ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи махсуси Канада оид ба Афғонистон

Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи махсуси Канада оид ба Афғонистон

11 август 2023, Ҷумъа
12
0


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи махсуси Канада оид ба Афғонистон Девид Спроулро ба ҳузур пазируфт, – омадааст дар хабари интишорнамудаи хадамоти матбуоти Вазорат.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи вазъи кунунии Афғонистон, ҳамчунин, роҷеъ ба тасмимҳои Тоҷикистон дар бобати таҳкими марз ва муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мубодилаи афкор намуданд.


Мулоқоти дабири кулли ИДМ  бо сафири Тоҷикистон 
Дар қароргоҳи ИДМ, воқеъ дар шаҳри Минск мулоқоти дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев бо сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода доир гардид.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунсамтаро дар доираи рӯзномаи ҷории ИДМ баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд. 


Идомаи рафъи пайомадҳои  офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ 
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  аз омадани сел дар деҳаи Мадми деҳоти Урметани ноҳия Айнӣ хабар дод. Он бар асари боронҳои пуршиддат ба амал омадааст. Аз обу лойқа чор хонаи истиқоматӣ, чор хоҷагии ёрирасон ва 300 метр роҳи деҳа қисман зарар диданд. 
Барои расондани кумак ба оилаҳои зарардида, ҳамчунин, бартараф намудани пайомадҳои офат 60 сокини деҳа ва 6 техникаи муҳандисӣ ҷалб гардиданд. 3 хонаи истиқоматӣ, ду бинои ёрирасон, садҳо  метр роҳҳои байни деҳаҳо, селроҳа ва ҷӯйбор аз ҳар гуна селоварду лою хас тоза шуданд. Корҳои бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ идома доранд.


Аксияҳои тарғиботӣ вобаста ба муомилоти ғайринақдӣ
Аз ҳисоби 100 волонтёру фаъолони ботаҷрибаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва аксияҳои тарғиботиву ташвиқотӣ байни  аҳолии  Душанбе вобаста ба тадбирҳои вусъат додани  ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, – иттилоъ додааст АМИТ «Ховар». 
Гурӯҳи мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар якҷоягӣ бо намояндагони КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Ин гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ бо  иштироки васеи волонтёрон дар дигар шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ, баргузор мегарданд.


Тартиби нав дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ
Тибқи тартиби нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ, қабули имтиҳонҳо дар чор давр гузаронда мешавад. 
Даврҳои якум, дуюм ва сеюми бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо то охири моҳи сентябр идома ёфта, даври чоруми бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо, ки он танҳо барои довталабони шуъбаҳои фосилавӣ ва ғоибона пешбинӣ шудааст, то охири моҳи декабр ба роҳ монда хоҳад шуд. Роҳандозӣ кардани чораҳои зикршуда метавонад барои таъмин кардани иҷрои нақшаи қабули довталабон мусоидат намояд. Дар ин бора ба мо аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд. 


Ташрифи 627 931 сайёҳ  ба Тоҷикистон дар шаш моҳ
Дар ним соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 627 ҳазору 931 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 181 ҳазору 867 нафар зиёд аст. 
Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҷумҳурии мо ташриф овардаанд, 487 ҳазору 403 нафарашро  сайёҳон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,2 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора ба мо аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд.  

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив