ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУРҒОБ.  БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НАВГОНИҲО ДАР СОҲАИ МАОРИФ

МУРҒОБ.  БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НАВГОНИҲО ДАР СОҲАИ МАОРИФ

11 август 2023, Ҷумъа
19
0


Аз 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мурғоб як муассисаи  таълимӣ пурра ба забони тоҷикӣ ва як муассисаи дигар  дузабона буда, дар дигар муассисаҳо таълим ба забони қирғизӣ  ба роҳ монда шудааст. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия соли таҳсили ҷорӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии қирғиззабон гурӯҳҳои тоҷикӣ таъсис дода шуданд. Имсол нахустин гурӯҳҳои тоҷикӣ синфи аввалро хатм карданд. 

Бино ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тутиё Муродзода, дар гурӯҳҳои тоҷикӣ 142 хонанда таҳсил дошта, ҳамасола теъдоди хонандагон меафзояд.
– Фарогирӣ ба гурӯҳҳои тоҷикӣ дар мактабҳои қирғиззабон ба таври худихтиёрӣ ба роҳ монда шудааст, вале теъдоди хоҳишмандони таҳсил дар ин гурӯҳҳо зиёд аст, – изҳор дошт мудири шуъбаи маориф.
Агарчи аксари аҳолии ноҳияро қирғиззабонҳо ташкил медиҳанд, аммо забони давлатӣ дар ноҳия мақоми шоиста дорад. Коргузорӣ дар идораву муассисаҳои  давлатӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, ҳамаи роҳбарони идораву муассисаҳо забони давлатиро медонанд. Шиору овезаҳо дар ҳамаи идораву муассисаҳои ноҳия, новобаста аз шакли моликияташон бо забони давлатӣ навишта шудаанд.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол пайи ҳам ҷудо шудани квота барои 100 довталаб барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия барои таҳсил дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар имконият фароҳам овард, то норасоии мутахассисони зарурӣ дар соҳаҳои гуногун, ба мисли маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ  ва сохтмон пурра бартараф гардад. 

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив