт шудааст. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 223 миллиону 600 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 24,3  миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорон бунёди 28 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, пойафзол, пӯст, маҳсулоти ширӣ, ҳасиб, орду макарон дар нақша аст ва дар нимсолаи аввал 2 адади он мавриди истифода қарор гирифт. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 846 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 111 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. 
Суннати СОДИҚ
 
 
 
 
ДАР ПОЙТАХТ 19 МОШИНИ САЙЁР БА СОКИНОН ХИЗМАТ МЕРАСОНАД
Дар соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 41 анбор дар масоҳати 38041 метри мураббаъ ва 3 сардхона барои нигаҳдории 2100 тонна маҳсулот мавҷуданд. Ҳадафи асосии захираи маҳсулоти ғизоӣ қонеъ намудани талаботи мардум ва танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ мебошад.
Ин нуктаро Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.
Зикр шуд, ки дар доираи иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024», ҳамаи анбору сардхонаҳо аз таъмир баромада, ба қабули маҳсулоти кишоварзӣ омодаанд.   
Ба гуфтаи  Хуршед Раҳмонализода, захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе 19 мошини сайёр аз ҷониби Тоҷикматлубот ба сокинон хизмат мерасонад. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
ШАҲРИНАВ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзуд
– Дар шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 103,3 фоиз иҷро гардид. Ба буҷет зиёда аз 23 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 372 ҳазор сомонӣ бештар мебошад. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 163 миллиону 793 ҳазору 400 сомонӣ баробар гашт. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 миллиону 422 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Масоҳати умумии гармхонаҳо 6,71 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 4,73 гектар лимӯ ва 1,98 гектар намудҳои сабзавот парвариш меёбанд. Майдони боғҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1803,4 гектарро ташкил намуда, 1656,8 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад, – иттилоъ дод раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода. 
Барои беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот 5 сардхонаи замонавӣ фаъолият мекунад, ки кишоварзон дар онҳо беш аз 2 ҳазору 360 тонна мева ва дигар маҳсулотро захира намоянд. Корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 26 миллиону 245 ҳазору 300 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. 
Ёқуби СОДИҚ
 
 
 
ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ.  БЕШ АЗ 6 МИЛЛИОН СОМОНӢ БА БУҶЕТ ИНТИҚОЛ ЁФТ  
 
Тайи шаш моҳи аввали соли равон, бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар чанд субъекти хоҷагидор санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронд, ки дар натиҷа ба маблағи 6 миллиону 200 ҳазор сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ супурда шуд. 
 
Хадамот дар заминаи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2018 “Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд”, мониторинги 19 номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохилӣ гузаронда, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. 
Дар ин  муддат, аз тарафи Хадамот 45 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 12 муассисаи тиббӣ, 33 муассисаи таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, мавриди таҳлил қарор гирифт.  
Бо зикри ин матлаб, зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми сардори Хадамот Сафаралӣ Қурбонзода гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ нархи миёнаи воридоти як тонна бензин 574 доллари амрикоӣ, як тонна сӯзишвории дизелӣ 783 доллар ва як тонна гази моеъ 403 долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нархи бензин 213 доллар, сӯзишвории дизелӣ 171 доллар ва гази моеъ 73 доллар коҳиш ёфтааст.
Маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ, асосан, аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Беларус ва дигар давлатҳо ворид мешаванд.
 
Кароматулло АТО
 
 
 
 
 
ТОҶИКСУҒУРТА.  ҲАДДИ НИҲОИИ ТАРИФИ СУҒУРТАИ МОЛУ АШЁИ ШАҲРВАНДОН ПОЁН РАФТ
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ҳадди ниҳоии тарифи суғуртаи молу ашёи шаҳрвандонро 4 дарсад ва суғуртаи корҳои сохтмонию васлкуниро 1 дарсад поён кард, ки ҳоло мутаносибан 2-6 дарсад ва 1-4 дарсадро ташкил медиҳанд.
Бо зикри ин матлаб, зимни нишасти матбуотӣ, директори генералии Корхона Шуҳрат Мақсудзода шарҳ дод, ки иқдоми мазкур бо назардошти вазъи имрӯзаи ҳолати молиявӣ ва бо мақсади фарогирии бештари шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба суғурта амалӣ гардид. Ба гуфтаи ӯ, Корхона дар шашмоҳаи аввали соли равон ба шахсони амволашон зарардида ва шаҳрвандоне, ки ба саломатиашон осеб расидааст, ба маблағи 1 миллиону 587 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт кард, ки 16,5 ҳазор сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва 1 миллиону 570 ҳазор сомонӣ ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд. 
Корхона дар ин давра бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ беш аз 250 ҳазор шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонд. Аз ҳисоби шартномаҳои басташуда беш аз 21,2 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, иҷрои нақшаи нимсола 122,3 дарсад таъмин шуд, ки нисбат ба нақша бештар мебошад. 
Гуфта шуд, ки ҳоло бо мақсади пурра ба суғурта фаро гирифтани ҳаёт, саломатӣ ва молу амволи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар ҷумҳурӣ 63 филиал ва 6 намояндагии Корхона хизматрасониро аз рӯи 22 намуди суғурта ба роҳ мондаанд.
 
Кароматулло АТО
 
 
 
 
 
 
ПАРВИЗ АКРАМЗОДА: «ТО 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ НАЗДИКИ 400 ИНШООТ БУНЁД МЕГАРДАД»
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ дар шаш моҳи соли равон 1 миллиарду 790,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
– Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар марказ ва деҳоти шаҳри Турсунзода бунёд ва ба истифода додани 398 иншооти таъиноташон гуногун пешбинӣ гардидааст. Аз иншооти нақшавӣ 113-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Танҳо дар ин нимсола 39 иншоот ба истифода дода шуд. Барои беҳтар намудани сифати таълим дар шаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 65 синфхонаи иловагӣ барои 1528 ҷойи нишаст бунёд ёфт. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 217 синфхонаи иловагӣ дар назди 24 муассисаи таълимӣ идома дорад, – гуфт Парвиз Акрамзода.  
 
Ёқуби СОДИҚ
 
 
 
 
542 ДОНИШҶӮ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ КӮЛОБРО ХАТМ КАРД
Латофат Одиназода, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки шумораи донишҷӯён ба ҳолати 1 июни соли равон ба 1023 нафар расидааст. Аз ин 619 нафар рӯзона, дигарон ба тарзи  фосилавӣ (ғоибона) таҳсил менамоянд. 
Дар нимсолаи аввали соли равон донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доштанд. Аз ҷумла, Зулҳиҷаи Садриддин ва Моҳсафари Одинааҳмад дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи суҳби доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинаи адабиёти классикӣ маҳорати хуб нишон дода, сазовори ҷойи дуюм гардиданд ва ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Нишондоди иштироки донишҷӯён дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” низ, қаноатбахш аст. 
Ба иттилои директор, соли равон 542 донишҷӯ муассисаро сарбаландона хатм намуд.  
Суннати СОДИҚ  
 
 
 
ХАДАМОТИ ИҶРО
Ворид гардидани 5612 истеҳсолоти иҷро оид  ба ситондани маблағи алимент
Дар нимсолаи аввали соли равон ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5612 истеҳсолоти иҷро оид ба ситондани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин дар маҷмуъ, 91 780 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент мавриди иҷро қарор дорад. Дар ин бора  Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷро, зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд. 
Иттилоъ дода шуд, ки бинобар барқасдона саркашӣ намудани қарздорон  аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 399 қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. 
- Дар феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил шудааст, айни ҳол 856 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид  гардидааст. Бо дастрасӣ ба моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барои  баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди кишвар маҳдудият гузошта шуд. Амали мазкур натиҷаи мусбат дода, 857 қарздор сарҳади кишварро убур карда натавониста, ба андозаи 7,6 миллион сомонӣ қарзи худро пардохт намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 миллион сомонӣ бештар аст, - гуфт  Барно Саидвализода.
 
Комрон САФАР, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 07.08.2023 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив