Ҷаласаи гурӯҳи муштараки назоратӣ
Дар Душанбе ҷаласаи Гурӯҳи муштараки назоратии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳадӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар заминаи ҳусни тафоҳум омодагиро барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар навоҳии сарҳадӣ иброз намуданд. Аз натиҷаи ҷаласа протоколи дахлдор ба имзо расид. Дар ин бора хадамоти матбуоти Возорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст.
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёшикава Юмиро
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин муовини парламентии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ёшикава Юмиро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорат хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илму маориф, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин, ҳамкориҳои муштарак дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима гардиданд.
Пас аз мулоқот маросими имзои созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” баргузор гашт.
Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва Ассамблеяи ҷаҳонии ҷавонони мусалмон
Байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Ассамблеяи ҷаҳонии ҷавонони мусалмон Ёддошти тафоҳум имзо шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки санади ҳамкорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ зимни вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва роҳбари Ассамблеяи ҷаҳонии ҷавонони мусалмон имзо гардид. Дар ҳошияи вохӯрӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкории минбаъда ибрози андеша шуда, санади ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ба тасвиб расид.
Дипломи Кумитаи кор бо занон ва оила ба ғолибони гранти президентӣ
Дар шаҳри Душанбе 80 бонуи фаъоли кишвар аз дастгирии навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бархӯрдор гардида, бо Дипломи Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчун ғолиби озмуни гранти президентӣ дар соли 2023 сарфароз гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Кумита ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021–2025» маросими дипломсупории ғолибони озмуни Гранти президентиро баргузор намуд. Ҳамчунин, ба ҳайати комиссия барои фаъолияти пурсамар дар баррасии лоиҳаҳои воридгардида Сипосномаи Кумита тақдим гардид.
Ташкили гӯшаҳои сайёҳӣ дар боғҳои Душанбе
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи намоиш – фурӯши махсулоти кишоварзии ноҳияи Вахш дар боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, шаҳри Роғун дар боғи Куруши Кабир ва шаҳри Истаравшан дар боғи "Ирам" гӯшаҳои сайёҳӣ ташкил намуданд. Дар ин хусус ба мо аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд.
Дар намоишгоҳҳо имконоти рушди сайёҳӣ дар мамлакат тариқи руқъаҳо, брошюраҳо ва дигар маводи иттилоотӣ мавриди баҳрабардории иштирокчиён қарор дода шуд.
Боздошти узви гурӯҳи ҷиноятӣ дар одамрабоӣ
Дар натиҷаи гузарондани амалиётҳои фаврӣ–тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар боз як узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ марбут ба рабудан ва куштори муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Шуҳрат Исматуллоев – шаҳрванд Бахтовар Сафаров, ки қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъаовар маҳкум шудааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Тавре аз Прокуратураи генералӣ иттилоъ доданд, номбурда як рӯз пас аз содир намудани ҷиноят (24 июни соли 2023) тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Туркия фирор намуд. Айни ҳол, дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ шахсияти роҳбар ва 15 узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ муайян ва 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)