ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОШТҚАЛЪА. ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ БАЗУДӢ СОҲИБИ ХОНАИ НАВ МЕШАВАНД

РОШТҚАЛЪА. ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ БАЗУДӢ СОҲИБИ ХОНАИ НАВ МЕШАВАНД

11 август 2023, Ҷумъа
17
0


Бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои хоҷагиҳои деҳаи Миденведи ноҳияи Роштқалъа, ки бар асари селфуроӣ ва обхезии шадиди тобистони имсол хонаву дар ва боғу роғашонро аз даст доданд, дар маҳали Анҷини ноҳия идома дошта, ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад.
–  Ҳар боре ба суръати сохтмони манзилҳои истиқоматие, ки бароямон дар яке аз маҳалҳои зеботарин  қомат меафрозанд, назар мекунем, қалбамон аз миннатдорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Сарвари оқилу ғамхори кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лабрез мегардад, – изҳор доштанд зарардидагони офати табиӣ, ки айни ҳол муваққатан барояшон дар истироҳатгоҳи «Шабдез»  шароити  зист муҳайё гардидааст.  
–  Ҳеҷ бовар надоштем, ки дар муддати камтар аз як моҳ ба хотири таъмини зарадидагон бо манзили истиқоматӣ ин қадар ҳаҷми зиёди корҳо анҷом дода мешаванд, вале суръати корро дида,  диламон пур шуд, ки пас аз чанде соҳиби сарпаноҳ мегардем. Дар истироҳатгоҳ   барои 40 нафар  зарардида ҷойи хоби тозаву барҳаво ва маводи ғизоӣ  ба таври  кофӣ таъмин аст, – изҳор дошт Малоҳат Лайлиева яке аз бесарпаноҳшудагон зимни суҳбат. Зикр шуд, ки аз рӯзҳои аввали ҳодисаи табиӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳҳои кории  Ҳукумати  мамлакат ба ҷойи ҳодиса омада,  вазъи ҳолро бо чашми худ диданд ва моро бовар кунонданд, ки  ҳалли мушкилотамон  таҳти назорати Сарвари давлат қарор дорад. 
“Мо шуморо бо мушкилотатон танҳо намегузорем, мо бо шумоем, шумо дар  фурсатҳои кӯтоҳтарин соҳиби  хонаву дари нав бо тамоми ҷиҳозаш мешавед”, – ин пайғоми  Ҷаноби Олиро   Сарвазири  мамлакат Қоҳир Расулзода дар он рӯзҳои душвор ба мо расонд, ки диламонро ба ояндаи нек пур намуд. Баъдан, ба ҳар як хонаводаи зарардида ёрии яквақтаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ супурда шуда, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия аз лаҳзаҳои аввал дар ҷойи ҳодиса қарор доштанд ва барои ба ҷойи бехавф кӯчондан ва бо сарпаноҳи муваққатӣ  ва ғизо таъмин намудани  зарардидагон тадбирҳои  мушаххас андешиданд. 
Раиси ноҳияи Роштқалъа  Аъзам Шоҳмирзозода иттилоъ дод, ки дар ҷараёни  корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ бо мусоидати роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва сафарбар намудани техникаҳои роҳсозии идораҳои гуногун дар муддати кӯтоҳ қитъаи  роҳи харобгашта аз сел тоза шуда,  иртиботи нақлиётӣ бо Ҷамоати деҳоти  Сежд ва водии  Ҷавшангоз аз нав  барқарор гардид. Азбаски бар асари сел ва зери об мондани замин дар масофаи  4-5 километр  хатҳои барқ низ  аз истифода баромада буданд, ширкати  “Помир энержи” тавонист, дар муддати кӯтоҳ интиқоли барқро ба  деҳоти болооби  Роштқалъа барқарор намояд. Аз 15 хонаводаи зарардида аз офати табиӣ манзилҳои истиқоматии қисман зарардида  таъмир шуда, сокинон ба манзилҳояшон  баргаштанд. Барои даҳ хонаводаи дигар, ки манзилҳои истиқоматиашонро пурра аз даст доданд, бунёди манзилҳои истиқоматӣ босуръат идома дошта, хонаҳо  дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода мешаванд. Дар бештар аз нисфи манзилҳои истиқоматӣ  корҳои сохтмонӣ ба охир расида, коргарон ба ороиш ва рангуборкунии дохили биноҳо машғуланд. Дар бунёди хонаҳои нав барои зарардидагон  раёсати минтақавии Хадамоти  гумрук, ширкати  «Помир энержи», филиали Бонки  миллии Тоҷикистон дар вилоят,  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт, Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа   пешсафанд.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Вазорати эенергетика ва захираҳои оби кишвар сарпарастии  ноҳияи Роштқалъаро бар  дӯш дошта, ширкати «Помир энержи»  тасмим гирифтааст, ки дар баробари бунёди  ду манзили нави истиқоматӣ сохтмони майдончаи варзишӣ ва чароғонкунии гирду атрофи манзилҳои навро анҷом медиҳад. Дар ободонии гирду атрофи маҳаллаи  навбунёд ва бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинони он бошад, Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ВМКБ  саҳм мегузоранд.

Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив